РӮЗАИ МУСУЛМОНӢ

  • Posted on: 28 May 2018
  • By: admin

Бузургтарин   ҳикмати   рӯза  дар  моҳи  шарифи  рамазон  ин  аз  ғайбату  дуруғгӯӣ,  фаҳшгӯӣ,  ҷангу    ҷидол ва  дашном   дур будан аст. Зеро   Пайғомбари  ислом  (с) дар   ҳадисе  мефармояд: яъне  бисёр  рӯзадоре  аст, ки  аз  рӯзаи  худ  ҷуз  гуруснагӣ фоидае  ба  даст  намеорад.

“КОРИ ХУД КУН, КОРИ БЕГОНА МАКУН!”. ИЗҲОРОТИ КОРМАНДОНИ СОҲА ВА ХОДИМОНИ ДИНИ ШАҲРИ ИСТИҚЛОЛ

  • Posted on: 28 May 2018
  • By: admin

Он афроде, ки ба куштори олимону зиёиёни кишвари мо даст доштанд, таълимоти диниро низ дар ин кишвар гирифта буданд. Ба ҳамин хотир, бояд падару модарон, ки фарзандашон дар ин кишвар таҳсил мекунанд, ҷиҳати баргардонидани онҳо кӯшиш намоянд. Ҳоло ҳам дер нашудааст. Дар маконе, ки некбинӣ вуҷуд надорад ва эҳтиром ба муқаддасоти миллати дигар нест, таълимоти неку ояндадорро интизор будан номумкин аст.

ДАР РОҲИ КУМАК БА НИЁЗМАНДОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БОШЕМ

  • Posted on: 28 May 2018
  • By: admin

Дастуру ҳидоятҳое, ки Пешвои миллат дар ин мулоқоти худ ироа доштанд, ҳама баргирифта аз сарчашмаҳои шаръи шариф, хоссатан мазҳаби ҳанафӣ мебошад, ки пайравӣ ва амал кардан ба он қарзи имониву инсонии ҳар як мусулмони комил аст. Зеро мо бояд, ки дар ин моҳ дари хайру саховатро ба рӯи ятимон, бечорагону муҳтоҷон бикшоем.

МАВЗӮИ БАҲСИ СЕМИНАР-МАШВАРАТ: АЗ ВНМО ТО ҲИФЗИ МАЗҲАБ

  • Posted on: 25 May 2018
  • By: admin

24-уми май дар толори Кохи маърифати шаҳри Ваҳдат бо иштироки котиби илмии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳрамбек Маҳрамбеков, мутахассиси Раёсати фатвои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмуд Сангалиев, 14 нафар мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, сармутахассисони ҷамоати шаҳраку деҳот ва беш аз 150 нафар имохатибон ва имомони масҷидҳои панҷвақтаи шаҳр семинар-машварати омӯзишӣ баргузор гардид.

РАДИКАЛИЗМ – РОҲ БА СЎЙИ ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ

  • Posted on: 24 May 2018
  • By: admin

Доманаи фаъолияти созмонҳои террористӣ торафт васеъ шуда, аз ҷумла дар ҳамсоякишвари мо – Афғонистон вазъиятро боз ҳам мураккабтар гардонидааст. Ин ҷо беихтиёр саволе ба миён меояд, ки чаро Пешвои миллати тоҷикон оид ба вазъи геополитикии ҷаҳони муосир бо таваҷуҳу нигаронӣ сухан гуфта, ҳушдор дод, ки вазъияти баамаломада дар минтақаҳои гуногуни олам метавонад ба оромию осоиштагии рўзгори мардуми мо ҳам таъсири манфӣ расонад.

ПЕШГӮИҲОИ УЛАМОИ МАЗҲАБӢ ДАР МАВРИДИ ФАСОДКОРИҲОИ ТЭТ ҲНИТ

  • Posted on: 24 May 2018
  • By: admin

Яке аз ходимони Ҳазрати Пир, ки ҳамеша дар хидмати Ҳазрати Пир буданд, ҳикоят мекунад, ки дар Обигарм нишаста будем ва чанде аз ходимон дар берун ба таҳорат машғул буданд, ҷои таҳорат наздики роҳи калон буд. Диданд, ки Нурӣ бо чанд мошини пайравонаш ба тарафи Қаротегин гузашт ва касе назди Ҳазрат гуфт, ки Нурӣ бо аскари худ ба тарафи боло рафт. Ҳазрат каме тааммул карда, сар боло карданд ва гуфтанд:Шайтон оламро вайрон мекунад, дар он ҳолат чунин тасаввуре дар хотири ҳеҷ кас намегузашт.

БА ИНСОН АРҶ ГУЗОРЕМ

  • Posted on: 24 May 2018
  • By: admin

Бо назардошти он ки ин  суханронӣ дар арафаи моҳи шарифи Рамазон доир гардид, Пешвои миллат асоси ҳикмати маънавии ин моҳро «ғолибияти ақл бар нафс» маънидод карданд, ки комилан дуруст буда, аз ҳикматҳои беш аз ҳазорсолаи инсон  ва таълимоти дини мубини ислом, ки «нафс таҳриккунанда ба сӯи бадиҳост» - мегӯяд, сарчашма мегирад. Дар ин бора Мавлоно мегӯяд:
Ҷумла Қуръон шарҳи хубси нафсҳост,
Бингар андар  мусҳаф, он чашмат куҷост?

Страницы