НИКОҲ ВА МОҲИЯТИ ОН АЗ НИГОҲИ ИСЛОМ

  • Posted on: 8 February 2019
  • By: admin

Дар мавзӯи никоҳ ё худ бинои заношавҳарӣ дар хазонаи фарҳангӣ ва муқаррароти ислом ба маҷмӯаи таълимот ва раҳнамоиҳое бармехӯрем, ки пойдевори бинои ҳаёти заношавҳариро аз нахустин лаҳзаҳои шаклгирӣ, интихоби куфв (ҳамто)-и муносиб ва ҷуфти шоиста, то мар­ҳилаҳои ниҳоӣ ва сояафкан гардидани гунбади хонавода бар сари зану шавҳар, зери пӯшиш қарор додааст.

Аз ҳамон қадамҳои аввал барои ҳарчи муваффақ­тар сурат гирифтани интихоби ҳамрадиф ва ҳамроҳи ҳаёти хо­наводагӣ ба як силсила меъёрҳое дучор меоем, ки инсон бо риояи онҳо метавонад худро аз пешомад­ҳои пешгӯино­шудае дар амон нигоҳ дорад.

Дар барпо намудан ва ё бастани ақд низ мушаххасот, шартҳо ва бастабандиҳое гузошта шудаанд, ки бе риояи онҳо ақд баста намегардад, ҳамчун сурати пазириши дуҷониба, ҳузу­ри ду шоҳид ва дар гӯшраси онҳо баргузор гар­дидани маросими ақд. Ҳар сурати заношавҳарӣ ва робитаҳои пайванддиҳандае, ки берун аз ин муқаррарот ан­ҷом бигирад, фосид ва бепоя мебошад.

Аз як сӯ, шариати ислом ба хотири ғамхорӣ, шинохти ҳассосият ва раҳнамоии лаҳзаҳои бетаҷрибагии ҷавон дар коргоҳи зиндагӣ ва давраи хомии фикри инсони тозаворид ба арсаи ҳаёти хонаводагӣ, асли сарпарастӣ ва бунёди валигиро бино ниҳодааст, то писару духтарро аз ҳамон даврони хурдсолӣ қадам ба қадам то марҳилаҳои рушди фикрӣ ва расиши балоғат зери назорат ва мавриди роҳ­намоӣ қарор диҳанд, то онҳо дар ниҳоят ҳаётдида шуда, дар зиндагӣ муваффақу комет гарданд.

Қуръони карим се чиз: оромиш, муҳаббат ва дил­сӯ­зиро муҳимтарин фалсафаи ҳаёти заношавҳарӣ ва асоси тамоми хушиҳо дар зинда­гии хонаводагӣ мегӯяд. Чӣ тавре дар ояти 21-уми сураи Рум мехонем, яке аз нишонаҳои қудрат ва осори ҳикмати Парвардигор дар офариниши ҷинси зан он аст, ки мард бо ҳамзистӣ дар канори вай оро­миши ҳамаҷонибаи худро пайдо намояд ва барои таҳаққу­қи ормонҳои зин­дагӣ дар ҳаёти якҷо­яи онҳо Худованд дар миёнашон муҳаббат ва дилсӯзи­ро ниҳодааст.

Пас таҳаққуқ ёфтани ин се чиз: оромиш, муҳаббат ва дилсӯзӣ дар зиндагонии муштараки зану шавҳар муҳимта­рин ҳадафи бинои хонавода аз дидгоҳи Қуръон мебошад. Бинобар ин, бар фазои хонавода ва ҳаёти ои­лавии зану шавҳаре ин се чиз сояафкан набошад, умуман, дар он муҳимтарин ҳадафи бинои хонавода таҳақ­қуқ наёфтааст ва дар он муҳит рӯй додани ҳар нохушие аз имкон дур нест.

Аз ин рӯ, ҳамаи моро мебояд то баҳри мустаҳкам ва устувор нигаҳ доштани ин се ҳадафи муҳимта­рини бинои хонавода – оромиш, муҳаббат ва дилсӯзӣ дар хонавода кӯшиш ба харҷ диҳем. Зеро ин иқдом барои доиман босубот нигаҳ доштани фазои хонавода ва ҳифз намудани арзишҳои маънавии оилаи солим дар ҷомеаи солим мебошад.  

Мавзуна Бекназарова,

сармутахассиси Кумита