Мақолаҳо

ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА РУШДИ АРЗИШҲОИ МИЛЛИЮ ДИНӢ

Аз ин рӯ, истиқлолият бузургтарин неъмат, пурбаҳотарин сарват, олитарин дараҷаи бахту саодат аст. Бисёр шахсон ва ҳатто наслҳо барои хотири ин неъмати бузург саъю талош варзида, аммо ба орзуи худ нарасидаанд. Барои мо, тоҷикон, истиқлолият орзуи ҳамешагӣ ва натиҷаи муборизаи ҳазорсолаи тӯлонӣ буд ва мо имрӯз шукри беандоза мегӯем, ки ба орзуи бузургтарини миллӣ расида, соҳиби истиқлолияти давлатӣ гаштаем

ТАНҲО БО КУМАКИ ХУДОВАНД ШАХСИЯТҲОИ БУЗУРГ ҶОМЕАҲОРО ОСУДА НИГАҲ МЕДОРАНД

Мавзӯи шахсиятҳои фавқулода бузург ва саҳми онҳо дар рушди ҷомеаи инсонӣ аслан мавзӯи дерина барои пажӯҳишҳо ва ҷустуҷӯҳои фикрӣ ба шумор меравад. Нақши шахсияте, ки битавонад дар лаҳазоти ҳассосу пурфоҷиа ба арсаи таърих омада, ҷомеа ва давлатҳоро аз буҳрону ботлоқҳои иҷтимоӣ берун кашида, роҳи дурусти пешрафтро нишон диҳанд ва муваффақ гарданд, дар таърихи аксари давлатҳои имрӯза мутамаддин ба мушоҳида мерасад.

АМАЛҲОИ НЕКИ ЯК МУСУЛМОН (№2)

Зиёрати қабристон дар дини мубини ислом суннат ва амри ҷоизу мустаҳаб дониста мешавад. Зеро бо ин амал шахси мусулмон охират ва фавтиданро ба ёд меоварад ва аз анҷом додани корҳои бад, кирдори зишт ва суханҳои носазо худдорӣ мекунад. Дар ин мавзӯъ аз Пайғамбари ислом Муҳаммад (с) ҳадисҳое ривоят шудаанд, ки барои панду насиҳат ва дарси ибрат омӯхтан муфиданд.

ҚИССАИ БИЛҚИС – МАЛИКАИ САБО

Ҳазрати Сулаймон (а) мисли дигар пайғомбарони Худо дорои муъҷизоти хоси худ буда, саргузашти ӯ аз тамоми пайғомбарон фарқ мекунад. Масалан, Худованд ба пайғомбараш – Сулаймон (а) пайғомбарӣ ва подшоҳиро дар як вақт дода буд, ки ба ягон пайғомбари дигараш надода буд. Подшоҳии Ҳазрати Сулаймон (а) танҳо ба инсонҳо марбут ва мунҳасир набуда, балки тамоми махлуқот, аз ҷумла инс, ҷин (деву парӣ), паррандагону хазандагон ва чарандагону даррандагон ва ҳатто падидаҳои табии монанди боду вулқон (дар умум барру баҳр) низ зери фармон ва итоати ӯ буданд. Инчунин, Ҳазрати Сулаймон (а) забони тамоми махлуқотро низ медонист.

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ: НИШОНАҲО ВА ОМИЛҲОИ ПАЙДОИШИ ОН (дар мисоли як ҷамоати н. Шаҳринав)

Яке аз сокинони Ҷамоати деҳоти Чуст, ки тайи чанд соли умри худро дар маҳбасхона гузаронида, аз онҷо бо ақоиди ифротӣ ба зодгоҳаш баргашт, дар деҳа ячейкаи худро пинҳонӣ таъсис дода, хешовандону ҳамдеҳагонашро ба доми фиреби худ даровард ва ақидаҳои онҳоро заҳролуд кард.

БО ХИЗМАТҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ШИНОХТИ АСОЛАТИ МАЗҲАБӢ ДАСТ ЁФТЕМ

Беш аз 10 сол пеш вақте ки ӯ ҳамроҳи эрониён дар туннели Анзоб кор мекард, эрониён аз ӯ савол мекунанд, ки ту шиа ҳастӣ ё суннӣ. Ӯ чизе ҷавоб дода наметавонад ва мегӯяд, ки ҳамсояаам мулло ҳаст, аз ӯ пурсон мешавам, ва баъд омада ба шумо ҷавобашро мегӯям. Вақте ки ӯ ба хона бармегардад, аз падари худ ин суолро пурсон мешавад, ӯ низ фарзандашро ба сӯи ман тавсия медиҳад, ки ҷавоби ин саволро мулло медонад...

ПАЁМИ ФАРАҲМАНДКУНАНДА

Дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллатамон мо бояд дастовардҳоямонро ҳифз ва соҳаҳои гуногуни кишварамонро тибқи талаботи илму техника ва технологияи муосир густариш диҳем. Барои пиёда намудани ин  гуна ҳадафҳо кадрҳои саводноку сазовор амри зарурӣ мебошанд.

Страницы