РАИСИ ШӮРОИ УЛАМОИ ТОҶИКИСТОН: «НАҲЗАТ ПУРРА БО КУМАКИ ҚУВВАҲОИ БЕРУНА БА ТАБАДДУЛОТИ ДАВЛАТӢ ДАСТ ЗАД»

  • Posted on: 7 February 2019
  • By: admin

Зимни сафари расмии ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Туркия 6 феврали соли 2019 вохӯрии Саидмукаррам Абдулқодирзода ва Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анқара Маҳмадалӣ Раҷабиён бо Муфтии (Раиси умури дини) Ҷумҳурии Туркия профессор Алӣ Эрбаш баргузор гардид. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» дар шаҳри Анқараи Туркия хабар дод.

Дар аввали дидор Муфтии Ҷумҳурии Туркия изҳор намуд, ки «вақте дилҳо наздик ҳаст, фосилаи миёни кишварҳо низ наздик мегардад. Барои мо Ҷумҳурии Тоҷикстон хеле наздик аст, зеро қалбҳои мо наздиктар аз ҳама ҷиҳат мебошад». Гузашта аз ин, профессор Алӣ Эрбаш самимияташро аз сидқи дил ба миллати тоҷик ва Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид кард.

Зимни мулоқот оид ба масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркия ва паҳлуҳои гуногуни он, аз ҷумла масъалаҳои динӣ табодули афкор сурат гирифт. Ҷонибҳо бо изҳори хушнудӣ аз сатҳ ва ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба омодагии хешро ҷиҳати рушди минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судманд дар мавриди ҳолати озодиҳои динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тадбирҳо барои пешгирии гаравидани шаҳрвандон ба ташкилотҳои террористӣ таъкид намуданд.

Ҳамин тартиб Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба амалҳои тахрибкоронаи ташкилоти террористии наҳзат дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ ва ба қатл расонидани ходимони давлатӣ аз ҷониби наҳзатиҳо маълумоти муфассал пешниҳод карда, ба ҳамтои худ вобаста ба хатари ташкилоти террористӣ дар минтақа таъкид намуд. Зимни суҳбат ҷониби Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи ҳамсуҳбат расонид, ки созмони террористии наҳзат аз рӯзи аввал ба таблиғи мазҳаби шиа миёни ҷавонон машғул буда, бо маблағгузории ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон зиёда аз 150 ҳазор мардуми бегуноҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба қатл расониданд. Саидмукаррам Абдулқодирзода тазаккур дод, ки ташкилоти мазкур пурра аз ҷониби шиаҳо маблағгузорӣ шуда, ҷиҳати таҳмили ақидаи ташайюъ кӯшишҳои зиёд намудааст.

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди кӯшиши табаддулоти нокоми давлатие, ки моҳи сентябри соли 2015 аз ҷониби аъзои созмони террористии наҳзат роҳандозӣ гардида буд, маълумоти муфассал пешниҳод кард. Дар ин росто Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон табаддулоти нокоми давлатиеро, ки 15 июли соли 2016 дар Ҷумҳурии Туркия ба амал омада буд, маҳкум намуда, ҳамкории мақомоти динии кишварро дар ин самт таъкид кард. Дар баробари ин роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавриди рондани аъзои наҳзат аз қаламрави Туркия ба Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия изҳор намуда, таъкид кард, ки аъзои наҳзат ба Туркия дубора ворид нахоҳанд шуд.

Дар ҷавоб ба гуфтаҳои Саидмукаррам Абдулқодирзода Муфтии Ҷумҳурии Туркия профессор Алӣ Эрбаш таъкид намуд, ки мақомоти онҳо омодааст дар самтҳои мазкур бо Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории зич ба роҳ монад. Гузашта аз ин, ҷониби Туркия ҷиҳати пешгирии гаравидани шаҳрвандони ду кишвари дӯст ба созмони тундгаро пешниҳодҳои муфид манзур намуд.

Бознашр аз АМИТ “Ховар”