“МУСОҲИБАРО ХОНДАМУ ҶАНГИ ЭРОНУ ИРОҚ ПЕШИ НАЗАРАМ ОМАД...”

  • Posted on: 14 December 2017
  • By: admin

Мусоҳибаи қумандони собиқ ва муҳофизи шахсии Сайид Абдуллоҳи Нуриро хонда, яке аз сабабҳои сар задании ҷанги Эрону Ироқ пеши назарам ҷилвагар шуд. Зеро банда шоҳиди саршавии  ҷанги Эрону Ироқ дар моҳи августи 1980 ва шоҳиди оташбаси моҳи августи соли1988 мебошам.

ВАТАН ВА ДИН

  • Posted on: 14 December 2017
  • By: admin

Яъне аз тафсири ин ояти қуръонӣ чунин маъно бармеояд, ки чи гунае ки мо барои ҳифзи намозу рӯза талош ва кӯшиш мекунем, барои хифзи ватан чунин корҳоро бояд кард, ё ба монанди ин ки аз душмани дин чи қадаре ҳарос дорем, барои он ки касди аз байн бурдани динамонро доранд, бо ӯ дӯстӣ намекунем. Ба хамин монанд Худованд моро амр кардааст, ки бо касоне, ки душманӣ ба хоки ватан доранд, дӯстӣ накунем. Аммо ба косоне, ки нисбат ба дин ва ватанамон касди душманӣ ва хиёнатро надорад, метавонем робита дошта бошем, агарчи шаҳрванди ҳар кишваре бошад ва ё пайрави ҳар дине.

ҲНИТ аз ДИИШ камӣ надорад

  • Posted on: 14 December 2017
  • By: admin

Аз ҳама таассуфовару ғамангез он аст, ки дар ин навор аз ҷониби шахси “рӯҳонӣ”, роҳбари ҳизби ба ном “исломӣ” суханҳои ифротии даъваткунанда ба хушунату одамкушӣ ва бераҳмӣ нисбати бародарону ҳамватанони муъмину мусалмони хеш аст садо медиҳад. Инчунин ин навор баён менамояд, ки сардорони ин ҳодисаҳои нохуш барои ба ҳадаф расидан ва татбиқи ғаразҳои нопоки хеш аз ояҳои муборакаи Қуръон аз аҳодиси набавӣ сӯистифода кардаанд.

ПУШТИБОНӢ. “Сиёсати имрӯзи кишвар ҳатто чашми ноболиғонро ба сӯйи фардо боз намудааст. Чӣ расад ба мардуми ғамдидаву талхии солҳои 90-умро чашида”

  • Posted on: 14 December 2017
  • By: admin

Нақлҳои Ҳаким Қаландаров хонандаро водор месозад, ки аз беадолатӣ ва рафтори разилонаи роҳбарияти ташкилоти экстремистию террористии ҲНИТ нисбат ба халқу ватани хеш ва он ҳам бо дахолати хоҷагони хориҷӣ хулосабардорӣ намояд.

БАС АСТ, ДАСИСАҲОИ ИБЛИСОНА!

  • Posted on: 14 December 2017
  • By: admin

Негматов Баҳрулло қаблан ду маротиба ҳабс шуда бошад ҳам, ин барои ӯ ибрат нашудааст Ин дафъа бошад, ӯ  якҷоя бо Муҳаммад Абдӣ Аҳмадалӣ ном шаҳрванди Ҷумҳурии исломии Эрон ба ҷинояти вазнин, ки ба ҳаёти осоиштаи сокинони ин кишвар хатарнок аст,  яъне нигоҳ доштани силоҳи оташфишон даст задааст, ки дар натиҷа аз тарафи кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумхурии Тоҷикистон боздошт гардидааст. Як савол зеҳни моро ба худ чалб мекунад, ки пинҳон кардани силоҳи оташфишон, он хам бошад бо шаҳрванд Ҷумҳурии исломии Эрон бо чи мақсад анҷом дода шудааст?

ДИНДОРОН ФИРЕБГАР НЕСТАНД, БАЛКИ ФИРЕБГАРОН НИҚОБИ ДИНДОРӢ ПӮШИДААНД!

  • Posted on: 14 December 2017
  • By: admin

Вақте аз ҳафтаномаи Фараж мақолаи “МУҲОФИЗИ АСОСӢ: аз қумандонӣ ба ободгарӣ. Сӯҳбат бо собиқ қумондон Ҳаким Қаландаров”-ро хондам, бори дигар яқин кардам, ки мардуми бофарҳанги тоҷик дӯстро аз душман ҷудо карда метавонанд ва дигар касе наметавонад ки ин мардуми сарбаландро фиреб кунад. На Кабирӣ, бо хоҷагони хориҷиаш ва на бо истифодаи номи ислом.

МАВҶУДИЯТИ ҶАҲОЛАТУ ТААССУБ МЕТАВОНАД БОИСИ ИЗТИРОБ ВА ТАҲДИДИ ХАТАР БОШАД. РОҲИ РАҲОӢ АЗ ОН КАДОМ АСТ?

  • Posted on: 14 December 2017
  • By: admin

Таассуби кӯр-кӯронаи гурӯҳе аз аҳли ҷомеаи кишварҳои ҷангзада, аз ҷумла, Либия, Сурия, Ироқ, Яман ва амсоли онҳо боис гардид, ки дар натиҷаи фаъолияти қудратҳо ва гурўҳҳои манфиатдор бо истифода аз аҳкоми дин марзу буми осоиштаи онҳо гирифтори буҳрони ҷиддӣ гардад ва онҳо теша ба решаи таъриху фарҳанги куҳани хеш зананд. Ин ҳолат ба он оварда расонд, ки мардуми кишварҳои зикршуда аз ҳувияти миллии худ торафт дур мешаванд ва тақдири ояндаи худро ба дасти хоҷагони пасипардагӣ супоридаанд. Бар замми ин, мероси миллии гузаштагонашонро бо дасти худ хароб менамоянд.

Страницы