ФИТНААНДОЗӢ ҲУНАР НЕСТ!

  • Posted on: 18 September 2018
  • By: admin

Орзуи онро дорам, ки ин суханони шоир ҳамеша дар зеҳни ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ қарор дошта бошад:

Тоҷики ман, хонаат бунёд кун бо хишти сулҳ,

Бар хилофи амри шайтон, дур аз анҷоми бад!

Вале ҳастанд аҷнабипарасту хоҷапарасту ватанфурӯшу хонабардӯшоне дар мисоли роҳбарону пайравони ТЭТ ҲНИ, ки дар банди разолату ҷаҳолат зиста, аз фитнаангезиву хиёнат ба Ватан даст намекашанд.

Инсонбадбинӣ ва мансабталошии онҳо боиси он гардид, ки солҳои 90-уми асри гузашта, дар баробари тоҷикон миллатҳои ғайри тоҷик ва ғайри мусалмон қариб, ки қисми зиёди сокинони кишвар  мавриди таъқиб ва куштори  онҳо қарор гиранд.

Кушторҳои ваҳшиёнае, ки соли 1992 дар қаламрави ноҳияи Вахш террористони наҳзатӣ анҷом доданд, назирашро таърих ёд надорад.

Хиёнат ва аъмоли фоҷиабори ин гурӯҳ, аз ҳуҷуми чингизиён ба минтақа ва аз инсонкушиҳои фашистон камтар нест. Вале онҳо имрӯз нашармида аз адлу инсоф нисбат ба миллату инсоният ҳарф мезананд, ки ин нобахшиданист.

Дар солҳои бесарусомонӣ ба таври ваҳшиёна қатл кардани сарбозони нируҳои марзбони Русия, намояндагони ҳайати Созмони Милали Муттаҳид бозгӯи он аст, ки онҳо миллатҳои дигарро таҳаммули дидан ва дар як фазо бо онҳо зиндагӣ кардан надоранд.

Тааҷҷубовар аст, ки бо ин ҳама аъмоли ғайриинсонӣ, имрӯз фирориёни наҳзатӣ ва пайравонашон аз минбарҳои баланд аз озодии виҷдон ва ҳуқуқи инсон сухан мегӯянд. Дар ҳоле, ки дасташон олудаи хун асту тавони дидани дигарандешон, ақалиятҳои миллиро надоранд ва аз ҳеҷ як амали зишт худдорӣ накардаанд ва намекунанд.

Феълан, ин гурӯҳҳои ғуломони хоҷагони берунаи худ дар кишварҳои аврупоӣ бо туҳмат ва суханҳои дурӯғ ҳақиқатро рӯйпуш намуда, дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ худро мӯсичаи бегуноҳ вонамуд мекунанд. Бо ин ҳаракатҳои худ онҳо мехоҳанд, ки гурӯҳи террористӣ будани худро инкор намуда, барои ҷиноятҳои содирнамудаи худ аз ҷавобгарӣ дар канор монда, фаъолияти тахрибкорӣ  ва иғвоангезии худро идома диҳанд.

Тадбирҳои андешидаи роҳбарияти Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои решакан намудани  ин зуҳуроти нангин, даъват намудани тамоми кишварҳои олам ба ҳамоҳангиву ҳамдастагӣ дар роҳи мубориза ва муқовимат бо терроризм аз тарафи тамоми давлатҳои минтақа ва олам дастгирӣ ёфт. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки саъю талоши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он равона карда шудааст, ки сулҳу суботу осоиштагӣ тамоми оламро фарогир бошад.

Баҳри ин амали муқаддас ҳама ҷаҳониёнро мебояд саъю кӯшиш варзанд. Қайд кардан бамаврид аст, ки имрӯз душманони миллати тоҷик - ТЭТ ҲНИ ва аъзоёни “Гурӯҳи 24” барои ба даст овардани обрӯву эътибор ва бо паҳн кардани шиорҳои бардурӯғ дар кишварҳои аврупоӣ машғул мебошанд, вале муссалам аст, ки онҳо ба мақсадҳои нопоки худ намерасанд.

Имрӯз мардуми олам аз таърихи фаъолият, ҳадафу мақсад ва нақшаҳои гурӯҳҳои ифротии зикргардида огоҳӣ ёфтаанд ва ҳеҷ гоҳ ба фитнаангезии онҳо фирефта нахоҳад шуд. Аз онҳо даъват  мекунем, ки фитнаангезиро бас кунанд, чуноне ки бузурге гуфтааст, «Ба дунё фитнаангезӣ ҳунар нест».

Саттор Маҳмудзода,

сардори Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросими Кумита