ИСЛОМ-ТАРҒИБГАРИ ВАТАНДӮСТӢ

Худованд дӯст доштани Ватанро дар дили инсон аз азал ҷой кардааст. Офаридгор тавассути ақлу идрок ва фаросат ба одам ва фарзандонаш нисбат ба дигар махлуқот бартарӣ додааст, ки ватанро бештар шиносад ва дӯст дорад. Ҳикмати дӯст доштани Ватан дар он аст, ки ҳар як инсон бояд дар ободиву шукуфоиаш саҳми чашмрас гузорад. Ҳамон тавре ки њазрати Умар Ибни Хатоб (р) гуфтаанд: «Агар муҳаббати Ватан намебуд, шаҳрҳо обод намешуданд».

Дар Куръони карим Худованд манзалати дӯст доштани Ватанро чунин баён кардааст:

«Ва агар мо барои онҳо менавиштем, ки хештанро бикушед ё аз хонаҳои хеш берун шавед, ҷуз андаке аз онҳо ин корро намекарданд» (сураи Нисо, ояти 66).

Яъне, Худованд он авомири машаққат чун худкушӣ ва аз диёр берун шуданро ба бандагонаш нафармудааст. Ба ибораи дигар гӯем, Худованд аз Ватан маҳрум шуданро ба қатли нафс баробар кардааст.

Далели дӯст доштану обод кардани Ватан аст, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ободонӣ ва пешрафту шукуфоии кишвари азизамон саҳми басо бузург доранд. Бо ибтикори Сарвари давлат нақбу роҳҳо сохта шуда, Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ баромад. Дар аксари шаҳру деҳоти мамлакат он қадар биноҳои наву замонавӣ бунёд гардиданд, ки симои онҳо, бахусус шаҳри Душанбе хеле тағйир ёфтанд.

Агар ободии кишвар ва деҳот манзалати бузург намедошт, дар ислом ҳароина Паёмбари Худо садақаи ҷория эълон немакард ва яке аз беҳтарин амали солеҳ намешуморид. Чи гунае ки Паёмбари Худо (с) фармудаанд:

Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки Пайғамбари Худо (с)  гуфтанд: «Ҳангоме ки фарзанди одам бимирад, савоби амали ӯ қатъ мегардад, ғайр аз се чиз: “Садақаи ҷория; ё илме, ки аз он дигарон суде баранд; ё фарзанди солеҳ, ки барои вай дуойи хайр кунад».  

Бо ҳидоят ва саъю кӯшиши беназири Президенти мамлакат ба кишвари мо ба сарзамини амну обод ва рӯ ба тараққӣ мубаддал гардид ва дар арсаи байналмилалӣ обрӯву эътибор ва нуфузи худро пайдо кард.

Воқеан, ватан ягона арзише ҳаст, ки дар ҳеҷ давру замон ва бо мурури тағйир хӯрдани дунё ва сохти кишварҳо волоият ва маҳбубияту маъруфияти худро аз даст нахоҳад дод. Тамоми таълимотҳои диниву дунявии ҷаҳонӣ мафҳуми ватанро дар мавқеи аввал мегузоранд, зеро инсон бидуни муҳаббати он қобили пазироии дигар анвои меҳру муҳаббат буда наметавонад. Меҳри ватанро бузургони андеша беҳуда бо меҳри модар дар як саф нагузоштаанд. Агар модар инсонро ба вуҷуд оварад ва тарбия карда, ба муҳит ва оила ҷазб намояд, пас, ватан рӯҳия ва камолоти инсониро парвариш дода, дигар арзишҳои волои инсониро ба онҳо зам мекунад.

