Равобити байналмилалӣ ва ташкили ҳаҷ

Шӯъбаи равобити байналмилалӣ ва ташкили ҳаҷи Кумита бо мақсади ба танзим даровардани сафари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҷиҳати анҷом додани маносики ҳаҷро ба танзим медарорад.

Зимнан, дар натиҷаи ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, мардуми мусалмони кишвар имконият пайдо намуданд, ки бо истифода аз ҳуқуқ ва озодиҳои эътиқодии худ маросимҳои динӣ, аз  ҷумла фаризаи ҳаҷ  ва умраро озодона ба ҷо оранд. Шукронаи истиқлолияту озодии Ватан, ки дар ин миён беш аз сад ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон зиёрати Хонаи Худо карданд. Чунин шараф танҳо бо сабаби озодию истиқлолият имконпазир гардид, вагарна дар гузаштаи начандон дур ин барои ҳамагон як орзуи маҳол буд. Дар даврони шўравӣ нафарони  ангуштшумор ба зиёрати Хонаи Каъба шарафёб мешуданд. 

 Ҳоҷиёни аввалини замони Шўравӣ  соли 1945  ба Арабистони Саудӣ  сафар карда, 10 рўз дар Макка ва 12 рўз дар Мадина меҳмон шуда, дар бозгашт ҷойҳои таърихии Миср, БаҒдод, Шом, Теҳронро зиёрат карданд. 15 феврали соли 1945 ҳоҷиён ва нахустҳоҷӣ аз Тоҷикистон Қорӣ Абдулмаҷиди Ҳоҷӣ Юсуф сиҳат ва саломат ба ватан баргаштанд.

Сафари дуюмини ҳоҷиёни Тоҷикистон ба Маккаву Мадина соли 1946 сурат гирифт. Дар ҳайати он   Баширхонтўра Исҳоқӣ ҳамроҳ буданд. Минбаъд аз Тоҷикистон олимон аз қабили Зикруллохоҷа Хоҷаев, Юсуфхон Баширхонович Исҳоқӣ, Ғуфрон Тоҳиров, Муҳаммадхоҷа Бобохоҷаев ҳамроҳи ҳоҷиён ҳамчун духтур рафта, тавофи Каъба карданд.

Ин ҷо боиси қайд аст ки ҳатто дар замони шўравӣ     фарзандони барўманди халқи   тоҷик, аз қабили Бобоҷон Ғафуров соли 1974 ба сафари ҳаҷ  шарафёб шуда буданд.

Дар солҳои  аввали истиқлолият  сафарбаркунии шаҳрвандон ба ҳаҷ  ва умра ба ихтиёри ширкатҳо ва шахсони алоҳида буд, ки барои  ҳаҷравандагон мушкилоти зиёде ба миён меомад.  Бо назардошти ҳамин ва  бо мақсади дар сатҳи баланд ва муташаккилона баргузор намудани  ин маъракаи басо муҳимми динӣ  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, №470   аз 2 декабри соли 2005 “Дар бораи ба тартиб даровардани гузаронидани ҳаҷ  ва  умра” ба тавсиб расид  ва  ташкили ин маърака ба зиммаи собиқ Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шуд, ки дар натиҷа сафари  ҳаҷи шаҳрвандони  кишвари азизамон як низоми хосро соҳиб шуд.

Ҳоло дар шуъбаи равобити байналмилалӣ ва ташкили ҳаҷи Кумита 4 нафар фаъолият мекунад.

Роҳбарии шуъбаро Юсуфов Абдуғаффор Ҳақризоевич ба уҳда дорад. 

Тел: 227-46-84