ИСЛОМ СУИИСТИФОДА МЕШАВАД!

  • Posted on: 25 January 2019
  • By: admin

Бигзор ҳамагон бидонанд, ки дини ислом василае байни Худову бандааш мебошад, на равише баҳри вайронии ҷомеа ва ба даст овардани дунёи фонӣ. Агар мо тавонем, ки ҳақиқатро ба ҳамагон расонем, ҷавонони тоҷик дигар ба Ироқу Сурия намераванд, занони ҷангиёни кушташуда мавриди истифодаи дигар террористон қарор намегиранд, фарзандони онҳо зери танку тӯп намемонанд.

ИФРОТГАРОЁН БО ҲУВИЯТ ВА АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ ДАР СИТЕЗАНД

  • Posted on: 25 January 2019
  • By: admin

Дарвоқеъ, бо дасисаву моҷароҷӯӣ, амалҳои ҷинояткорона, сангар гирифтан алайҳи манофеи давлату душманӣ бо халқ ва он ҳам дар ҷаҳони ҳассоси имрӯза наметавонад бори масъулияти «мухолиф» буданро бикашад. Зеро ба таъбири сиёсатшиносон «мухолиф он қувваҳои солимеро меноманд, ки дар рушди риштаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангии ҷомеа ширкат меварзанд». Аз ҳамин нуқтаи назар метавон гуфт, ки наҳзатиҳо дар ягон давра, неруи мухолиф набуданд, ба ҷуз гурӯҳи ҷинояткору бадкеше, ки аз бунёд зидди арзишҳои миллӣ амал мекунанд.

ПЕШВОИ МИЛЛАТ НАМУНАИ ОЛИИ ИБРАТ

  • Posted on: 25 January 2019
  • By: admin

Воқеан, ҳангоме ки Пешвои миллат сари ятимонро сила мекарданд, дурахши ситораи меҳру муҳаббат дар чашмони кӯдакон дучанд мегардид ва туҳфаҳои Ҷаноби Олиро бо иродат мепазируфтанд. Кас аз дидани чунин манзара ба андеша фурӯ меравад ва байт вирди забон мегардад: 
Ҳар шаб зи худат бипурс, агар ту мардӣ, 
К-имрӯз чӣ хидмате ба мардум кардӣ?!

ОЗМУНИ ДАСТАРХОНОРОӢ-АРҶГУЗОРӢ БА АНЪАНАҲОИ МИЛЛИВУ МАЗҲАБӢ

  • Posted on: 25 January 2019
  • By: admin

Ахиран, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии “Дастархонороӣ”-ро эълон намуд, ки тасмими қобили қабул буда, дар роҳи ошноии бештар пайдо намудани мардуми як минтақаи кишвар аз фарҳанги таомпазӣ ва дастархонороии минтақаи дигар ва дар маҷмӯъ, як навъ қаробати фарҳангӣ мусоидат хоҳад кард.

РОҲНАМОЕ БА ФАРДОИ ДУРАХШОН

  • Posted on: 25 January 2019
  • By: admin

Дар маҷмӯъ, ҳар як банди Паёми Пешвои миллати мо ба фардони дурахшони давлату миллат нигаронида шуда буд.Аз ин рӯ, ҳар як фардро зарур аст, ки бо дастгирӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ҷиҳати амалисозии ҳадафҳои созандаву бунёдкоронаи роҳбарияти олии кишвар саҳми арзандаи худро гузоранд.

ҚОНУНИ МИЛЛӢ.МАНФИАТИ МАРДУМ ДАР МАДДИ АВВАЛ

  • Posted on: 25 January 2019
  • By: admin

Сарфаю сариштакорӣ, аз харҷи беҳудаю бемавқеъ даст кашидан аз мавзӯъҳои муҳими ҷомеа ба шумор меравад. Дар ин замина, риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо ибтикори  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои-миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон таҳия ва қабул шуд, ба беҳтар гардидани вазъи зиндагии оилаҳо ва беҳрӯзии ҳаёти мардум таъсири мусбати худро расонд.

ТЭТ ҲНИ БАРОИ МАНФИАТ БОСМАЧИГАРИРО ЭҲЁ КАРДАНИСТ

  • Posted on: 24 January 2019
  • By: admin

Дар ҳар давру замон тоифае вуҷуд дорад, ки салоҳи ҷомеаро намехоҳад ва баҳри расидан ба манфиатҳои худ аз ҳар васила истифода мекунад. Агар мо ба таърихи ислом рӯ оварем, мебинем, ки таърих гувоҳи садҳо тафриқа, иғво, гурӯҳбозӣ, паймоншиканӣ, рехтани хуни ноҳақ ва вайрониву нобудии кишварҳо ва ҳатто тамаддунҳо мебошад.

Страницы