БАШАРДӮСТӢ ДАР ТАЪЛИМОТИ ИСЛОМ

  • Posted on: 19 December 2017
  • By: admin

Муҳити динии имрӯзаи аксари мамолики исломиро дар умум муҳити хушунатзою таассубангез, ҷаҳолатпешаю хурофотӣ ва авҷ гирифтани раванди тундгароию ифротӣ номидан мумкин аст, ки чунин муҳит ҳеҷ як мусулмони солимфикрро бетараф гузошта наметавонад. Яъне, мутаассифона имрӯз душманони хориҷӣ ва дохилии исломро то андозае муяссар гардидааст, ки дини исломро ба ҷаҳониён чун дини дар моҳияти худ пурихтилоф, моҷароҷӯ, ба фарҳанг ва тамаддуни умумибашарӣ зид ва дар умум як таълимоти зиддибашарие, ки ба он ғояи пешрафти иҷтимоӣ бегона бошад, муаррифӣ намоянд.

БА КАБИРӢ ПЕШНҲОД КАРДА БУДАНД, КИ БАРОИ ҲАҚИҚАТ ВА ТАНТАНАИ АДОЛАТ АЗ ҲИЗБ ДАСТ КАШЕД...

  • Posted on: 19 December 2017
  • By: admin

Ба Кабирӣ пешниҳод намуда буданд, ки барои оромии кишвар ва барои тантанаи ҳақиқат, аз фитнаи ҳизббозиву ҳизбгароӣ, ки худ аз назари шариат амали номақбул аст, даст кашед ва он дастурхоне, ки Абдуллоҳи Нурӣ андохта буд, шумо онро ғун кунед ва ин ҳизби ба ном исломиро пароканда ва фаъолияташро боз доред ва ба ислом холисона хизмат намоед...

МУБОРИЗАИ МУШТАРАК – РОҲИ АСОСИИ ТАЪМИНИ ОСОИШТАГӢ

  • Posted on: 19 December 2017
  • By: admin

Шукрона аз он намудам, ки имрӯз кишвари соҳибистиқлоли мо бо кишварҳои бо мо дӯст бар зидди ҷараёну ҳаракатҳои терористию экстремистӣ муборизаи муштарак бурда истодаанд, ки ин омил дар таъмини сулҳу осоиштагии кишварҳои таъсири мусбат хоҳад гузошт.

ТАМОЮЛОТ ВА ОМИЛҲОИ РУШДИ ИФРОТГАРОӢ ВА ТУНДГАРОИИ ҶАВОНОН ДАР ШАРОИТИ РУШДИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИТТИЛООТИЮ КОМПЮТЕРӢ

  • Posted on: 19 December 2017
  • By: admin

Аён аст, ки ҷаҳонишавии муҳити иттилоотию коммуникатсионӣ дар аксари маврид барои ифротгароӣ садди роҳ намешавад, балки дар бисёри ҳолатҳо ба муҳайё шудани шароит ҷиҳати тавсеаи ҷараёнҳои экстремистӣ мусоидат мекунад.  

ТАБЛИҒИ ИФРОТГАРОӢ ДАР ИНТЕРНЕТ ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ОН

  • Posted on: 19 December 2017
  • By: admin

Таҳлили коршиносон ва натиҷаҳои пурсишҳои афкори омма собит намуданд, ки солҳои охир интернет дар баррасии мавзӯъҳои динӣ таъсири бештар дорад. Агар дар соли 2009 – ум 49,3 % пурсидашудагон ишора карда бошанд, ки ба саволҳои динӣ аз рӯҳониёни маъруф ва имомхатибон посух мегиранд, пас  дар соли 2016 шумораи онҳо то 9,7 % коҳиш ёфт,  вале теъдоди ашхосе, ки дар ин масъала ба интернет такя мекунанд, ба 42,9 % расид.

МУЛОҚОТИ ПАНҶСОАТАИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА БО МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК ДАР САНКТ ПЕТЕРБУРГ

  • Posted on: 19 December 2017
  • By: admin

18-уми декабр дар маркази савдои «Садовый»-и шаҳри Санкт Петербург мулоқоти Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода ва ҳайати ҳамроҳони ӯ бо беш аз 500 муҳоҷири тоҷик, ки дар ин шаҳр фаъолият мекунанд, баргузор гардид. Дар ин мулоқот, ки ҳудуди 5 соат идома дошт, Саидмукаррам Абдуқодирзода доир ба муҳимтарин масоили муҳими ҷомеа суханронӣ намуд.

НОГУЗИР ҲАР ЯК ДУШМАНИ МИЛЛАТИ ТОҶИК МАҲВ МЕШАВАД!

  • Posted on: 19 December 2017
  • By: admin

Беҳуда нест, ки дар зарбулмасали арабӣ омадааст: «Набҳул килоб ло язуру ила саҳоб» (аккосзании саг ба абр бетаъсир аст). Ба ҳамин маъно дар зарбулмасали русӣ омадааст: «Собака лайет, корован идёт» (Саг аккос мезанад, вале корвон  роҳи хешро идома хоҳад дод).

Страницы