ДИЛ БА ДАСТ ОВАР, КИ ҲАҶҶИ АКБАР АСТ!

  • Posted on: 8 February 2019
  • By: admin

Худованд асли ҳаҷро дар ислом ташреъ намудааст ва бар ҳар фарде, ки тавоноӣ дошта бошад, ҳаҷи хонаашро фарз гардонидааст, то дар айёми ҳаҷ ба зиёрати хонааш бишитобад ва маносики ҳаҷи иброҳимиро ба ҷо оварад.

Ҳаҷ аз ҷумлаи фароизе аст, ки замон ва макони он мушаххас шудааст. Мавсими ҳаҷ моҳҳои муайянанд, пас ҳар он кас, ки дар ин моҳҳо ҳаҷ бар ӯ фарз шуд ва эҳром баст, бидонад, ки омезиши ҷинсӣ ва нофармонӣ ва муҷодала дар ҳаҷ раво нест. (Бақара: 197)

Дар боби фазилати ҳаҷ аз суханони Паёмбар (с) ҳамин кофӣ аст, ки фармуданд: Барои ҳар қадами ҳаҷгузор ҳасана сабт мешавад ва ҳоҷиён ва умрагузорон вафди Худоянд. Агар Худоро бихонанд, ҷавоб медиҳад ва агар талаби истиѓфор кунанд, онҳоро мебахшад.

«Ал-ҳаҷҷу-л-мабруру лайса лаҳу ҷазоун илла-л-ҷаннаҳ» - Ҳаҷи мабрур подоше ҷуз биҳишт надорад.

«Ман ҳаҷҷа-л-байта фалам ярфус ва лам яфсуқ хараҷа мин зунубиҳи каявмин валадатҳу уммуҳу» - Касе, ки барои Худо ҳаҷ гузорад ва дар ҳангоми адои маносики ҳаҷ муҳаррамотро риоя кунад ва амали ноҷоеро муртакиб нашавад, дар бозгашт чунон аз гуноҳ пок мешавад, монанди рӯзе,  ки аз модар зода шудааст (Сунани Ибни Моҷа).

Аз Абдуллоҳ бин Умар (р) ривоят аст, ки мегӯяд: аз Паёмбар (с) шунидам, ки мегуфт: Ҳар ки ҳафт бор тавофи Каъбаро ба ҷой оварад, ҳамчун озод кардани бардае аст (Сунани Насоӣ) ва аз Абдуллоҳ ибни Умар (р) ба сабт расидааст, ки мегуфт: Аз Паёмбари Худо (с) шунидам, ки : «Ҳар кас ба даври Байт тавоф кунад, Худованд барои  ҳар қадаме, ки бармедорад як ҳасана барояш менависад ва як сайиа (бадӣ)-ро аз дафтари амали вай маҳв ва пок менамояд.

Аммо дар баробари фазилати ҳаҷ корҳое ҳастанд, ки аз савоби ҳаҷи такрорӣ ва умраи нофила ба маротиб афзаланд, зеро ҳаҷ барои мусулмонон як маротиба фарз шудааст, аммо ҳаҷи такрорӣ ва умра аз амалҳои нафл маҳсуб ёфта, ҳатман анҷом додани онҳо шарт нест.

Дил ба даст овар, ки ҳаҷҷи акбар аст,

Аз ҳазорон Каъба як дил беҳтар аст.

Каъба бунёди Халили Озар аст,

Дил назаргоҳи Ҷалили акбар аст.

Ҳикоят:

Дӯсти сарватманде бароям гуфт, нияти рафтан ба ҳаҷи умра дорам.

Гуфтам: Агар барои тасаллияти нафс ва тамошову саёҳат меравӣ, моли худат аст ва ҳақ дорӣ, ҳар куҷо равӣ. Аммо агар дар ҷустуҷӯи аҷру савоб бошӣ, шарт нест ҳар сол сафари Дубаю Саудӣ анҷом диҳӣ. 

Аммо агар ба ҳақиқат мехоҳӣ ба хостаи Худо бирасӣ, бипурс, ки ризомандӣ ва хостааш дар кадом амал бештар аст, сӯи он амал бирав.

Борҳо умра рафтаӣ, имрӯз агар ба бевазани ҳамдеҳаат ё донишҷӯи ҳамсояат ё хешованди ниёзмандат дасти кумак дароз мекардӣ ё барои маркази маҳалла об меовардӣ ё чанд китобе харида ба донишҷӯён тақсим мекардӣ, аз рафтан ба ҳаҷи такрориву умра бештар савоб ҳосил менамудӣ.

Мутаассифона, мардумони зиёде ҳастанд, ки аз "Фарҳанги савобҷӯӣ" ё "Фанни аҷрталабӣ" то ҳол огаҳ нестанд.

Намедонанд, ки маблағи солонаи донишҷӯеро, ки мехоҳад муаллим ё  муҳандис ё табибе шавад, агар пардохт кунанд, бештар аз он дегҳои оше, ки пухта ба мардум медиҳанд ва ё бештар аз он сафаре, ки ба умра мераванд ё ҳатто аз он чанд ҳазор долларе, ки бо он қолинҳои масҷидро нав мекунанд, аҷри бештар ҳосил мекунанд.

