Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

ҚОНУНИ 

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМ

ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

соли 2007, №6, мод.428;  соли 2008, №6, мод. 448;

соли 2010, №7, 568, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 майи соли 2017, № 1428, Қонуни Ҷумҳурии

Тоҷикистон аз 28 августи соли 2017, № 1461)

Қонуни мазкур бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.

 

БОБИ 1.

МУҚАРРАРОТИ УМУМӣ

Моддаи 1. Мақсад, вазифа ва доираи амали Қонуни мазкур

1.Мақсади Қонуни мазкур аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, иборат аст. Қонун ҳамчунин барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятӣ равона карда шудааст.

2.Вазифаи Қонуни мазкур танзими анъана ва ҷашну маросим дар асоси дастовардҳои фарҳанги миллӣ ва тамаддуни ҷаҳонӣ мебошад.

3.Амали Қонуни мазкур ба мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳо, сарфи назар аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликият, ҳамчунин ҳамаи шахсони воқеӣ, новобаста ба вазъи иҷтимоӣ ва мансубияти миллиашон, сурат мегирад.

4.Ақаллиятҳои миллӣ дар доираи муқаррароти Қонуни мазкур дар баргузории анъана ва ҷашну маросими суннатиашон озод мебошанд.

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

анъана- маҷмўи арзишҳои моддӣ ва маънавии мероси иҷтимоию фарҳангии ҷомеа ва ё гурўҳҳои алоҳидаи ҷамъиятӣ буда, аз насл ба насл мегузарад;

маросим - маҷмўи амалҳои рамзие мебошад, ки муносибати шахсон ва гурўҳҳои иҷтимоиро ба падидаҳои муҳими ҳаёти фарҳангии ҷомеа муқаррар менамояд;

ҷашн - таҷлили рўйдодҳо ва ё санаҳои таърихию фарҳангӣ, ҷамъиятӣ, касбӣ ва оилавӣ мебошад.

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷи-кистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва санадҳои ҳуқуқи байналмилалие, ки онҳоро Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад.

 

БОБИ 2.

МАҚОМОТ ОИД БА ТАНЗИМИ

АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМ

 ВА ВАКОЛАТИ ОНҲО

Моддаи 4. Мақоми ваколатдор оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим

Иҷрои талаботи Қонуни мазкур аз тарафи мақоми ваколатдор, ки Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, амалӣ карда мешавад. (ҚҶТ аз 21.07. 10с. №636).

Моддаи 5. Комиссияҳои доимии маҳаллӣ

1. Ҷиҳати амалӣ намудани Қонуни мазкур дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти кишвар комиссияҳои доимии маҳаллӣ таъсис дода мешаванд.

2. Низомномаи комиссияҳои доимии маҳаллиро Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоати шаҳраку деҳот тасдиқ мекунанд.

3. Низомномаи намунавии комиссияҳои доимии маҳаллиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад. (ҚҶТ аз 28.08.17, №1461)

Моддаи 51. Комиссияҳои ҷамъиятӣ

1. Дар вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ки дар онҳо на камтар аз 30 нафар корманд фаъолият мекунад, комиссияҳои ҷамъиятӣ таъсис дода мешаванд.

2. Фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятӣ тибқи Қонуни мазкур ва низомнома, ки аз ҷониби роҳбарони вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо тасдиқ карда мешавад, ба роҳ монда мешавад.

3. Низомномаи намунавии комиссияҳои ҷамъиятиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

4. Комиссияҳои ҷамъиятӣ риояи талаботи Қонуни мазкурро аз ҷониби кормандони вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки дар онҳо таъсис дода шудаанд, назорат намуда, ҷиҳати пешгирии қонунвайронкунӣ дар ин самт тадбирҳои зарурӣ меандешанд.

5. Дар сурати ошкор намудани риоя накардани талаботи Қонуни мазкур комиссияҳои ҷамъиятӣ дар муҳлати се рўз ба мақоми ваколатдор ва ё комиссияҳои доимии маҳаллӣ дар ин бора хабар медиҳанд. (ҚҶТ аз 28.08.17, №1461)

Моддаи 6. Мақоми ваколатдор ва комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим

1. Мақоми ваколатдор ва комиссияҳои доимии вилоятӣ, шаҳрию ноҳиявӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим дорои салоҳиятҳои зерин мебошанд: (ҚҶТ аз 21.07. 10с. №636).

- назорат оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим тибқи талаботи Қонуни мазкур  ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;

- таҳияи тавсия ва дастурҳои амалӣ барои камхарҷ гузаронидани ҷашну маросим;

- фаҳмондани талаботи қонунгузорӣ ва додани тавсияҳо ба шахсоне, ки ҷашну маросимро мегузаронанд;

- ба қайд гирифтани тўйи домодию арўсӣ ва маросими азодорӣ, инчунин пешбурди омор дар ин самт;

- андешидани чораҳо ҷиҳати пешгирии риоя накардани талаботи Қонуни мазкур; (ҚҶТ аз 28.08.17, №1461)

- таъмини ҳамкорӣ байни мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим ва ташкили корҳои маърифатию тарѓиботӣ дар байни аҳолӣ;

- расонидани ёрии амалӣ ба раисони маҳаллаҳо, шуъбаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар танзими ҷашну маросим;

- таблиѓи адабиёти илмию оммавӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим;

- талаб кардани маълумот дар бораи иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим аз вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, сарфи назар аз шакли моликияташон.

2. Дар ҳолати риоя нашудани муқаррароти Қонуни мазкур Мақоми ваколатдор ва комиссияҳои доимии маҳаллӣ санади зарурӣ таҳия намуда, онро барои татбиқи чораҳои таъсиррасонии ҳуқуқӣ ба мақомоти дахлдор пешниҳод менамоянд. (ҚҶТ аз 21.07. 10с. №636).

БОБИ 3.

ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМИ РАСМӣ  ВА ОИЛАВӣ

   Моддаи 7. Ҷашнҳои расмӣ

 1.Ҷашнҳои Истиқлолияти давлатии Ҷум-ҳурии Тоҷикистон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваҳдати миллӣ, Наврўз, Сада, Меҳргон, идҳои Рамазон, Қурбон ва дигар идҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд.

2.Дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифтани санаи таъсиси идораву муассисаҳо, ташкилотҳои давлатӣ, ҳамчунин зодрўз ва ёдбуди шахсоне, ки ба давлат ва ҷамъият хизматҳои шоиста кардаанд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

3.Оростани зиёфати расмӣ ба муносибати таъин шудан ба вазифаи давлатӣ, гирифтани рутба, унвон, мукофотҳои давлатӣ ва дараҷаҳои илмию тахассусӣ манъ аст.

4. Дар рўзҳои иди Рамазон ва Қурбон дастархони маънавӣ ва камхарҷи идона ороста шуда, ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ роҳ додан манъ аст. (ҚҶТ аз 28.08.17, №1461)

Моддаи 8. Зодрўз

Ҷашни зодрўз ба таври ихтиёрӣ танҳо дар доираи оила гузаронида мешавад.

Моддаи 9. Хатнасур

1. Хатнасур ба таври ихтиёрӣ танҳо дар доираи оила ва бе хизматрасонии санъаткорон гузаронида мешавад.

2. Хатна бо розигии падару модар аз рўзи таваллуди писар то рўзи бистуми баъди таваллуд дар муассисаҳои тиббии дахлдор бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ба таври ройгон гузаронида мешавад.

3. Маъракаҳои номгузорӣ, гаҳворабандон, чиллагурезон, мўйсаргирони тифл ва дигар маъракаҳои ба таваллуди кўдак вобаста дар доираи оила, бе забҳи чорво ва хизматрасонии санъаткорон баргузор карда мешаванд.

4. Гузаронидани маъракаи ақиқа манъ аст.

5. Падару модар ва дигар шахсони онҳоро ивазкунанда метавонанд аз маблаѓҳои сарфашуда то расидан ба синни балоѓат дар бонкҳо ба номи писаронашон суратҳисоб кушоянд.

6. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки имконияти молиявӣ доранд, метавонанд бо иштироки комиссияҳои доимии маҳаллӣ хатнасури хайриявии писарони бепарастор ва аз оилаҳои камбизоатро баргузор намоянд.

7. Тартиби гузаронидани хатнасури хайриявиро мақоми ваколатдор муайян менамояд. (ҚҶТ аз 28.08.17, №1461)

Моддаи 10. Тўйи домодию арўсӣ

1.Тўйи домодию арўсӣ дар давоми на бештар аз ду рўз ба таври ихтиёрӣ бо оростани зиёфат барои то 150 нафар ва додани оши тўй барои то 200 нафар аз ҳисоби ҳар ду ҷониб гузаронида мешавад.

2.Ташкили маъракаҳои фотиҳаи тўй, маслиҳатошӣ, идонабарӣ, сандуқбарон, сарупобинон, чойгаштак, раисталбон, қудоталбон, ноншиканон, хонакашон, модарталбон, падарталбон, рўйбинон, чодарканон, муборакбодӣ, шаҳтозон (роҳбандон), тақдими сарупо барои меҳмонони тарафайн ва хешу табори домоду арўс, ба истиснои тақдими туҳфаҳо барои домоду арўс ва падару модари онҳо манъ аст. (ҚҶТ аз 28.08.17, №1461)

3.Маросими домодталабон ва арўсбинон ба таври ихтиёрӣ дар доираи оила бо иштироки то 15 нафар гузаронида мешаванд.

4. Падару модари домоду арўс ва ё шахсони онҳоро ивазкунанда бо маслиҳати тарафайн метавонанд ба ҷойи додани оши тўй маблаѓи онро ҷиҳати беҳтар гардондани шароити зиндагии навхонадорон сарф намоянд. (ҚҶТ аз 28.08.17, №1461)

5. Ҳамсарон ҳуқуқ доранд, ки тибқи муқаррароти Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон байни худ аҳдномаи никоҳ банданд.

6.Маросими қайди давлатии ақди никоҳ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ҷамоатҳо бо истифодаи на бештар аз 4 автомошинаи сабукрав гузаронида мешавад.

7.Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки имконияти молиявӣ доранд, метавонанд бо иштироки комиссияҳои доимии маҳаллӣ тўйи домодию арўсии хайриявии ҷавононро аз оилаҳои камбизоат баргузор намоянд.

8.Тартиби гузаронидани тўйҳои домодию арўсии хайриявиро мақоми ваколатдор муайян менамояд. (ҚҶТ аз 28.08.17, №1461)

Моддаи 11. Маросими дафну азодорӣ

1.Маросими ҷаноза бе маҳдудияти шумораи иштироккунандагон сурат мегирад.

2. Маросими «се», «чил» ва «сол» бе забҳи чорво ва додани таом гузаронида мешаванд. (ҚҶТ аз 28.08.17, №1461)

3.Дар маросими дафну азодорӣ забҳи чорво ва додани таом, ташкили «оши сари тахта», «душанбегӣ», «ҷумъагӣ», «ҳафт», «бист», «шашмоҳагӣ», ҳамчунин додани пули нақд ва дигар ашё, ба истиснои ҳаққи хизмати қабркан ва мурдашўй, манъ аст.

4. Тартиби гузаронидани маросими дафну азодориро мақоми ваколатдор муайян менамояд. (ҚҶТ аз 28.08.17, №1461)

Моддаи 12. Маросими ҳаҷ

1.Маъракаҳои гусел ва пешвози ҳоҷиён дар доираи оила гузаронида мешаванд.

2.Ташкили маъракаҳои ҳоҷизиёрат, ҳоҷиталабон ва ҳоҷиошӣ қатъиян манъ аст.

3. Тартиби сафари шаҳрвандонро барои адои ҳаҷ ва умра Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад. (ҚҶТ аз 28.08.17, №1461)

Моддаи 13. Ҷои баргузории ҷашну маросим

Ҷашну маросим дар майдончаҳои (ҳавлиҳои) назди биноҳои истиқоматӣ, дохили хонаҳои шахсӣ ва ё дар тарабхонаҳо, қаҳвахонаҳо, ошхонаҳо ва ё тўйхонаҳо бо риояи тартиботи ҷамъиятӣ гузаронида мешавад.

Маросими мавлудхонӣ ба таври ихтиёрӣ танҳо дар масҷидҳо бе ҷамъоварӣ ва додани маблаѓи пулӣ ва таом сурат мегирад.

Дар ҷашну маросим пошидан ва часпондани пул манъ аст.

БОБИ 4.

 ТАНЗИМИ ХИЗМАТРАСОНӣ ДАР

ҶАШНУ МАРОСИМ

Моддаи 14. Тартиби хизматрасонии ҷашну маросим аз тарафи муассисаҳои фарҳангӣ, тарабхонаҳо ва ошхонаҳо

1. Хизматрасонии ҳунармандон дар тўю маъракаҳо дар асоси шартномаи тарафайн бо риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

2. Маъмурияти қаҳвахона, ошхона, тарабхона ва тўйхонаҳо уҳдадоранд хизматрасонии тўю маъракаҳоро дар асоси шартномаи тарафайн ба роҳ монда, ҳангоми баргузории тўю маъракаҳо талаботи Қонуни мазкурро вобаста ба шумораи даъватшудагон  ва вақти баргузории онҳо риоя намоянд.

3. Тўю маъракаҳо дар шаҳрҳо дар рўзҳои истироҳат аз соати 8 то соати 22 ва дар рўзҳои корӣ аз соати 18 то соати 22, дар шаҳраку деҳот (аз ҷумла шаҳраку деҳоти тобеи шаҳр) дар рўзҳои истироҳат аз 1 апрел то 31 октябр аз соати 6 то соати 22, аз 1 ноябр то 31 март аз соати 8 то соати 22 ва дар рўзҳои корӣ аз соати 18 то соати 22 гузаронида мешаванд. Давомнокии тўю маъракаҳо то се соат муқаррар карда мешавад. (ҚҶТ аз 28.08.17, №1461)

 

БОБИ 41.

УҲДАДОРИИ ШАХСОНИ ВОҚЕӣ ВА ҲУҚУҚӣ ҲАНГОМИ ГУЗАРОНИДАНИ ТЎЮ МАЪРАКАҲО

 Моддаи 141. Уҳдадории шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми гузаронидани тўю маъракаҳо

1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ уҳдадоранд ҷашну маросимро бо риояи талаботи Қонуни мазкур баргузор карда, мақоми ваколатдор ва комиссияҳои доимии маҳаллиро доир ба баргузории тўйи домодию арўсӣ ва маросими азодорӣ хабардор намоянд.

2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ уҳдадоранд рукнҳои  фарҳанги миллӣ, аз ҷумла забони давлатӣ ва либосҳои миллиро ҳифз намоянд. (ҚҶТ аз 28.08.17, №1461)

 

БОБИ 5.

МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӣ

Моддаи 15. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

2. Аъзои Ҳукумат, раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, дигар шахсони мансабдори давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ, судяҳо, кормандони мақомоти прокуратура, амният, корҳои дохилӣ, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, андоз, гумрук, кормандони мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур аз ҷониби онҳо ва фарзандонашон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳу-рии Тоҷикистон аз мансаб озод карда мешаванд. (ҚҶТ аз 28.08.17, №1461)

Моддаи 16. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон     Э. РАҲМОНОВ

ш. Душанбе,

8  июни соли 2007,

№272

Ба матбаа 30.08. 2017 супорида шуд.
Ба чопаш 31.08. 2017 имзо шуд.

Қоѓази офсетӣ. 1  ҷузъи чопӣ.
Андозаи 60х84 1/16. Фармоиши № 180.

Адади нашр 500 000 нусха. 

 

734018 ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ 16.

Нашриёти “Шарқи озод”-и Дастгоҳи иҷроияи

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон