Андеша

ПАЁМИ ТЕЛЕВИЗИОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

  • Posted on: 20 August 2018
  • By: admin

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шумо ва кулли ҳамватанони бурунмарзиамонро ба муносибати иди Қурбон, ки аз ҷумлаи суннатҳои неку писандидаи дини мубини ислом буда, пагоҳ фаро мерасад, самимона табрик мегӯям.

ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ ИДИ ФИТР

  • Posted on: 14 June 2018
  • By: admin

Моҳи Рамазон ва иди Фитр барои мардуми мусулмони мо аз ҷумлаи суннатҳои муқаддаси динӣ мебошанд, зеро онҳо таҷассумгари беҳтарин арзишҳои инсонӣ — аъмоли хайру созанда, сабру таҳаммул, раҳму шафқат, поси хотири гузаштагон ва некиву накӯкорӣ шуморида мешаванд.

ОҒОЗИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР ИНШООТИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН

  • Posted on: 30 May 2018
  • By: admin

Иншооти нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон барои 1500 донишҷӯ дар як баст пешбинӣ гардида, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат  бо харҷи 136 миллион сомонӣ дар майдони қариб 3 гектар бунёд карда мешавад.

СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ДАР МАВЗӮИ “МУҚОВИМАТ БО ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОИИ ХУШУНАТОМЕЗ”

  • Posted on: 4 May 2018
  • By: admin

Имрӯзҳо дар гӯшаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар одамон гирифтори хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳо гардидаанд ва зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷеабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор меорад.

САЛАФИЯ САБАБИ ИХТИЛОФ АСТ

  • Posted on: 24 April 2018
  • By: admin

Омилҳои шомилшави ҷавонон ба равияи “салафия” асосан аз ҷониби пешвоён ва пайравони ин ҷараён бо тариқи таблиғ ва тарғиб ба вуҷуд меояд.  Мубаллиғони салафия аз шабакаҳои интернетӣ истифода бурда, андешаҳои иртиҷоии худро бо роҳи додани дарсу таълим пањн мекунанд. Дар љањони интернет шабакањои тарғиботии салафигарӣ бо забони тоҷикӣ ҳам зиёданд, ки дар онҳо шахсони муайян таблиғоту тадрисро ба роҳ мондаанд.

“ПОБАРҶО ВА УСТУВОР БИИСТЕМ!”

  • Posted on: 19 April 2018
  • By: admin

Тоҷикон, замоне ки дар муқобили таҳоҷуми бегонагон истодагарӣ мекарданд, аҳолии дигар мамлакатҳои аз ҷониби арабҳо фатҳшуда, ба монанди Байнаннаҳрайн, Шом, Фаластин, Миср ва Шимоли Африқо дар муқобили забони арабӣ забони худро тадриҷан  аз даст доданд. Вале гузаштагони мо баъд аз он ки ба тобеияти арабҳо даромада буданд, забони худро ҳифз карданд  ва дар амон нигоҳ доштанд. Ҳатто, ҳамчунон ки таърих гувоҳӣ медиҳад, мардуми Бухоро ҷиҳати ҳифзи забон ва алоқае, ки ба забони модариашон доштанд, дар оғози ғалабаи ислом бо ин шарт ин динро қабул карданд, ки  дар намоз «Қуръон» — ро ба тоҷикӣ бихонанд!

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСРЕМИЗМИ ДИНӢ - МУШКИЛОТИ БАШАРИЯТ ВА ВАБОИ ИСЛОМУ МУСАЛМОНОН

  • Posted on: 10 April 2018
  • By: admin

Терроризм агарчи истилоҳи куҳан буда ва хислати таърихӣ дорад, вале гурӯҳу созмонҳои террористӣ тайи даҳсолаҳои охир бо нуфузи бештар аз худ дарак дода, барои аҳолии осоиштаи сайёра яке аз мушкилоти глобалӣ  ва доғи рӯз ҳисобида мешаванд. 

Страницы