ХУДО АҚЛ ДОДААСТ, ТО ХУБРО АЗ БАД ФАРҚ КУНЕМ

  • Posted on: 9 November 2018
  • By: admin

Тибқи иттилои расонаҳои хабарӣ, шаби 4-уми ноябр як гурӯҳи ҷавонони шаҳри  Хоруғ ба мошини хидматии роҳбари постгоҳҳои БДА ҳамла карданд. Ин афрод қасд доштанд, бо ин ҳамла ба фаъолияти хидматии кормандони пулис монеа эҷод карда, вазъи Хоруғро ноором кунанд. Чунонки маълум аст, имрӯзҳо намояндагони сохторҳои қудратии кишвар шабу рӯз барои амнияти мардуми Бадахшон хизмат карда истодаанд. Бо дастури роҳбарияти ин ниҳодҳо дар шаҳри Хоруғ дидбонҳои назоратии шабонарӯзӣ ташкил карда шудаааст, ки ин ҳама барои пешгирӣ кардан аз воридшавии маводи мухаддир ва аслиҳа аз ҷониби  ҷинояткорон, инчунин таъмини волоияти қонун ва аз байн рафтани мошинҳои сиёҳшиша хидмат хоҳанд кард.

Набояд фаромӯш кард, ки Худованд ба инсон ақл ато кардааст, то ба василаи он хубро аз бад ҷудо кунад ва барои осудагии ватану мардуми хеш талош ба харҷ диҳад. Ба мардуми шарифу сарбаланди Бадахшон гуфтанием, ки зиракии сиёсии худро аз даст надиҳанд ва ба суханони гурӯҳҳои фитнаангез бовар накунанд. Балки фарзандонро таълиму тарбия дода, ҷавононро панду насиҳат ва ба роҳи рост роҳнамоӣ кунанд, иншоаллоҳ ҳеҷ душмане ба мақсади нопоки худ намерасад ва зиндагии тинҷу ороми мардумро халалдор сохта наметавонад.

Умед аст, ки мардуми шарифи Бадахшон ба иғвоҳои фитнаангезон дода намешаванд ва барои пойдории сулҳу субот, таъмини волоияти қонун ва пешгирии ҷинояткорӣ бо сохторҳои қудратӣ ҳамкорӣ намуда, ҷиҳати пешбурди фаъолияти онҳо кӯмак мерасонанд.

Ҷамолиддин Хомӯшов,

 Сармутахассиси Раёсати фатвои Маркази исломӣ