Як хислати муҳими ватандӯстӣ ҳамин аст, ки инсони солимандеша нисбат ба пешрафт ва мушкилоти меҳанаш бепарво ва бетараф буда наметавонад. Пешрафти ватанашро аз они хеш ва камбуду нуқсони ӯро низ ҳамчун мушкилоти хештан арзёбӣ мекунад. Ин беҳтарин фазилатест, ки аз ибтидо дар домани кишварҳои алоҳида ва мулкҳои ҷудогона инсонҳо одати зиндагӣ карданро аз бар намуданд. Ҳама динҳои осмонӣ, аз ҷумла дини мубини Ислом низ дӯст доштани ватан ва ҷонфидоӣ дар роҳи ватанро ҳамеша таблиғ мекунад.

Дини мубини Ислом инсониятро барои дӯст доштану ободонии ватан ва холисона хидмат кардан ба ҷомеа, аз байн бурдани душманиву нифоқ ва густариши дӯстиву ҳамгироии одамон даъват мекунад. Худованди меҳрабон дар Қуръони карим мефармояд: "Барои некбахтӣ ва тақвои Худованд ҳамкорӣ кунед ва дар роҳи гуноҳ ва душманӣ ҳамкорӣ макунед".  

Дар роҳи некбахтӣ ва корҳои нек ҳамкорӣ кардан маънои барои тинҷиву амонӣ ва сулҳу субот, дастгирии ҳамдигарӣ муттаҳид будани мардумро дорад. Тинҷиву амонӣ аз ҷумлаи бузургтарин неъматҳои Худованд буда, нигоҳ доштани он вазифаи бузург ва аввалиндараҷаи ҳар як инсони оқилу комил мебошад, зеро дар Қуръони карим омадааст:

"Эй мардумон, аз он чи дар замин ҳалоли покиза аст, бихӯред ва гомҳои Шайтонро пайравӣ макунед, ҳамоно ӯ барои шумо душмани ошкор аст".

"Эй касоне, ки имон овардаед, ҳама дар итоати Худованд дароед ва ба роҳи шайтон наравед, албатта шайтон барои шумо душмани ошкор аст".

Ҳамчунин дини мубини Ислом ба халқу ватан садоқат доштанро бисёр қадр мекунад. Ҳар як инсон, хусусан ҷавонон барои дӯст доштани ватани азиз бояд корҳои неку аъмоли барои ҷомеа манфиатбахшро анҷом бидиҳанд. Фаромӯш набояд кард, ки инсон дар мафҳуми шаҳрванд дар назди ватан дар баробари доштани ҳуқуқ ва озодиҳо, инчунин уҳдадориҳо ва масъулиятҳои бузурге дорад. Ин аст, ки тибқи ҳикмати ибратомӯзи исломӣ ӯст доштани ватан аз гӯшаи имон аст".

Инсони некбахт нафақат ватанашро дӯст медорад, балки барои ободонӣ ва аз фитнаҳо нигоҳ доштани он саъю талош ба харҷ медиҳад ва бо душманони он муборизаи беамон мебарад. Паёмбари Худо (с) мефармояд:

Ду чашмест, ки ҳаргиз дар оташи дӯзах намесӯзад, яке аз тарси Худо гиря мекунад, дигаре дар роҳи дӯст доштани ватан мижа назада хидмат мекунад.

Агар ба таърихи паёмбарон назар кунем, мебинем, ки Ҳазрати Мӯсо (а) ҳарчанд дар Мадян иқомат дошт, охир ба ватан баргашт. Юсуф (а) дар Миср мулки шоҳӣ дошт, охир ба ватан баргашт. Ҳазрати Иброҳим (а) дар ҳаққи ватан дуо кард, Худо дуояшро мустаҷоб гардонд:

"Ва он гоҳ, ки Иброҳим гуфт: Эй Парвардигори ман, ин маконро шаҳри боамн бисоз ва аз сокинонаш касеро, ки ба Худо ва рӯзи бозпасин имон оварад, аз меваҳо рӯзӣ деҳ” (сураи Бақара, ояти 126).

