АНҶУМАНИ “ЗИЁИЁН”-И ДАСИСАКОР БО ҒОЯҲОИ КУҲНАВУ АМАЛИШУДА

  • Posted on: 13 February 2018
  • By: admin

Нафароне, ки дар хориҷ аз кишвар истода, бо ташкили анҷуману ҳар гуна гурӯҳҳо даст ба тафриқаи ҷомеа мезананд ва худро  зиёӣ мехонанд, аслан ғуломони андешаву ғояҳои аҷнабиёнанд. Зеро ҳеҷ як зиёии асили инсонпарвару адолатхоҳ бар зидди давлату ҳукумату миллати худ «Анҷуман» ташикил намекунад.

Мардуми тоҷик алакай аз гузаштаи начандон дур медонанд, ки ҳамаи он кӯшишу талошҳо ва гурӯҳсозиҳо қаблан натиҷае надодаст ва маълум аст, ки ин анҷуман низ дар ҳамон радиф аст. Он фикру идея ва пешниҳодотеро, ки дар баёнияи ин «зиёиёни фаъол» ба назар мерасад, аллакай тӯли 26 сол аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон дар амал татбиқ намудааст ва дар ин самт таҷрибаи кофие ҳам дорост. Он чизеро, ки амалан татбиқ шудааст, дубора ҳамчун идеяи нав барои «обод гардонидани Ҷумҳурии Тоҷикистон» муаррифӣ кардан нишони «зиёии фаъол» будан нест. Аслан ҳадафи ин гурӯҳ фитнаангезист. Яъне мехоҳанд, ки аз паси хоҷагонашон бо дасисабозиҳо маблағе ба даст оранд.  

Маълум аст, ки имрӯз Тоҷикистон ва тоҷикистониён ба ягон ҳизбу ҳаракат ё созмони наве эҳтиёҷ надоранд. Маҳз ташкили ҳизбу ҳаратҳо, аз ҷумла ташкилоти экстремистию террористии ҲНИТ буданд, ки тоҷиконро пароканда намуда, ба мушкилиҳои рӯзгор, аз ҷумла дарбадариву ғарибӣ ва бепадариву бефарзандӣ (манзур ҷанги шаҳрвандист, ки бо дасти ҲНИТ ва хоҷагони ӯ ташкил гардид) оварда расонид. Баъди ин ҳама ҷангу хунрезиҳо, мардум мехоҳанд, зиндагии осуда ва беташвишро дошта бошанд. Магар дар кишваре, ки ҳар як фарди ҷумҳурӣ дар сулҳу амният умр ба сар мебарад, мехоҳад аз ин неъмати бузург рӯйгардон бошад? Ҳаргиз не. Ҳоло ҳар дасисабозе пеш аз ба мақсади худ расидан, ҳар гуна ваъдаҳои дилписанду дастнорасро дода, худро азизу муътабар гардониданӣ мешавад.  Мардуми закӣ ва ҳушёр набояд ба ин доми фиребандаи онҳо гирифтор шаванд. Созмони наве, ки бо номи «Анҷумани озодандешони тоҷик» ташкил шудааст, яке аз чунин домҳои назарфиребанда мебошад. Тоҷики асил набояд ба парокандагӣ ва хушунату бадбинӣ даъват намояд, балки кӯшиш кунад, ки ҳамаро сарҷамъ намуда ба ободиву пешрафти ҷамъият талқин кунад.   Аз қадим тоҷикон тарфдори сулҳ ва амният, натанҳо дар кишвари худ, балки дар тамоми дунё ҳастанд ва мемонанд ва инамал комилан ҷавобгӯи меъёрҳои инсониву исломӣ низ ҳаст.

Иброҳим Хайруллоев,

Зебо Раҳматова,

Талбак Сафаров,

 устодони Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа