ҲУШЁР БОШЕМ...

  • Posted on: 8 December 2017
  • By: admin

Оё шумо фикр кардед, ки ҳар рӯз аҳли оилаи  моён, чӣ бобову модаркалонҳо, падарону модарон, фарзандону наберагон, хуллас хурду калон  аз хонаҳои худ, ба суи коргоҳу мактаб, боғчаву бозору кӯча мебароем? Оё шумо фикр кардед, ки ҳар яки онҳо дар давоми рӯз дар ҷойҳои кору дарси худ дар кадом аҳволанд? Оё дар бораи модар ё ҳамсароне, ки гоҳо танҳо дар хона мемонанд, шумо фикр мекунед, яъне шумо аз онҳо хавотирӣ мекашед?

ХИЁНАТ ГУНОҲИ НОБАХШИДАНИСТ!

  • Posted on: 8 December 2017
  • By: admin

Дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол иддае аз ноҷавонмардон пайдо гардидаанд, ки бо мақсади ба даст овардани маблағи муфт ва бо ин васила гумроҳсозии ҷомеа бо сарпарастиву пуштибонии хоҷагони хориҷӣ даст ба чунин амалҳои разилона зада, мехоҳанд ба рушди босуботи кишвар рахна эҷод созанд. Аз қабили чунин пастфитратон роҳбарият, аъзо ва пайравону ҷонибдорони ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон маҳсуб меёбанд. Маҳз корбурд ва фаъолияти пасипардагии ин ноҷавонмарон бо сӯистифода аз номи дини мубини ислом сурат гирифта, натиҷаи он аз бадномкунии ин дини муборак дигар чизе нест.

ЧУ УЗВЕ БА ДАРД ОВАРАД РЎЗГОР…

  • Posted on: 8 December 2017
  • By: admin

Таъкидҳои пайваста, ҷаҳду талош, дурандешию муносибатҳои дипломатии Пешвои миллат Ватанро аз фаношавӣ наҷот додаву ба роҳи рушду саодат ҳидоят кард. Ба аҳли мулку миллат андарзе гуфт, ки он абадуддаҳр ҳамчун панди раҳнамо дар ҳар гардиши зиндагӣ моро ҳушдор медиҳад, ки: «Мо агар гузаштаи рангину сангин, ғамгину дар ниҳоят босаодати хешро наомӯзем, аз он панд нагирем,  ҳеҷ гоҳ ояндаи босуботи хешро бунёд карда наметавонем».

ДӮСТОНРО БОЯД ШИНОХТ!

  • Posted on: 8 December 2017
  • By: admin

Пас мо дар пайравӣ аз тамоми мардуми Тоҷикистон амалҳои номатлуби ТЭТ ҲНИТ – ро маҳкум карда, аз тамоми давлатҳое, ки ин гурӯҳи манфурро дастгирӣ мекунанд, гуфтанием, ки эҳтироми тоҷиконро бо ҷой оред ва ин хоинони давлати моро  ба Тоҷикистон истирдод намоед.

Заволи “Хилофати исломӣ” ва паёмадҳои он

  • Posted on: 7 December 2017
  • By: admin

Дар натиҷаи қатлу куштори ин террористони исломбехабари салафии зархарид аз моҳи марти 2011 то ба имрӯз зиёда аз 350 ҳазор нафар аҳолии осоиштаи  Сурия  ба қатл расида, зиёда аз  4 миллиони он тарки ватан намуданд. Дар асоси наворҳои ба дастомада ҷангҷӯёни «Давлати исломӣ» 5000 нафарро сар буридаанд. Ҳазорҳо биноҳои маишию маданӣ, осорҳои таърихӣ, масҷидҳо хароб гаштаанд.

МАЗАММАТИ ФАЪОЛИЯТИ ҲАРАКАТҲОИ ИФРОТӢ

  • Posted on: 7 December 2017
  • By: admin

Чанд сол қабл пайравони салафия, ки аз асли мазҳаб огоҳ набуда, ба гуфтаҳои пешвоёни худ кӯр-кӯрона тақлид мекарданд, дар масҷиду маҳфилҳо худро аз ҷомеа ҷудо карда, ихтилоф эҷод намуданд, ходимони дин ва китобҳои муътабари мо-Чаҳоркитоб, Мухтасару-л-виқоя ва ғайра, ҳатто тарзи намозхонии моро мавриди интиқод қарор дода, худро аз дигарон авлотар медонистанд. Дар натиҷа кор то ҷое расид, ки мардум якдигарро дашному таҳқир менамуданд.

Андешаҳо перомуни мақолаи «Кабирӣ шаҳрвандони Тоҷикистонро фирефта карда, барои ҷангидан ба Сурия мефиристад»

  • Posted on: 7 December 2017
  • By: admin

Тавре маълум гардид, усули ба хоини миллату давлат табдил додани ҷавонон аз тарафи ТЭТ «ҲИТН» усули бағоят маккорона будааст, ки онҳо дар аввал аз номи Худову Расулаш (с) сӯистифода намуда, ҷавононро ба доми фиреби хоинонаи худ шомил мегардонанд ва  баъдан бераҳмона барои ба даст овардани пули ҳаром истифода менамоянд.

Страницы