ДУ ҚОНУНШИКАНӢ ДАР ЯК МАЪРАКА. НАТИҶАҲОИ РЕЙДИ САНҶИШИИ КОРМАНДОНИ КУМИТА

Тибқи Нақшаи кории Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Кумита дар нимсолаи якуми соли 2018 ташкил намудани рейдҳои санҷишӣ доир ба риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар назар дошта шудааст.

Дар моҳи январи соли равон аз тарафи кормандони Раёсат дар ҳамкорӣ бо бахшҳои оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Шаҳринав, инчунин дар ҳамкорӣ бо кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Шаҳринав 3 ҳолати қонуншиканӣ ошкор ва нисбат ба қонунвайронкунандаҳо аз ҷониби мақомоти судӣ ҷарима таъйин гардид.

Аз ҷумла, муайян гардид, ки сокини шаҳри Ҳисор Абдулҳақ Бердиев талаботи қисми 1 моддаи 10-и Қонун – яъне баргузории тӯйи домодию арӯсиро нодида гирифта, ба қонуншиканӣ роҳ додааст. Ин банди Қонун шумораи иштирокдорон дар маросими зиёфатро 150 нафар муайян намудааст. Аммо санҷиш собит намуд, ки дар маросими тӯйи ин сокини шаҳри Ҳисор беш аз 300 нафар меҳмонон ҳузур доштанд.

Дар баробари ин, дар ҳамин маърака нисбат ба сароянда Нормурод Ашӯров, сокини ш. Турсунзода, ки талаботи қисми 1 моддаи 14-и Қонунро ба инобат нагирифта, бо соҳибмаърака шартнома набастааст, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд. Бо қарори суд, бо дастрасӣ ба моддаи 481-уми Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба Абдулҳақ Бердиев ҷазо дар намуди ҷарима - 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 5 ҳазор сомонӣ ва нисбат ба Нормурод Ашӯров 50 нишондиҳанда, баробар бо 2500 сомонӣ татбиқ карда шуд.

Ҳамчунин, санҷиши гурӯҳи корӣ муайян намуд, ки сокини ноҳияи Шаҳринав Элмурод Сафаров аснои баргузории маросими қайди давлатии ақди никоҳ шумораи муайяни автомошинаҳоро сарфи назар намуда, ҳудуди 10 автомошинаро дар ин маросим сафарбар намудааст, ки амал мухолифи талаботи қисми 6 моддаи 10-и Қонун мебошад. Нисбат ба ҳолати мазкур парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд ва дар асоси он суд нисбат ба ҳуқуқвақронкунанда 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 5 ҳазор сомонӣ ҷарима таъйин намуд.

 

Таҳияи Муродалӣ Муҳаммадрасул,

сармутахассиси раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Кумита