Имрӯз дар масъалаи ватандӯстӣ ба он хотир суҳбат мекунем, ки мо бояд ба қадри ватан, ба қадри сулҳу субот, оромиву амнияти кишвар бирасем.

Агар мо боре ба ҳоли баъзе кишварҳои ҳамсоя назар кунем, мебинем, ки одамон дар орзуи сулҳанд. Мардуми Украина чанд сол мешавад, ки ба хоку хун ғӯтавар шудааст. Ҳар рӯз садҳо нафар мардуми осоишта, пиру кӯдак кушта мешавад, ба сари мардум аз тамоми силоҳҳои мавҷудбуда тиру тӯп холӣ карда мешавад, шаҳрҳо вайрон, хонаҳо валангор гашта, фарзандон ятим мегарданд. Ин воқеа аз куҷо сар зад? Аз ношукрии одамон, зеро онҳо ба қадри тинҷиву оромӣ нарасиданд. Гумон карданд, ки бо гирдиҳамоиҳову эътироз зиндагиашон беҳтар мешавад. Имрӯз ҳар ду тарафи мухолиф аз карда пушаймонанд, аммо аз пушаймонӣ суд нест.

Агар мо дар Тоҷикистони азиз ҳушёриву зиракиро аз даст диҳем, ба гуфтаи фитнагару иғвоангезон фирефта шавем, ҳоли мо чӣ мешавад? Имом Муслим дар муқаддимаи <<Саҳеҳ>>-аш ҳадисеро аз Паёмбари Худо с ривоят мекунад, ки фармуданд

Дар охири замон якчанд ҳилагар ва дурӯғгӯ пайдо мешаванд, ҳадисҳоеро ба шумо нақл мекунанд, ки на шумо ва на падарону ниёгонатон онҳоро нашунидаед. Пас ҳушёр бошед ва хештанро аз шарри эшон нигоҳ доред, то накунад, ки гумроҳатон намуда, аз дин мунҳарифатон созанд.

Онҳое, ки аз номи ислом сухан мегӯянд, ояту ҳадис меоранд, мехоҳанд ба ин васила ба ғаразҳои худ ноил шаванд. Зеро дар асл, ҳар иғвоангез фитнагару шайтон аст, шайтони инсӣ, ки мехоҳад дар рӯи замин фасод кунад, мехоҳад кишвари моро ноором созад, зеро бадхоҳ ва душман пешрафту тараққӣ, сулҳу салоҳро дида наметавонад. Мисли Украинаву Сурия, Ироқу Либия ба воситаи ҷангу хунрезӣ мехоҳад дунё ба даст орад.Оромиву амнияти ватан дар дасти худи мост. Агар мо ба қадри и неъмат нарасем, куфрони неъмат кардаем ва дар пешгоҳи Худованд носипос мегардем. Ҳифзу ҳимояи ватан дар ислом ҷойгоҳи хосе дорад ва Худованди таъоло мусулмононро ба ҳифзи марзу буми ватани худ амр кардааст. Ҳар яки мо вазифадорем, бароямон фарзу суннат аст, ки нигаҳбони сулҳу субот, тинҷиву оромӣ бошем.

Ҳимояи ватан савоби бендоза дорад. Уламо мегӯянд, як шаб ҳимояи ватан беҳтар аз тамоми некиҳост ва манзалати ҳомии ватан мисли фариштагони нигаҳбон аст.

Дар ҳадисе аз Паёмбари Акрам (с) омадааст: Фариштагон се овозро ба таъҷил ба осмон мерасонанд:

1. Овози қалами нависандагон [агар хайр нависанд].

2.Овози чархресии занон дар хона [яъне, фазилати меҳнати ҳалол].

3. Овози қадами марзбонон [чун дар гармову сармо ватани худро аз душманон ҳифз мекунанд].

Шарофиддин Ҷамолов,

имоми масҷиди панҷвақтаи маҳаллаи 103-юми ш. Душанбе