Бояд донист, ки масҷид гарчи хонаи Худост, вале аз нав шудани гилемаш дида, нав шудани ақлу андешаи ҷавоне назди Худо арзишмандтар аст.

Ва аз аҷри сафар ба Каъба, дида (агар бори дуввум бошад) савоби китобу дафтару хобгоҳи донишҷӯеро фароҳам намудан, болотар аст.

Ба халифаи бузургвор Умари Форуқ гуфтанд, бояд бо ин матоъҳо ҷомаи Каъбаро нав созем.

Гуфтанд: «Ба Худо қасам, ки нахоҳам кард. Бо ин либос тани лучи мусулмонҳоро пӯшонидан, назди Худо амали хуштару маҳбубтар аст».

Сарватманде ба донишманде гуфт, мехоҳам масҷиде бисозам.

Чи хуш ҷавобе гуфт.

Гуфт, масҷид на, соҷид бисоз!

Гарчи хонандаи азиз шояд тааҷҷуб мекунад, аммо бояд гуфт, ки агар дар шаҳре, маҳаллае, минтақае ададе аз масоҷид мавҷуд бошаду кофӣ, аммо онҷо табибе, устоде, муҳандисе ёфт нашавад, ҷавонеро хононда табибу олиму муҳандис кунондан, амали болотару муҳимтар ва дар савобмандӣ бештар аз бунёди масҷид аст.

Худованд дар баробари неъматҳое, ки ба мо ато намудааст масъулиятеро ҳам бар дӯши мо ниҳодааст ва мусулмони ҳақиқӣ касе аст, ки масъулиятҳои муайяннамудаи Парвардигорро иҷро намояд. Маълум аст, ки ҳар неъмате ба таври худаш масъулият дорад ва неъмати сарватмандию дороӣ низ масъулияти хоси худро дорад. Масъулияти як шахси сарватманд пардохт намудани он ӯҳдадориҳои пулию молие аст, ки дар шариат муқаррар гардидааст ва ҳамчунин таваҷҷуҳ доштан ба аҳволи атрофиёни худ аст, ки нисбатан фақиру эҳтиёҷманд ҳастанд. Умуман, масъулияти сарвату сармоя аз садақа додан ва дасти ниёзмандонро гирифтан иборат мебошад.

Садақаҳои гуногуне дар шариати исломӣ зикр шудааст, ки яке аз беҳтарини онҳо садақаи ҷория мебошад.

Қабл аз ҳама бояд бидонем, ки маконеро обод кардани як сарватманд ба маънои коҳиш ёфтани сармояҳои ӯ нест. Агар зоҳири ин корро назар кунем, шояд чунин ба назар биёяд, вале ҳақиқати амр чизи дигар аст. Дар Қуръони карим Худованд маҳз барои садақа ваъдаҳои фаровоне додааст:

 «Ҳар ки некие оварад, ӯро даҳчанд (подош) аст … » (Сураи Анъом, ояти 160 ).

Пас агар дуруст назар кунем, дар ҳақиқат ин як навъ муомилаи судманд барои худи сарватманди садақадиҳанда мебошад, зеро ӯ ҳам ризои Худовандро ба даст меорад ва ҳам сабаби афзоиши сармоя ва амволи худ мегардад.

Масъалаи закот ва дигар намудҳои ӯҳдадориҳои фарзшуда аз тарафи шариат барои ҳар мусулмоне маълум аст ва аҳкоми онҳо мушаххас шудааст. Мақсади мо дар ин сӯҳбат нишон додани симои садақаи ҷория аст, ки одатан аз ҳисоби садақаҳои ѓайрифарзӣ мебошад.

Агар бихоҳем садақаи ҷорияро таъриф намоем, метавонем чунин бигӯем: «Садақаи ҷория чизе аст, ки аз садақадиҳанда ба ёдгор мемонад ва фоидаи он муддатҳои тӯлонӣ, ҳатто баъд аз даргузашти соҳибаш ба ҷомеа мерасад». Пас маълум мешавад, ки садақаи ҷория як чизи мондагор ва фоидаовар барои мардум мебошад.

        Дар фазилати садақаи ҷория Паёмбар (с) фармудаанд: «Чун инсон бимирад, амали ӯ қатъ мегардад, магар  се чиз: садақаи ҷория, илме ки аз он истифода шавад ё фарзанде солеҳе, ки барои падару модараш дуо кунад» (Ҳадиси «саҳеҳ», м.1631».

Аммо чӣ чизҳое садақаи ҷория ҳастанд? Дар аҳодиси Паёмбар (с) чизҳои гуногуне садақаи ҷория ба шумор оварда шудааст. Аз ҷумла, обод кардани деҳаву манзил, маҳалли зист, об овардан, пул сохтан, роҳ бунёд кардан, сохтмони мактабу бунгоҳҳои тиббӣ ва дигар корҳои нек. Агар ба ҳар кадом аз ин чизҳо назар кунем, дар ҷои худ ва дар мавриди муайяне ба муддати мушаххасе барои ҷомеа ва мардум фоидаовар мебошанд. Пас метавонем чунин натиҷа бигирем, ки дар ин миён ҳар чизе, ки фоидааш барои мардум ва ҷомеа бештар ва замони фоидарасониаш зиёдтар бошад, садақаи ҷория хубтар хоҳад буд. Ҳамчунин, мо бояд ниёзмандиҳои муҳит ва ҷомеаву мардумро ҳамеша дар назар дошта бошем. Дар ҳар замон ва шароит ҷомеа ниёзмандиҳои гуногуне дорад. Ба ҳамин хотир садақаи ҷория аз назари ниёзмандии мардум ва ҷомеа ҳам бояд ба талаботи замон ва макон мувофиқ бошад.

Савоб ва подоше, ки барои садақаи ҷория дар назар гирифта шудааст, бисёр бузург ва муҳим аст. Дар Қуръони карим ибораи «боқиёти солиҳот» омадааст ва аз ҷумла ҳар кори хуб ё ёдгори фоидаовареро, ки аз барои Худо бошад ва мондагор гардад, боқиёти солиҳот гуфтаанд:

 «Ва некиҳои пояндаи шоиста назди Парвардигори ту аз рӯи савоб беҳтаранд ва аз рӯи умед доштан хубтаранд» (Сураи Каҳф, ояти 46).

Дар фарҳанги исломӣ ҳар кас асосгузор ё зиндакунандаи кори хубе (суннати ҳасана) бошад, то рӯзе, ки одамон он корро анҷом медиҳанд, барои ӯ низ савоб навишта хоҳад шуд. Садақаи ҷория ҳам монанди кори хуб, то рӯзе, ки инсонҳо аз он баҳраманд мешаванд, савобаш ба шахси соҳиби садақа хоҳад расид.

        Савоби корҳои нек баробар бо савоби як моҳ эътикоф дар масҷид аст. Ҳар шахсе, ки ба кӯмаки дӯсти худ шитобад, заифон, мискинон, бевазанон, ятимон, барҷомондагоро дастгирӣ намояд, ин савобро ҳосил мекунад.

        Далел: Паёмбари гиромӣ (с) фармуданд: «Агар ҳамроҳи бародарам барои баровардани ҳоҷаташ равам, бароям беҳтар аз эътикофи якмоҳа дар масҷид аст» (Ҳадиси № 2623).

Суннати садақаи ҷория дар дини мубини Ислом дар асл барои ислоҳи ҷомеа ва обод намудани он дар назар гирифта шудааст. Ин суннати нек метавонад бисёре аз камбудиҳои ҷомеаи моро бартараф намуда, зиндагии хубу гуворотареро барои мусулмонон фароҳам намояд. Агар дар маҳалле мусулмонон ба сабаби набудани роҳи хуб дар рафтуомадҳояшон ба мушкилот рӯбарӯ мешаванд, ҷои садақаи ҷория дар сохтмони ҳамон роҳи лозимӣ аст, то осоиши онҳо фароҳам гардад. Агар фарзандонашон барои рафтан ба мактаб ба хотири дур будани роҳи мактаб мушкилӣ доранд, ҷои садақаи ҷория сохтани мактаб аст. Агар дар маҳаллае бунгоҳи тиббӣ набошад, беҳтарин садақаи ҷория сохтани он бунгоҳ аст.

        Садақаи ҷория корест, ки барои осоиши мардум ва ободии ҷомеа равона мебошад, аммо агар дуруст бингарем барои бисёриҳо сабаби наҷот аст, зеро ниёзҳои мардум ва ҷомеа барои сарватмандони саховатманд, ки тавони бартараф намудани ин камбудиҳову ниёзҳоро доранд фурсати бисёр муносиб ва хубест, то ҳам дунё ва ҳам охирати худро обод кунанд ва наҷоту оқибати некӯи охиратро ба даст оваранд.

Одамони савобҷӯйи зиёданд, ки ба ҷои ҳаҷи нофила, даст ба корҳои ободонӣ зада, бунгоҳи тиббӣ, роҳу пул ва дигар иншоотҳои муҳимро бунёд карда, ба хизмати халқ вогузор мекунанд. Чунин иқдом барои ҳар як муъмини савобҷӯй намунаи ибрат буда, ба ин васила мо метавонем дилеро ба даст орем, ба ризогӣ ва хушнудии Парвардигор ноил шавем.

Бинобар ин, дар Соли рушди деҳот, ба ҷои якчанд маротиба ба ҳаҷу умра рафтан, моро зарур аст, ки диёри худро обод созем, дасти бечораеро бигирем, сари ятимеро сила намоем! Ин аст фалсафаи ислом!

Абдураҳмон Мавлонов,

Сардори Раёсати таҳлил ва ташхиси диншиносӣ