БАДХОҲИ КАСОН ҲЕҶ БА МАҚСАД НАРАСАД...

  • Posted on: 19 December 2017
  • By: admin

Сайид Абдуллоҳи Нурӣ таъкид менамояд, ки гӯё агар онҳо бо бародарони хеш ҷангида муборизаи беамон баранд, фариштаву малоикаҳои илоҳӣ аз осмон нузул карда, дар қатори онҳо ва ба манфиати онҳо меҷангида бошанд. Аҷабо, чи суханони аблаҳона ва аҳмақона… ҳол он ки фариштагони илоҳӣ нафс надоранд ва онҳо низ махлуқи Худованд буда мисли Нуриву Кабириву дигар ҳаммаслаконаш барои ба даст овардани мансабу дунёву сарват ҳарис нестанд ва шабу рӯз дар тоату ибодати Холиқ мебошанд.

МУЛОҚОТҲОИ РАИСИ ШӮРОИ УЛАМО БО ДОНИШҶӮЁН ВА МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК ДАР МАСКАВ

  • Posted on: 18 December 2017
  • By: admin

Эҳсос мегардид, ки чунин вохӯриву суҳбатҳо бо муҳоҷирони тоҷик зарур ва муфид мебошад ва зимнан, муҳоҷирони тоҷик низ хоҳиш намуданд, ки чунин мулоқотҳо ҳарчи бештар роҳандозӣ карда шавад.

МУЛОҚОТИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА БО МУФТИИ РУСИЯ ВА МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТИИ ТОҶИК

  • Posted on: 15 December 2017
  • By: admin

Имрӯз 15-уми декабр дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия мулоқоти Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода бо муфтии мусулмонони Русия Равил Гайниддин баргузор шуд. Дар мулоқот ҷонибҳо аз сатҳи кунуни муносиботи дӯстонаи миёни Тоҷикистону Русия ва ҳамкориҳои байни Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ва Идораи мусулмонҳои Русия изҳори қаноатманӣ намуда, ҳавасмандии худро барои рушди ҳамкориҳои минбаъда баён доштанд.

ҲНИТ: АЗ ПАЙДОИШ ДАР ТОҶИКИСТОН ТО ҒУЛОМИИ ХОҶАГОН

  • Posted on: 14 December 2017
  • By: admin

Ба мардум гуфта мешуд, агар ҳар кас ба майдон набарояд, кофир мешавад. Одамони гумроҳ шабу рӯз дар майдонҳо иқомат намуда, шиорҳои сиёсиро тӯтивор такрор мекарданд. Дар шаҳри Қӯрғонтеппа ва ноҳияҳои атрофи он масҷидҳо ба тоҷикиву ӯзбекӣ ҷудо карда шуда, мардум паси сангарҳо қарор гирифтанд ва ниҳоят хуни аввалин бегуноҳон рехта шуд.

БА ХОТИРИ “ҚАҲРАМОНӢ” ДАР НАЗДИ ХОҶАГОН СУБОТИ МИЛЛИРО БАРҲАМ ЗАДАНИЯНД...

  • Posted on: 14 December 2017
  • By: admin

Рӯзҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳое пахш мешаванд, ки аз тамошои он кас ангушти ҳайрат мегазад. Наход, бародар бародари худро ваҳшиёна ба қатл расонад, бародар бародари худро оташ занад, ки ин дар ҳеҷ давру замон аз тарафи мо тоҷикон сар назада буд. Маълум мегардад, ки Нуриву пайравонаш хиёнат ба ватан ва  миллати худро  раво диданду ниқоби Исломро ба худ пӯшида, худро бо гуфторҳои мафтункунанда “ходими дин” тарошиданд.

“ДИЛ ҶУДОЮ ЗАБОН ҶУДО БОШАД...”

  • Posted on: 14 December 2017
  • By: admin

Зимнан, байти машҳури зер ба ёд меояд, ки метавон онро ба фаъолиятҳои пасипардагии роҳбарони ТЭТ ҲНИТ нисбат дод:

Дил ҷудою забон ҷудо бошад,

З-ӯ куҷо тоати Худо бошад?...

АНДЕШАҲО ПЕРОМУНИ МУСОҲИБАИ «МУҲОФИЗИ СИЁСӢ»

  • Posted on: 14 December 2017
  • By: admin

Онҳо ният доштанд, чанд гурӯҳи мусаллаҳи дигарро ба кор баранд. Гумон карданд, ки мардуми шарифи тоҷик ҳамроҳи онҳо қиём намуда, алайҳи ватану миллати худ бармехезад. Роҳбарияти ТЭТ «ҲНИТ» ҳамаро мисли худ пиндоштанд, яъне хоин, ватанфурӯш ва мунофиқ.

Страницы