АМАЛИЁТИ «ШОХАИ ЗАЙТУН» ВА БУНЁДИ МИНТАҚАҲОИ АМНИЯТӢ

  • Posted on: 13 February 2018
  • By: admin

Вазъияти мураккаби сиёсию иҷтимоӣ ва идома ёфтани раванди буҳронӣ дар минтақаҳои даргири Ховари Миёна аз оғози соли 2018 собит намуд, ки ҳанӯз дар бораи оромӣ ва расидан ба сулҳу субот муҳокимаронӣ намудан аз ҳақиқат дур аст. Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат таъкид гардида буд, ки «воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргу­зор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат метавонад боиси амиқ гардидани таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва башариву фарҳангӣ дар минтақаҳои гуногуни олам гардад».

Тибқи таҳлилҳои коршиносон баъд аз маҳв шудани марказҳои асосии идоракунӣ ва зерсохтори умумии созмони террористии ДИИШ доир ба дурнамои муътадил намудани вазъият дар минтақаҳои ҷангза­даи Ироқ ва тамоми қаламрави Сурия гуфтушунидҳо бисёр бо мушкилӣ, бархӯрди манфиатҳо ва номуайянии том пеш меравад. Сабаби асосӣ дар он аст, ки байни кишварҳои манфиатдори минта­қавӣ ва ҷаҳонӣ доир ба ҳалли ин масъала на танҳо мавқеи ягона вуҷуд надорад, балки ба ҳам наздик омадани манфиати тарафҳо низ ҳанӯз дар назар гирифта нашудааст. Конференсияе, ки рӯзҳои 30-31 январи соли 2018 зери унвони «Конгресси муколамаи миллӣ» дар шаҳри Сочи баргузор гардид, як ҳайати 1500 нафараро аз намояндагони қишру табақаҳои гуногуни мақомоти ҳукуматӣ ва сарварони гурӯҳҳои мухоли­фини Сурия ба ҳам овард. Ҳадафи асосӣ хотима бахшидан ба ҳама гуна низоъҳо ва ҷангҳои дохилӣ дар ин кишвар, барқарор намудани зерсох­торҳои харобшуда ва шурӯъ намудани муҳокимаи лоиҳаи Конститутсияи нави Сурия эълон гардид. Албатта, ин иқдом ҳанӯз оғози кор аст, зеро ки даргириҳо ва муқовиматҳои гурӯҳҳои мусал­лаҳ дар шаҳру ноҳияҳои ин ҷумҳурии ҷангзада идома доранд. Рафти баргузории ин чорабинӣ ошкор намуд, ки мавқеи шарикони стратегии ин ҷанги 7-сола, яъне ФР, Туркия ва Эрон якнавохт нест. Ва муносибати онҳо доир ба баргузории форуми Сочи ва наомадани ҳайати Туркия ҳам ин ихтилофро зоҳир кард.

Дар вазъияти нав хатару таҳдид дар қаламрави Сурия аз ҷониби роҳбарияти сиёсии Туркия эҳсос гардид. Ба ақидаи онҳо, дар масъалаи муносибат ба ҳизбу ҷараёнҳои ифротӣ ва гурӯҳҳои мусаллаҳ кишварҳои абарқудрат муноси­ба­ти духӯра зоҳир намуда, онҳоро аз нигоҳи молиявӣ ва таъмини аслиҳаву лавозимот дастгирӣ менамоянд. Ҳизби коргарии Курдистон ва Иттиҳоди нерӯҳои демократии Сурияро аз қабили ҳамин гуна аҳзоб донис­та, артиши Туркия амалиёти ҷангиро дар ҳудуди шаҳрҳои Аъзоз ва Ифрин зери унвони «Шохаи зайтун» оғоз бахшид. Ин амалиёт боиси фавти одамони зиёд, инчунин аз ҷойҳои зисти худ дубора фирор намудани мардуми акнун андаке оромгирифта гардид. Оҳиста-оҳиста миқёси майдонҳои ҷанг васеъ гардида, акнун мақсади дигар бунёди минтақаи аманиятӣ ба дарозои тамоми ҳудуди Туркияву Сурия дар умқи то 30 км дар вилоятҳои ҳамсарҳади Ҳасака, Дайру-з-зур, Раққа, Ҳалаб, Идлиб ва Латакия ба миён омадааст. Табиист, ки чунин тағйиротҳо боиси шиддати тоза пайдо кардани вазъият ва сар бардош­тани нерӯҳои ҷангии дар дохил боқимонда мегардад. Хусусуияти буҳро­нӣ касб наму­да­ни амалиёти «Шохаи зайтун», зиёд шудани теъдоди қурбониён аз ҳар ду тараф, ҳадафи ҳамлаҳои террористӣ қарор гирифта­ни базаи ҳавоии ФР, сарнагун шудани як ҳавопаймои ҷангӣ ва кушта шудани сарнишини он нишонаҳои нохушоянде мебошанд, ки аз ояндаи норавшани вазъият дар фазои сиёсии ин кишвар дарак медиҳанд.

