ИТТИҲОДИ МО НОГУЗИР АСТ

  • Posted on: 29 May 2018
  • By: admin

Раванди ҷаҳонишавӣ, ки дар замони муосир бо падидаву зуҳуроти мусбату манфии худ оламро фаро гирифтааст, пешорӯи давлату миллатҳо масъулиятҳои тозаро мегузорад. Новобаста аз майлу хоҳиши дилхоҳ ҷомеа ин ҷараён ба маҷрои зиндагонии аҳли сайёра ворид гардида, омезиши фарҳангу тамаддунҳоро ба миён меорад ва ин омезиш метавонад ба манфиат ё зарари дилхоҳ ҷомеа бошад. Бо дарки ин нуктаи муҳим, абармардони арсаи сиёсат ҳамеша барномаҳоеро рӯи даст мегиранд, то дар чунин давраи ҳассос манофеи мардум ҳамаҷониба ҳифз гардад ва асолати таърихиву фарҳангии миллат побарҷо бимонад. Намунаи олии чунин сиёсатро метавон дар иқдомоти наҷибу инсонпарварона ва ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушоҳида намуд. Зеро ҳанӯз аз давраи нахустин солҳои соҳибистиқлолии кишвар мо шоҳиди он будем, ки ҳар як иқдоми Пешвои миллат маҳз бо дарназардошти манофеи миллат амалӣ мегарданд ва мардум пайваста аз ин иқдомот пуштибонӣ мекунанд.

Яке аз иқдомҳои неки Сарвари давлат ин пайваста баргузор намудани дидору мулоқотҳо бо намояндагони ҷомеаи кишвар, аз ҷумла олимону зиёиён ва ходимони дин маҳсуб мешавад ва самараи чунин мулоқотҳо дар фаъолияту зиндагии рӯзмарраи аҳолии мамлакат таъсири мусбат мегузорад.

Дар мулоқоти ахири худ бо намояндагони ҷомеаи кишвар, ки рӯзи 12-уми май баргузор гардид, Пешвои миллат бахшҳои мухталифи ҳаёти халқро ба таври амиқ баррасӣ намуданд, ки зикри се нуктаи муҳимтарини он мувофиқи мақсад мебошад.

Инсондӯстӣ-асли таълимоти исломӣ 

Ин мулоқот дар арафаи фарорасии моҳи шарифи Рамазон баргузор гардид, ки нишонаи таваҷҷуҳи хосси Пешвои миллат нисбат ба масъалаи таъмини озодии виҷдон ва озодии эътиқоди шаҳрвандон мебошад. Сарвари давлат дар яке аз суханрониҳои худ иброз намуда буданд, ки: “Мо нисбат ба тақдири диндорӣ, озодии имону эътиқод ва инчунин масъалаи ташаккул ва рушди ҳувияти динии мардум бетараф буда наметавонем”. Ин буд, ки Пешвои миллат дар ин мулоқоти худ низ бо нишони эҳтиром ва арҷгузорӣ ба эътиқоди миллати тоҷик иштирокдорони ҷамъомад ва ҳамаи сокинони кишварро бо фарорасии моҳи шарифи рамазон таҳният гуфтанд ва иброз намуданд: “Барои мусулмонони Ватани мо, ки пайравони мазҳаби муътадилу таҳаммулгарои ҳанафӣ мебошанд, ислом нишонаи имондорӣ, таҳким бахшидани ҷаҳони маънавӣ ва такмили одобу ахлоқ ба ҳисоб меравад”.

Мо борҳо шоҳиди он гардидаем, ки Роҳбари давлат дар баробари корҳои муҳими давлатдорӣ ҷиҳати амалӣ гардидани ташаббус ва иқдомҳое дастур медиҳанд ва дар амалӣ гардидани он бевосита худ намунаи ибрат мешаванд, ки он ба дастгирӣ ва пуштибонии ҳамаҷонибаи қишри ниёзманди ҷомеа, аз ҷумла, ятимону маъюбон, бенавоёну дармонагон равона гардидааст. Дастуру ҳидоятҳои неки Пешвои миллат вобаста ба дастгириву ғамхорӣ зоҳир намудан нисбат ба қишри зикршудаи аҳолӣ аз инсондӯстии волои Савари давлат мо дарак медиҳад. Зеро дини мубини ислом низ аз мусулмонон тақозо менамояд, то дар корҳои неку созанда дастгири ҳамдигар бошанд. Чунонки Худованд дар ояти 2-юми сураи “Моида” мефармояд: “Ва бар некӯкорӣ ва парҳезгорӣ бо якдигар мадад кунед...”.

Таъкиди Пешвои миллат ба ин масъалаи муҳим бояд нерӯи таҳрикдиҳандае барои ашхоси доро, соҳибкорону тоҷирон ва шахсони саховатпеша бошад, то бо амал кардан тибқи раҳнамоиҳои Пешвои миллат дар навбати худ соҳиби аҷру савоби беш гарданд.

“Тавофи каъбаи дил кун...”

Истиқлолияти давлатӣ ба мо-тоҷикон шароит фароҳам овард, то дар баробари расидан ба дастовардҳои мухталифи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ рукнҳои марбут ба эътиқоди худро бидуни мамоният амалӣ намоем. Агар дар беш аз 70 соли замони шӯравӣ аз кишвари мо ҳамагӣ 31 нафар маносики ҳаҷро адо намуда бошанд, дар замони соҳибистиқлолӣ ин рақам ба ҳудуди 200 ҳазор нафар расидааст. Аммо мутаассифона, баъзан ба назар мерасад, ки мардуми мусулмони кишвар дар масъалаи адои зиёрати хонаи Худо ба зиёдаравиҳо роҳ медиҳанд. Масалан, дар ҳоле ки шариати исломӣ адои маносики ҳаҷро барои ашхосе, ки қудрати моливу ҷисмонӣ доранд, як маротиба фарз гардонидааст, бархе аз ҳамватанони мо талош менамоянд, то якчанд маротиба ин рукни исломро адо намоянд. Дар ҳоле ки тибқи таълимоти ислом ҳаҷҷи такрорӣ “ибодати нофила” дониста мешавад. Аз ин лиҳоз, хуб мешуд, мардуми мусулмони кишвар он маблағеро, ки барои такроран адо намудани маросими ҳаҷ дар ихтиёр доранд, ба корҳои созандагӣ дар дохили кишвари худамон масраф намоянд. Масалан, бунёди иншооти мухталифи дорои таъиноти иҷтимоӣ, бунёди роҳу пулҳо, таъмини сокинон бо оби ошомиданӣ, таъмиру азнавсозии мактабу синфхонаҳо ва амсоли он дар таълимоти ислом садақаи ҷория дониста мешавад, ки аҷру подоши он бештар аз ибодати нофила аст. Пас, ходимони динро зарур аст, то дар ин самт аз худ ташаббус нишон дода, дар роҳи фаҳмонидани асолати ислом, махсусан таълимоти мазҳаби ҳанафӣ пешгом бошанд.

Иттиҳод-кафили устуворӣ

Дар шароити буҳронии ҷаҳони мусоир, ки қудратҳои алоҳида бо ҳар роҳу васила мехоҳанд дар сарзаминҳои гуногун бо барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ ҷои пой пайдо намуда, ҳадафҳои муғризонаи худро намалӣ намоянд, иттиҳоду ҳамбастагии мо дар роҳи нигаҳдошти суботи миллӣ ҳамоно ногузир боқӣ мемонад. Пешвои миллат низ бо зикри хатарҳои мухталифи ҷаҳони мусоир таъкид доштанд, ки “Танҳо иттиҳоду сарҷамъии халқи Тоҷикистон ва наслҳои имрӯзу ояндаи он дар атрофи арзишҳои бунёдии давлатдории миллӣ ва ғояҳои созандаи давлат на танҳо халқи моро аз таъсири манфии офату иллатҳои маънавию сиёсии замона барои садсолаҳо ҳифз менамояд, балки инчунин, тоҷиконро ба ҷаҳониён ҳамчун миллати воқеан бостонӣ ва соҳибмаърифату тамаддунсоз муаррифӣ мекунад”.

Дар шароити феълӣ бо дарки таҳдиду хатарҳои мухталиф месазад иттиҳоди худро дар атрофи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳарчи бештар таҳким бахшем, бедории сиёсиро аз даст надиҳем ва ба насли баъдӣ як мулки ободу пешрафта ба мерос гузорем.  

Ҳусейн Шокиров,

Сардори раёсати иттиҳодияҳои динии Кумита