Мазҳаб

«ГЕНЕРАЛИ МАРДУМӢ» АЗ «ДУРБИН»-И ИМОМХАТИБОН

Домуллову имомхатибони мӯҳтарами ватанӣ бар зидди Эшони Саид Қиёмиддини Ғозӣ-генерали мардумии майдони Шаҳидон дар соли 1991-92 шӯрида, дар сомонаи расмии Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати ҶТ (www.din.tj) ӯро ба мазҳабфурӯшӣ ва гаровидан ба шиа муттаҳам кардаанд. Воқеан ҳам мазҳабфурӯшӣ ва он ҳам гаравидан ба шиъаи имомӣ, ки ҳамеша чун экстремизми исломӣ маҳсуб мерафт, барои нафаре, ки даъвои эшонӣ ва генералӣ дошт, паёмади хуб ба ҷамъияти мо надорад. Мазҳаб нафурӯшед, беҳтарин мазҳаб аз мост. Мо Метавонем!

ДАРКИ МАСЪУЛИЯТ ХАБАРКАШӢ НЕСТ!

     Барои пешгирии ҳар гуна фитнаву ихтилофот ва кинаву бадбиниҳо мо набояд бетараф бошем. Агар дар масҷид, маҳалла, ҷойи кор ва кӯчаву бозорҳо касеро мушоҳида кунем, ки гуфтораш, рафтораш ё ки муомилааш шубҳанок аст, ё тарзи ибодаташ хилофи мазҳаби Имоми Аъзам аст,бояд зиракию ҳушёриро аз даст надода, пешгирӣ кунем, онҳоро насиҳат кунем ва ба онҳо роҳи ростро нишон диҳем

ҲУКМИ ИМОМИ АЪЗАМ ДАР МАВРИДИ ИХТИЛОФ ДАР ДИН

«Мо боре дар назди имом Абӯҳанифа нишаста будем. Як гурӯҳе ду нафарро (аз уламои дин) ба назди он кас оварданд  ва савол карданд: «Яке мегӯяд, ки Қуръон махлуқ аст ва  дигаре мегӯяд, ки Қуръон махлуқ нест. Бигӯ, эй имоми мусулмонон, кадоми аз онҳо рост мегӯянд  ва кадомиро мо итоат ва пайравӣ кунем». Имом Абӯҳанифа ҷавоб доданд: «Минбаъд аз паси ҳар дуи онҳо ҳаргиз намоз нагузоред». Онҳо пурсиданд: «Дар ҳақиқат, чунин ҳукми Шумо нисбати шахси аввал дуруст аст. Аммо чаро нисбати дувумӣ, ки ҳақ буд, чунин ҳукм раво шуд?»...

МАЗҲАБИ ИМОМИ АЪЗАМ-МАЗҲАБИ ТАҲАММУЛИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ

Асл ва бунёди таҳаммулпазирии мазҳаби Имоми Аъзамро эътиқоди саҳеҳ дар бораи асли тавҳид ташкил медиҳад ва  тибқи ақидаи Абуҳанифа он иборат аст аз  эътиқоди саҳеҳ ба Парвардигор, фариштаҳо, китобҳои осмонӣ ва ба рӯзи қиёмат. Ин пояҳо бешубҳа барои гуфтугӯи адён ва тамаддунҳо нақши аввалиндараҷаро мебозанд

МАЗҲАБИ МО –НАҶОТИ МО

Солҳои  охир  ҷаҳони  ислом  ғуттавари  воқеаҳое  гаштааст,  ки  ҳам  аз  назари  шариат  ва   ҳам аз дидгоҳи ақли  солим  қобили  қабул  нест.  Кас  наметавонад  бовар  кунад, ки  ин  ҳама  куштору  даҳшат  аз  рӯи  Қуръону  суннат  бошад. Имрӯз  дар  ҷомеаи  исломӣ  ҳар  гуна  ҳизбу  ҳаракатҳое  фаъолият  мекунанд,  ки  дар  байни  мусулмонон  тафриқа  эҷод  намуда,  боиси  парокандагӣ  ва қафомондагии  мусулмонон ва  дар  натиҷа  сар  задании  ихтилофоти мазҳабӣ мегарданд

ЯК ВАТАНИ МАҲБУБ ВА ЯК МАЗҲАБИ ХУБ ДОРЕМ...

Як чизро бояд дарк кард, ки  ҳодисаҳои рухдода дар давлатҳои Сурияву Ироқ ва Афғонистон  ба ҳама маълум аст. Ҷавононе, ки дар ҷангҳои давлатҳои мазкур иштирок доранд, тавассути ҳизбҳои тундраве  ба мисли ташкилоти ифротию ирҳобии ҲНИТ ҷалб шудаанд. Онҳо ҷавноне ҳастанд, ки маърифати илмию динӣ надоштанд, эҳтироми падару модар ва ҳисси ватандӯстиву миллии худро аз даст дода, ба доми фиреб афтода буданд.

МО ҲАНАФИЕМ!

Мақсади кулли ҳизбҳои сиёсии динӣ ин харобсозии  ҷаҳони ислом мебошад, ки намунаҳои онро мо дар тамоми давлатҳои мусалмоннишин мебинем. Мардуми кишвари мо дар давоми таърих пайрави мазҳаби  ҳанафӣ буданд, ки мазҳаби мӯътадил ва созанда мебошад.

Страницы