ТАВОФИ КАЪБАИ ДИЛ КУН, АГАР ДИЛЕ ДОРӢ...

  • Posted on: 29 May 2018
  • By: admin

Мулоқоти навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷики стон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли ҷомеаи кишвар дар арафаи фарорасии моҳи шарифи Рамазон сурат гирифт, ки бесабаб набуд. Моҳи шарифи Рамазон барои сокинони мусулмо ни сайёра моҳи муқаддас ва муборак маҳсуб мегар дад. Дар ин моҳ яке аз фаризаҳои худовандӣ, яъне рӯза гирифтан амалӣ мешавад. Ин моҳро ҳамвата нони мо, пиру барно дар давоми сол интизор меша ванд ва бо ихлосу боварӣ истиқбол мекунанд. Мар думи ботақво дар ин моҳ тоату ибодат мекунанд ва шахсони шароитдошта дасти сахо ба сӯи ашхоси ниёзманд дароз месозанд. Пешвои миллат оид ба ин масъала бисёр мушах хас ва фаҳмо, бо овардани оятҳои қуръонӣ ишора намуда, бамаврид фармуданд: «Дар моҳи шарифи Рамазон, ки Офаридгор дар каломи осмонии худ онро айёми иҷобати дуо, қабули тавба ва амалҳои хайру савоб донистааст, мардуми мо кӯшиш меку над, ки фазилатҳои парҳезу накукориро бештар риоя кунанд, аз аъмоли зишт худдорӣ кунанд, ба аёдати падару модарони худ ва беморону ранҷурон раванд ва шахсоне, ки тавону имконашон бештар аст, ба ятимону маъюбон ва камбизоатону дармондагон дасти мададу ёрмандӣ мерасонанд». Бо пайравӣ аз ин роҳнамоиҳои Пешвои миллат тайи чанд соли охир ташкилоту муассиса, вазорату кумитаҳо, инчунин шахсони баору номус ва саховат пешаи кишвар кумакҳои хайриявиро ба оилаҳои камбизоату ниёзманд, хонаҳои пиронсолону маъюбон пайваста мерасонанд. Кӯшишҳои Пешвои миллат дар ин самт пеш аз ҳама ба он равона шудааст, ки оилаҳои осебпазири ҷомеа оҳистаоҳиста сатҳу сифати зиндагии худро боло бурда, ба ҳамин васила беҳбуди рӯзгори худро таъмин созанд. Тибқи фар мудаҳои шариати ислом низ садақаи фитр набояд ба шахсони дорою ходимони дин, балки пеш аз ҳама ба хеши наздики ниёзманд, ятиму нодор, маъюбу мусофиру қарздор дода шавад. Дар баробари ин, дар ин моҳи шариф дар мағозаву бозорҳо аз ҷониби баъзе шахсони ҳангомата лабу беинсоф беасос боло бурдани нарху навои ма води хӯрока ба мушоҳида мерасад. Масалан, чанд рӯз қабл аз оғози моҳи шарифи Рамазон якбора дар баъзе дӯкону мағозаҳои шаҳри Душанбе гӯшт ка мёфт гардида, рӯзҳои баъдӣ нархи гӯшти гов аз 36 сомонӣ то ба 3940 сомонӣ боло рафт. Фурӯшандаҳо ҳолатро дар кам ворид шудани гӯшт маънидод ме карданд, ки ба ҳақиқат дуруст намеояд, чунки нар хи гӯшт дар ҳама шаҳру ноҳияҳои атрофи пойтахт бе тағйир мондааст. Ба ҳамин монанд, нархи баъзе аз анвои меваҷот низ рӯ ба баландшавӣ дорад. Аз рӯи гуфти таҳлилгарон, дар даҳаи сеюми моҳи шарифи Рамазон эҳтимолияти болоравии нархҳо зиёд мебошад, ки ба омадомади иди Рамазон онро алоқаманд медонанд. Бозорнишинҳо бо ин амала шон ният доранд, ки аз фурсати муносиб истифода бурда, маблағи бештар ба даст биёранд. Ин ҳолатро дар хизматрасонии автомашинаҳои шахсии мусофирбари байни шаҳру ноҳияҳо ҳам ди дан мумкин аст. Дусе рӯз пеш аз ид дар ҳама тер миналҳои мусофирбари пойтахт як ҳолати номақбул ба миён меояд. Нархҳои муқарраршуда сечор ма ротиба беасос боло рафта, аз инсофу имондорӣ нишонае намемонад. Аҷибии кор дар он аст, ки масъулон, танзимгарони соҳа ба ҳамаи ин чашм пӯшида, ба касе кор надоранд. Назорат аз болои фаъолияти воситаҳои нақлиёти мусофирбар амалӣ карда наме шавад, ҳарчанд ки дар кишвар рақами давлатии мо шинҳои шахсони соҳибкори мусофиркаш ранги хоси худро дошта, танҳо онҳо ҳаққи хизматрасониро доранд, вале мутаассифона