Ҷомеа

ЭҲТИЁТ ШАВЕД! ПЕШНИҲОДИ «ДӮСТӢ», БАҲСҲОИ МАЗҲАБӢ – НИШОНАИ АВВАЛИ ҶАЛБИ ҶАВОНОН БА ГУРӮҲҲОИ ИФРОТГАРО

  • Posted on: 6 June 2018
  • By: admin

Чанд моҳи охир паҳншавии маълумоти дурӯғ ва дастраси дигарон гардидани маълумоти шахсии корбарон дар Facebook ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ ба мавзӯи баҳси сиёсатмадорону таҳлилгарон ва коршиносон табдил ёфтааст.

ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ПОЯГУЗОРИ ТАМОМИ ТАШАББУСУ ИҚДОМҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР СОҲАИ ОБ

  • Posted on: 5 June 2018
  • By: admin

"Мо мардуми ташнаи об гумон доштем, ки мардуми тоҷик низ монанди мо аз камобию беобӣ дар азобанд, ки Сарвари давлати тоҷикон аз минбари баланди СММ масъалаҳои оби тоза ва ҳифзи манбаъҳои онро ба миён гузоштанд. Вақте ба Тоҷикистон омадаму рӯдҳову чашмаҳои мусаффоро дидам, кӯҳҳову кӯлҳои бешуморро дидам, боғу бӯстонҳо, неъматҳои фаровони аз замину об рӯидаро дидам, мардуми меҳнатдӯст, меҳмондӯсту меҳмоннавоз ва соҳиби дасту дили кушодро дидам, бемуҳобо худро дар биҳишти ҳақиқӣ ҳис кардам. Баъдан фаҳмидам, ки Шумо, Ҷаноби Олӣ, на танҳо ғаму дарди халқи худро мехӯред, балки бори ғаму дарди тамоми мардуми сайёраро бар дӯши худ доштаед.

МУҚОВИМАТИ УСТУВОР БА ТАҲДИДҲО – ОМИЛИ ТАҲКИМИ АМНИЯТ

  • Posted on: 30 May 2018
  • By: admin

Сиёсат ҳамчун соҳаи ҳаёти ҷомеа ва воситаи  ба амал баровардани манфиатҳои қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ ва самти фаъолият дар ҳар як давру замон бо усулҳои хос, бо ба инобат гирифтани хусусиятҳои давру замон ва макон, ки онро метавон ҳамчун фазои сиёсӣ маънидод намуд, амалӣ гашта, дар он риояи қонуниятҳои умумипазируфташуда ва дастовардҳои инсоният дар самти осон намудани раванди идоракунӣ пурра ба инобат гирифта мешаванд.

МАҒЗШӮИИ ТОЛИБИЛМОНИ ТОҶИК ДАР ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ЭРОН

  • Posted on: 28 May 2018
  • By: admin

Ҳукумати ҶИЭ соли 1991 аввалин шуда, истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пазируфт ва тоҷикистониён ин иқдоми ҶИЭ-ро бо қалби поку пиндори нек пазируфтанд ва ба таъсис додани сафорати ҶИЭ дар Тоҷикистон шароити мусоид фароҳам оварданд. Аммо баъдтар маълум шуд, ки ин муносибати ба ном «дӯстона»-и ҶИЭ ба «бародарон»-и тоҷикаш нияту ҳадафҳои муғризона доштааст.

БА ИНСОН АРҶ ГУЗОРЕМ

  • Posted on: 24 May 2018
  • By: admin

Бо назардошти он ки ин  суханронӣ дар арафаи моҳи шарифи Рамазон доир гардид, Пешвои миллат асоси ҳикмати маънавии ин моҳро «ғолибияти ақл бар нафс» маънидод карданд, ки комилан дуруст буда, аз ҳикматҳои беш аз ҳазорсолаи инсон  ва таълимоти дини мубини ислом, ки «нафс таҳриккунанда ба сӯи бадиҳост» - мегӯяд, сарчашма мегирад. Дар ин бора Мавлоно мегӯяд:
Ҷумла Қуръон шарҳи хубси нафсҳост,
Бингар андар  мусҳаф, он чашмат куҷост?

ҲАДАФ - ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ (дар ҳошияи мулоқоти Пешвои миллат бо намояндагони ҷомеаи кишвар)

  • Posted on: 22 May 2018
  • By: admin

Дар масъалаи ҳаҷҷи такрорӣ низ ба суханони Пешвои миллат бояд таваҷҷуҳ кард. Дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон ҳар шахси солимфикр бояд ба он андеша бошад, ки чӣ гуна роҳҳои муносибтари дарёфти хайру савобро пайдо кунад ва агар маблағи ҳаҷҷи такрорӣ ба мақсади ободонӣ сарф шавад, беҳтарин кору амали савоб хоҳад буд.

ХУШУНАТ БА ЗАН ҶИНОЯТ АСТ

  • Posted on: 4 May 2018
  • By: admin

Дар фарҳанги оиладории  миллати тоҷик тарбияи фарзандон ва хушбахт будани онҳо  меҳвари асосоии оила ҳисобида мешавад ва масъулияти аввалиндараҷаи волидайн дурусту баркамол ба воя расонидани фарзандон мебошад. Барои хушбахтии фарзандон заҳмати волидон дар ҷои аввал меистад.

Страницы