«ИХТИЛОФ БАЙНИ МУСАЛМОНҲО КОРИ ДУШМАНОН АСТ». ЧУНИН ИЗҲОРИ НАЗАР НАМУД МАЪМУРИ ШӮРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН АБДУЛВОҲИД ҲОМИДОВ ДАР СИМПОЗИУМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ТУРКИЯ

  • Posted on: 7 February 2019
  • By: admin

5 феврали соли 2019 дар Ҷумҳурии Туркия Симпозиуми байналмилалии “Муқовимат бар зидди созмони террористии наҳзат” доир гардид. Дар баробари дигар баромадкунандагон маъмури Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулвоҳид Ҳомидов сухан гуфта, ҷиноятҳои анҷомдодаи аъзои ташкилоти террористии наҳзатро бо такя ба Қуръону ҳадис шарҳ дод. Номбурда аъмоли онҳоро мушрикона ва душманона унвон карда, таъкид сохт, ки дар таърихи дини мубини ислом зуҳури чунин созмонҳои ба ном “исломӣ” бо мақсади бадном кардани дин зиёд ба чашм расидааст.

А. Ҳомидов, аз ҷумла таъкид дошт, ки имрўз ҷомеаи ҷаҳонро хатари терроризму ифротгароӣ таҳдид мекунад ва кишварҳои мо низ аз ин вабои аср эмин нестанд. Аз ин хотир мо бояд барои решакан кардани ин вабои аср тамоми малакаву дониши худро сафарбар намуда, дар якҷоягӣ бар зидди ин зуҳуроти номатлуби аср мубориза барем.

Ҳамагон медонем, ки ба сиёсат олуда кардани дин ва ба ҳизбҳо тақсим кардани он чӣ бадбахтиҳое ба сари мардуми мусалмон наовардааст ва ин таҷрибаи талхро Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз сар гузаронидааст. Таҷрибаи чандин кишварҳое, ки дар онҳо ҳизбҳои динӣ бо номҳои гуногун амал мекунанд, исбот кардааст, ки ҳеҷ пешравие дар он мамолик ба «шарофати» чунин ҷунбишҳо ва ҳизбҳои дорои идеологияи динӣ ба вуҷуд наомадааст. Баръакс, миёни худи ин иттиҳодияҳои сиёсӣ гоҳо хушунату тазод барои ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ ба авҷи аъло расида, дар маҷмўъ, монеаи рушди бомароми он давлатҳо гардидааст.

Аз ҳама мисоли рўшан Афғонистон аст, ки тўли беш аз 40 сол мардумаш аз гирудорҳои сиёсатмадорони дорои платформаҳои мухталифи динӣ ранҷи бениҳоят мекашанд. Либия, Судону Ироқ, Сурияву Филиппин, Тунис ва бисёре аз мамолики Африқои Шимолӣ тўли солҳои зиёдест, ки ноором буда, равиши муътадили пешрафтҳои худро аз даст додаанд. Омили асосии ин навъ носозгорӣ дар муборизаи ҳизбҳои динист, ба ин маъно, ки ақаллияте бо идеологияи динӣ мехоҳад мафкураи худро ба аксарият бор кунад, азбаски дар муборизаи табиӣ тавассути интихобот дасти қудрат намеёбанд, ночор роҳи муборизаи ғайриқонунӣ – бо ташкили табаддулоту шўришҳо кўшиши сари ҳокимият омадан мекунанд. Таҷрибаи мазкур дар Ҷумҳурии дӯсту бародари мо Туркия низ рух дод. Бадхоҳони ба ном «исломӣ» мехостанд бо роҳи зӯроварӣ ҳокимияти қонунии Туркияро ғасб намуда, зимоми давлатдориро ба дасти худ бигиранд.

Таҷрибаи Тоҷикистон низ мисоли равшани ин гуна шакл гирифтани ҳодисаҳост. Ташкилоти террористии ҲНИ беш аз 40 сол дар саҳнаи сиёсати Тоҷикистон амал кард. Ҳанўз аз солҳои 70-уми асри гузашта, ба эътибори иқрори худи масъулини ин ташкилот, наҳзатиён мавзўи сари ҳокимият омадан ва табдили давлати дунявиро ба кишвари сирф динӣ дар ҷомеа матраҳ мекарданд. Баъди анҷоми муноқишаҳои дохилӣ ин созмони террористӣ парлумонӣ гардид, аммо набудани имконоти сари қудрат омадан тавассути интихобот оқибат ниқоб аз чеҳраи аслии мақсуди онҳоро кушод. Охирин шонси наҳзатиён табаддулот буд, ки билохира дар он шикаст хўрданд. Чунин хулоса мешавад, ки сенарияи баъзе кишварҳои хориҷӣ оид ба ташкили табаддулот тавассути неруҳои харобкори ифротӣ дар Тоҷикистон дар амал татбиқ нагардид.

Мутаассифона, ин таҷриба то кунун барои мафкурапардозон сабақ нашудааст, то кунун баъзе фирориёни ин ташкилоти террористӣ дар хориҷа аз «адолат»-у «нақзи ҳуқуқи инсон» даъво мекунанд, аммо боре нашуда, ки гиребони худро бў кардаву амалҳои хешро дар тарозуи воқеият баркашида, ба хулоса оянд, ки чӣ кори баде барои ҷомеаи Тоҷикистон ва чӣ хиёнате барои миллат кардаанд…

Наҳзатиён хостанд аз дини мубини ислом суиистифода кунанд, чунки хоҷагони хориҷиашон ин гуна муносибатро ба онҳо ҳам бо маблағ ва ҳам раҳнамоиҳои маънавӣ меомўзониданд. Пазируфта шудани Кабирӣ ҳамчун меҳмони воломақом дар Эрон, ҷонибдорӣ шудани ў аз ҷониби мансабдорони калони эронӣ, бар хилофи он ки ин ташкилот дар Тоҷикистон террористӣ ва экстремистӣ эълон шуд, ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳайрат овард. Аслан бигирем, аз ибтидои таъсиси ин ҳизб мардуми Тоҷикистон онро намепазируфтанд, зеро аз таҷрибаи давлатҳои хориҷӣ, ки дар он кишварҳо ҳизбҳои исломӣ мавқеи фаъол доштанд, маълум буд, ки сиёсӣ сохтани дин ҳеҷ гоҳ сулҳу субот ва пешрафт намеорад. Дин бояд поку озода бимонад, дин ба сони офтобест, ки аз нурҳои ҷонбахши он ҳамагон бояд истифода баранд ва дар ниҳоят диндорӣ як кори доимии шахс бо Худои хештан аст.

Давоми 70 соли Иттиҳоди Шуравӣ мардуми Тоҷикистон новобаста аз баъзе маҳдудиятҳои динӣ тавонистанд расму русум ва маросимҳои динии хешро ба ҷо биёваранд, байни худ иттифоқ ва иттиҳод дошта бошанд. Аммо бо пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ тарроҳони наҳзат хостанд тариқи «куклаи» хеш дар байни мусалмонони Тоҷикистон низоъ андохта, кишвари моро вайрону валангор намоянд. То ҳадде муваффақ ҳам шуданд. Дар ҳоле, ки оятҳои қуръонӣ ҳама аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки дин сарҷамъӣ ва иттиҳоди мардумро талқин менамояд:

«Ва бо якдигар ба низоъ барнахезед, ки нотавон шавед ва шаъну шавкат аз шумо баравад» (Анфол; 46).

Ё ин ки:

«Монанди он касоне мабошед, ки пас аз он ки оёти равшани Худо бар онҳо ошкор шуд, пароканда гаштанд ва бо якдигар ихтилоф варзиданд, албатта, барои инҳо азобе бузург хоҳад буд» (Оли Имрон; 105).

Худованд бар мусалмонон иттиҳоду пайравӣ аз ҷамоат ва дурӣ ҷустан аз омилҳоеро, ки сабаби парокандагӣ мегарданд, заруру ҳатмӣ шуморидааст. Пас ба гувоҳи ин оятҳо ва дар заминаи баррасии мазмуну моҳияти ин оятҳо таъсиси ҳизбҳои сиёсии динӣ ҳаром аст, зеро яке аз муҳимтарин нишонаҳо ва натиҷаҳои он парокандагӣ хоҳад буд.

Аслан, бо номи поки ислом ҳизб сохтан ва онро барои сиёсат суиистифода кардан дар умқи худ ихтилофи ҷомеаро ба вуҷуд овардан аст. Ихтилоф ангехтан бо мақсади дарёфти обрўву манзалат аз бадтарин фитнаҳост, ки ҳадафи аслии он суст гардонидани таҳкурсиии бақои давлату миллат мебошад. Беҳуда Сайидои Насафӣ нафармудааст:

Ҳар кӣ бар душмании халқ равон аст чу баҳр,

Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад…