2018-2028. ДАҲСОЛАЕ, КИ ЭЪТИБОРИ ТОҶИКИСТОНРО БОЛОТАР МЕБАРАД

  • Posted on: 11 January 2019
  • By: admin

21 - уми декабри соли 2016 Маҷмаи умумии СММ ташаббуси навбатии байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар рафти Форуми 7 - уми ҷаҳонии об дар Ҷумҳурии Корея ироа шуда буд, пазируфта, бо иттифоқи оро дар бораи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028» Қатънома қабул намуд. Моҳи марти соли гузашта Сарвари давлат дар иҷлосияи  МУ СММ  даҳсолаи нави байналмилалиро, ки то 22 марти соли 2028 идома меёбад, ҳусни оғоз бахшиданд. Ин амал чун ташаббусҳои қаблии башардӯстонаи Пешвои муаззами миллат эътибори байналмилалии кишвари моро боз ҳам боло бурд.

Тоҷикистон тайи солҳои истиқлолият дар соҳаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба пешравиҳои назаррас ноил гардида, феълан дар байни кишварҳои олам обрӯи хос пайдо намудааст, аз ҷумла пешоҳанги ҳалли масъалаҳои марбут ба об эътироф гардидааст.
Ҳамаи пешравию муваффақиятҳои назаррас, пеш аз ҳама, тавассути сиёсати хирадмандона ва заҳмату талошҳои зиёди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд. Сарвари мо борҳо аз минбарҳои баланди байналмилалӣ ҳалли масъалаҳои мубрами башариятро манзури ҷаҳониён гардондаанд. Аз ҷумла, 17 марти соли 2003 Президенти мамлакат дар Анҷумани ҷаҳонӣ бахшида ба проблемаҳои истифодаи оқилонаи об, ки дар шаҳри Киотои Ҷопон баргузор гашт, бори дигар манбаи ҳаёт, беҳтарин муъҷизаи табиат будани об ва зарурати ҳамкории кишварҳоро барои ҳалли ин масъала ёдовар шуда, барои осон намудани дастрасии мардуми ҷаҳон ба обу санитария эълон доштани Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт, солҳои 2005 – 2015» - ро пешниҳод намуданд. Баъдан, дар доираи ин даҳсола бо ибтикори Президенти Тоҷикистон соли 2013 Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об эълон гардид.
Ҳамин тавр, бо ибтикори Пешвои миллат 4 маротиба чорабиниҳои муҳими байналмилалӣ дар сатҳи баланд оид ба масоили беҳдошт ва истифодаи оқилонаи захираҳои оби ошомиданӣ мавриди таваҷҷуҳи роҳбарони кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ қарор гирифтанд. Бар замми ин, бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид дар Душанбе, Ню – Йорк, Женева ва шаҳрҳои дигари бузурги олам чорабиниҳои сатҳи баланд доир ба масоили об, аз ҷумла  конфронсҳои байналмилалӣ бо иштироки сарони давлатҳо, ҳукуматҳо ва ниҳодҳои масъул, баргузор гардиданд ва муҳимтар аз ҳама, тадбирҳои роҳандозишуда барои аҳли башар манфиат оварданд. Ҳамчунин, Душанбе ба маркази баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди байналмилалӣ табдил ёфта, нуфузи кишвари офтобии мо ба таври чашмрас боло гирифт.
Шералӣ РАҶАБЗОДА