ЗАМОНА МАСЪУЛИЯТРО ТАҚОЗО МЕКУНАД

  • Posted on: 24 May 2018
  • By: admin

Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳалии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли соҳаи иҷтимоӣ, олимон, зиёиёни эҷодкор ва ходимони дин, ки рӯзи 12- май баргузор шуд, таконе буд, барои боз ҳам фаъолтар гардондани аҳли ҷомеа дар тарбияи насли наврас. Аз суханронии Сарвари давлат илҳом гирифта, ҳар яки мо бояд андешаву рафтори худро мувофиқи талаботи рӯз ба роҳ монем. Кӯшиш намоем, ки амаламон дар тарбияи насли ҷавон тибқи талаботи рӯз бошад.

Масалан, мо бояд дар андешаи он бошем, ки соли хониш дар мактабҳо ба охир расида истодааст. Муддати ду-се  моҳ  хонандагон аз назди муаллимони худ дур мемонанд. Дар ин давра масъулияти падару модар беш аз пеш меафзояд, бинобар ҳамин назорат аз болои рафтор ва кирдори тифлон пурзӯр бояд гардад. Дар ин гуна ҳолатҳо ҳам қонунҳои мавҷуда ва ҳам шариати исломӣ аз волидайн масъулияти ҷиддӣ талабгоранд.

2-юми августи соли 2011 ҳангоми қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи масъулияти  падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»  Сарвари давлат таъкид карда буданд: «Дар шароити ҷаҳонишавӣ мо бо ҷалби аҳли ҷомеа бояд наслеро тарбия карда ба воя расонем, ки аз нигоҳи одобу ахлоқ, донишу заковат, худшиносиву  ҷаҳонбинӣ ба ниёзмандиҳои ҷаҳони муосир мувофиқ бошад».

Вақте ки шахс аз нигоҳи касбӣ ба қонуни мазкур назар мекунад, мебинад, ки як навъ пурракунии ҷонибҳо вуҷуд дорад. Яъне,  иҷрои пурраи талаботҳои қонун барои мустаҳкам шудани рукнҳои шариат кӯмак мекунад ва баракс, риояи талаботҳои шариат дар ҷодаи эҳсоси масъулият ба иҷрои қонун мусоидат менамояд. Дар ҳадиси пайғамбар омадааст: Ҳар яки шумо барои фарзандон монанди  чӯпон мебошед ва аз фарзандон пурсида мешавед. Яъне маълум мешавад, ки шариати ислом дар давоми 1400  сол масъулиятро дар назди волидон барои таълим ва тарбия ҷиддӣ гузоштааст.

Дар ояти 6-уми сураи «Таҳрим», Худованд амр мекунад: “Фарзандонатонро аз зиндони дӯзах нигоҳ доред”.

Дар қонуни номбаршуда таъкид меравад, «волидайн нисбат ба фарзанд меҳрубон бошанд ва муносибатҳои зӯроваронаро раво набинанд. Ҳамон тавре ки пайдост, ҷаноби Расулаллоҳ (с) меҳру муҳаббатро нисбат ба фарзанд бо амали шахсии худ таъкид кардаанд.

Рӯзе он Ҳазрат набераашон Имом Ҳасанро бӯсиданд. Араъ ибни Хабис ин манзараро дида, гуфт: Ман даҳ фарзанд дорам, боре якеашро бӯса накардаам.

Пайғамбар дар ҷавоб гуфт: Касе раҳм надорад, ба ӯ раҳм карда намешавад.

Ҳамин мавзӯъро Шайх Саъдӣ бисёр хуб баён кардааст:

Писарро накӯ дору роҳат расон,

Ки чашмаш намонад ба дасти касон.

Агар талаботи қонуни мазкурро ба ёд биёрем, дар он зикр гардидааст, ки волидайн бояд фарзандони худро аз ҷиҳати молӣ ва маънавӣ таъмин намоянд. Ин бар он маънӣ аст, ки агар падарону модарон фарзандони худро аз ҷиҳати моддиву маънавӣ таъмин насозанд, онҳо даснигари дигарон мешаванд. Рақибони бадрафтор онҳоро ба кӯи ҷиноят мебаранд, ба дӯздиву ѓорат машѓул мешаванд, ё дар шароити имрӯза метавонанд ба гурӯҳҳои ифротгаро ва терррористӣ бигаравад .

Вақте ки падару модар худашон ѓами фарзандонашонро нахӯранд, каси дигар наметавонад  саробони онҳо бошад. Бесаробон ки монд, ба дасти нопокон меафтанд.  Имом Байҳақӣ аз ҳадисҳои Пайѓамбар (с) ёдовар мешавад, ки он ҳазрат фармудаанд: Ҳаққи фарзанд болои падару модар ин аст, ки ӯро номи нек гузорад ва ӯро одоби нек омӯзад.  Яъне  талаби илм аз гавҳора ба ёд меояд.

Суханваре фармудааст:

         Гар ҳол нек хоҳӣ фарзандро ҳамеша,

         Омӯзаш эй бародар, қуръону хатту пеша.

         Зеро  ки пеша бояд, рӯзе ки кор ояд,

Ҷуз пешае надонад-белу каланду теша.

Дар ҳаёти ҳаррӯза мебинем, ки бисёр падару модарон хушбахтона айши пирӣ меронанд, аз рафтору кирдори фарзандони худ роҳатанд.  Ин давлати пирӣ онҳоро барои он муяссар гаштааст, ки дар вақташ ба тарбияи фарзандон ҷиддӣ машѓул шудаанд. Баракси ҳол, падару модароне ҳастанд, ки дар пиронсолӣ ба ҷои истироҳат дар даву тоз барои масалан аз зиндон халос кардани фарзандони бадкеш овораанд. Маҷбуранд, наберагони худро, ки падарашон дар зиндон ё дарбадар аст, бо пули нафақаи худ нигоҳубин кунанд.

Дар Қонун омадааст, ки волидон фарзандони худро аз истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ, воситаҳои нашъадор  манъ намоянд.  Чӣ тавре  ки медонем,  шариати исломӣ ҳам ин амалҳои номатлубро қатъиян манъ намудааст. Аз гуфтаҳои боло хулоса бароварда, бояд фарзандонро ҳарчи дуртар аз тамошои наворҳои видеоии мазмуни таблиѓи нашъамандӣ, зуровариву фаҳш дошта нигоҳ дорем. Бадбахтона, ҳамин наворҳову хабарҳоро дар телефонҳои мобилии бисёрфунксиядор низ тамошо кардан мумкин аст. Аз ин рӯ, истифодаи телефонҳоро аз тарафи кӯдакон бояд ҷиддӣ назорат кард. Тавассути ҳамин телефонҳо ҳам ба шабакаҳои ифротгароёну тундравон пайвастан мумкин аст.

Дар Қонун шабгардии беҳудаву бидуни назорати калонсолон, сайругашт кардан  манъ карда шудааст, ки риояи ин талаботи қонун бисёр ҳолатҳои ноҳинҷору ногуворро пешгирӣ карда метавонад. Ҳамин ҳолатро мушоҳида карда, баъзан одам тааҷҷуб мекунад, ки фарзанд барои баъзе аз волидон арзиши як чорворо надорад. Бегоҳ гӯсолаву бузѓолааш аз адир наояд, дар ташвиш мешавад, вале бачааш наояд, парво надорад.  

Бинобар гуфтаҳои боло, агар ҳангоми таътил бачаҳо чанд соати муайян ба кори ҷисмонӣ, ба мисли кор дар саҳрои сабзавоткорӣ, боѓу токпарварӣ, аз ҷумла чидани мева ҷалб карда шаванд, ҳам талаба ба кори ҷисмонӣ ҷалб мегардад, ҳам барои кори беҳуда вақт намеёбад. Аз рӯи ҳамин таҷриба бачаҳои шаҳрро ба деҳот, ба хонаи хешу табор равон кардан мумкин аст. Дар ҳолати пайдо шудани имконият аз истироҳатгоҳҳои мавсимии мактаббачагон низ истифода бурдан зарур аст. Ҳатто ба дигар корҳои ҷисмонӣ бо мақсади тарбияи меҳнатӣ, яъне омӯхтани касб сафарбар кардани наврасон аз фоида холӣ нест. Бояд бача ҳикмати халқро, ки “ба як мард чил ҳунар кам аст”, бидонад ва риоя кунад.

Аз рӯи таҷрибаи андӯхта ба волидон боз як маслиҳати дигар доданиам. Волидон ҳар бегоҳ бо фарзандон аз сачашмаҳои гунгун адабиёти мавҷудаи классикӣ 15-20 дақиқа суҳбатҳои фарҳангӣ бигузаронанд, то ин ки бачаҳо одат кунанд ва беҳтарин андарзҳои бобоиро аз худ намоянд. Дар ин ҳолатҳо «Бӯстон» ва «Гулистон»-и Шайх Саъдӣ китоби рӯимизӣ ва зери болишт буда метавонанд. Шайх ба падару модар фармудааст:

Чу хоҳӣ ки номат бимонад ба ҷой.

Писарро хирадмандӣ омӯзу рой.

Чу фарҳангу рояш набошад басе,

Бимирию аз ту намонад касе.

Аъзам ҶАЛИЛЗОДА, 

имом-хатиби масҷиди ҷомеи 

Ҳоҷи Миралии шаҳри Душанбе