дар ин рӯзҳои «мавсимӣ» аксари мошиндорон ба ин «тиҷорат» даст мезананд, манфиат меҷӯянд, вале инро масъулон нодида мегиранд. Ин нодидагириҳо далолат аз он мекунад, ки шояд ҳама ҷонибҳо аз ин бесарусомониҳо манфиат мебаранд, чунки ба гуфти баъзеҳо «мавсим аст, мавсим». Оё ҳамин аст мусулмонии мо? Ҷаноби Олӣ дар мулоқоти худ бамаврид қайд карданд, ки дар аксар кишварҳои мусулмонии дунё ба хотири савоби бештар ёфтан дар моҳи шарифи Рамазон ва рӯзҳои ид нарху наво баръакс поён раф та, ҳатто ройгон тақсим намудани маводи хӯрока кори маъмулӣ гардидаст. Чаро мо чунин корро на кунем? Дигар масъалаи доғи рӯз ин хариди зиёди маво ди хӯрока дар арафаи идҳо аз ҷониби шаҳрвандон мебошад. Тарғибгару ҳавасманди чунин корҳо беш тар модарону хоҳарон, соҳибхоназанҳо буда, баъзан рӯйхати фармоиши хариди анвои зиёди лозиму нолозими хӯрокаҳоро омода мекунанд. Омодагиҳо ду-се шабу рӯз давом мекунад, дастархонҳо ба ан дозаи дарозии ҳуҷраҳо густурда мешаванд. То чанд соли охир як навъ намоиши дастархони беҳтарин дар маҳалҳо аз ҷониби занҳо роҳандозӣ гардида, аз сӯи иштирокчиён «дастархони кӣ беҳтар?» гӯён худнамоӣ ва як навъ озмунҳоро амалӣ мекарданд. Хушбахтона, аз соли гузашта ба ин тараф ин масъа ла низ муътадил, хариди маҳсулот камтар ва андо заи дастархонҳо низ аз як то якуним метр маҳдуд гардид. Яъне ҳамин гуна дастархонҳои хоксоронаи камхарҷ ҳам ҷавобгӯи ниёзи меҳмонон мебошанд. Чунки дар давоми рӯз аз чор-панҷ нафар зиёдтар меҳмон намешаванд ва зарурати густурдани дастар хони васеътар намондааст. Соли 2017 ба қонуни миллиамон мафҳуми нав «дастархони маънавӣ ва камхарҷи идона» ворид гардид, ки бисёр бамаврид ва саривақтӣ арзёбӣ ме гардад. Шояд ба хонанда дастархони маънавӣ ва камхарҷи идона нофаҳмо бошад, бинобар ин, зарур шумурдем, чанд сухан дар ин боб гуфта бошем. Чун қоида, дар рӯзҳои ид шаҳрвандон бештар ба хонаи шахсони азодор ба фотиҳахонӣ мераванд, табиист, ки ба азодор изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ намудан муҳимтар аст, аз он ки андеша кунем болои дастархони ӯ кадом анвои хӯрок гузошта шудааст. Ба гумони банда, вақти он расидааст, ки ҳамаи мо, чи хизматчии давлативу соҳибкор ва ё шаҳрван ди қаторӣ, бояд корҳои хайру сахоро аз доираи дастархони хайру худоӣ ва шикамчаронӣ ба берун, барои ободии маҳал, бунёди боғу шабакаҳои об расонӣ, сохтмони бунгоҳи тиббию майдонҳои вар зишӣ, ҳаммомхонаю сартарошхона нигаронида, бо ин амали некамон як гӯшаи Ватанро обод намуда, савоби бештареро ба даст биорем. Бо ҳамин ниятҳои нек Пешвои муаззами миллат дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар зикр карданд: «Дар давоми се соли дар пеш истода зарур аст, ки дар ҳар як маҳалли аҳолинишин, шаҳраку деҳот ва деҳаҳои калон бунёд ва таъмиру азнавсозии муассисаҳои томактабӣ, мактабҳои таҳсилоти умумӣ, маркази саломатӣ бо таваллудхонаҳо барои на камтар аз 10-15 кат ва ҳуҷраҳои махсус барои анҷом додани хатна, бунгоҳҳои тиббӣ, майдончаҳои варзишӣ вусъат дода ша вад». Ин гуфтаҳо барои ҳамаи мо як барномаи мукаммали амал барои ободии кишвар, баланд бурдани некуаҳволии халқ, фароҳам овардани шароити му носиби зиндагӣ барои ҳар сокинони кишвар мебо шад. Пас, моро зарур аст, ки дар атрофи Пешвои муаззами худ боз ҳам беш аз пеш сарҷамъ гардида, барои амаликунонии ин ниятҳои нек ва созанда камари ҳимматро боз ҳам мустаҳкамтар бандем ва фарҳангофар будани миллати куҳани худро бори дигар исбот намоем.

Азизулло Мирзозода,

Муовини Раиси Кумита