Як падидаи нигаронкунандаи дигар дар ин самт ҳамон аст, ки ҳеҷ яке аз тарафҳои даргир ҳанӯз дар бораи ояндаи давлати Сурия, баргардонидани гурезаҳо, барқарор намудани иқтисодиёти валангори он ва пешбинӣ кардани маблағҳои зарурӣ бо ин мақсад аслан масъала­гузорӣ намекунанд. Идома ёфтани ҳолати номуайянӣ сабаби коҳиш ёфтани вазъи башардӯстона, афзоиши зӯроварӣ дар минтақаҳои гуногун ва поймол шудани одитарин ҳуқуқҳои инсонӣ мешаванд. Илова бар ин, қарори президенти ИМА оид ба пойтахти Исроил эътироф намудани шаҳри Байтулмуқаддас таваҷҷуҳи ҷомеаи арабию мусулмониро ба самти проблемаи куҳантарини минтақа – Фаластин, пойтахти он будани Байтулмуқаддаси шарқӣ ва эътироф намудани он ҳамчун давлат равона гардонид. Ин масъала низ бар он далолат мекунад, ки мавқеи кишварҳои калидии минтақа дар атрофи ҳалли дурусти ин қазия якнавохт нест.

Дар пояи сиёсати нави бунёди минтақаҳои амниятӣ дар самти амалиётҳои ҷангии Яман низ буҳрони сиёсӣ шиддат гирифта истодааст. Тарафдорони ҳаракати Ансоруллоҳи ҳусӣ вазъиятро дар шаҳри Санъо зери назорати худ қарор додаанд ва кӯшишҳои нерӯҳои ҳукуматӣ бо сардории президенти қонунии Яман Абдурабиҳ Ҳодӣ то ҳанӯз натиҷаи дилхоҳе надодааст. Нерӯҳои коалитсияи арабӣ асосан аз тариқи истифодаи қудрати ҳавопаймоҳои ҷангӣ масъаларо ҳал карданӣ ҳастанд. Вале дар майдони амалиёти ҷангӣ вазъи сиёсӣ-низомӣ зери назорати комили ҳаракати шиагароёни Ҳусӣ боқӣ мондааст, ки ин ҳолат ҳатто масъалаи расонидани ёрии башардӯстона ба мардумро мушкил гардони­да­аст. Бо истифода аз нооромиҳои дохили Яман дар қисмати ҷанубии ин кишвар ҷунбишҳои ҷудоихоҳӣ оғоз шудааст, ки мехоҳанд мисли пештара Ямани ҷанубиро бо пойтахташ шаҳри Адан аз Ҷумҳурии Ямани муттаҳида ҷудо созанд. Ин ҷунбиш бо номи Маҷлиси интиқоли Ҷануб доир ба мақсаду ҳадафҳои худ маълумот паҳн карда истодааст, ки вазъи бе ин ҳам буҳронии минтақа, ба хусус рафтуомади киштиҳои боркашро дар гулӯгоҳи Бобу-л-Мандаб вазнинтар сохтааст.   

Бояд гуфта шавад, ки торумор шудани зерсохторҳои созмони террористии ДИИШ ва андаруни кишварҳои гуногун фирор кардани як теъдоди муайяни ҷангиёни он боиси пайдоиши таҳдиду хатарҳои глоба­лии нав гардидааст, ки ба амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ ва марзҳои ҷанубии ИДМ бо Афғонистон низ таъсиргузор шудааст. Хусусияти буҳронӣ касб намудани ин равандро 26 декабри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Москва ба таври махсус таъкид намуданд. Дар рафти мубодилаи афкори озоди сарони давлатҳо Пешвои миллат тамоюлҳои хатарноки  соли 2017-ро дар арсаи байналмилалӣ арзёбӣ намуда, таваҷҷуҳи иштирокчиёни вохӯриро ба яке аз мавзӯъҳои асосии рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ, яъне ҷараёни рушди вазъият дар Афғонистон ҷалб намуданд ва зарурати тақвияти минбаъдаи ҳамдастӣ дар мубориза бо хатару таҳдидҳои глобалиро таъкид карданд. Вобаста ба ин масъала ва  дигар вазифаҳои дарпешистодаи ИДМ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон муқаррароти асосии Консепсияи раисӣ намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон­ро дар соли 2018 шарҳ доданд. Суханронии Ҷаноби Олӣ идомаи ҳамон дастуру супоришҳое буданд, ки дар Паёми имсолаашон таъкид гардида буд: «Хатарҳои замони муосир, вазъият дар Ховари Миёна, бахусус, вазъи Афғонистони ҳамсоя моро водор месозанд, ки ба масъалаи таъмини амният диққати аввалиндараҷа диҳем. Бахусус, дар қаламрави Афғонистон пайдо шудани террористони ба ном «Давлати исломӣ», ки баъзе шаҳрвандони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низ ба он шомиланд, вазъро боз ҳам ноором намуда, боиси ташвиши давлатҳои ҳамсоя гардидааст. Тоҷикис­тон, ки бо Афғонистон сарҳади тӯлонӣ дорад, ба ин масъала бетафовут буда наметавонад».

Амалан мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини бехатарӣ дар сарҳадҳои берунӣ, аз ҷумла дар марзҳои ҷанубии Иттиҳод, иҷрои  барномаву нақшаҳо ва бунёди минтақаи амниятиро дар ин самт пайгирона роҳандозӣ менамояд, то ки фазои сулҳу субот ва истиқрор дар минтақа ҳифз карда шавад. Аз ҷониби дигар, дар вазъияти зуд тағйирёбан­даи байналмилалӣ ва минтақавӣ аз ҳар як шаҳрванди ҷумҳурии мо тақозо мегардад, ки ба масъалаи зиракии сиёсӣ ва ҳушёрии миллӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд. 

Файзулло Баротзода,

директори Маркази исломшиносӣ дар

назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон