РИСОЛАТИ БУЗУРГИ ИМОНУ ВАТАНДОРӢ

  • Posted on: 4 June 2018
  • By: admin

Ба номи Худованди бахшоянда ва меҳрубон

Ҳамду сано Парвардигори оламиёнро ва дуруду салом бар Расули гиромии Ислом (с) ва ҳамаи хонадону ёронаш бод.

Ҳар иқдоме, ки аз ҷониби Сарвари давлати тоҷикон ба вуқӯъ мепайвандад, дар ниҳоди мардум он умеду орзуеро таҳким медиҳад, ки Тоҷикистон дар роҳи дурусти рушди соҳаҳои муҳими зиндагӣ – иқтисоду иҷтимоъ, фарҳангу тандурустӣ, илму маориф ва аз ҷумла, соҳаи ҳассоси дину эътиқод қарор дорад.

Соҳаи эътиқодро ҳассос гуфтанамон асос дорад,чунки ҷомеаи мо аз даврони қабул ва ҷорӣ шудани дини мубини ислом ҷомеаи суннатии маънавибунёд буд ва ҳаст. Мардум дини мубини исломро решаи ахлоқу адаб ва фарҳангу маънавиёти худ меҳисобанд ва ин комилан дуруст аст. Аз ин рӯ, Роҳбари давлат ин соҳаро ниҳоят азиз дониста, мунтазам сари мушкилоти он чораандешиҳо мекунанд.

Мулоқоте, ки дар санаи 12-уми май бо аҳли ҷомеаи кишвар, аз ҷумла бо рӯҳониёни мамлакат баргузор шуд, исботи гуфтаҳои болост. Дар ин мулоқот масъалаҳое баррасӣ шуданд, ки онҳоро метавон поккориҳо дар умури диндорӣ номид. Пешвои миллат бори дигар нақши дини исломро дар ҷомеа ҳамчун рукни асосӣ ва бунёдии фарҳанги миллӣ таъкид намуда, изҳор доштанд, ки дар ин масъала Ҳукумат бо дину диндорӣ ҳеҷ гуна ихтилофе надорад, баръакс, ҳама чораҳоро меандешад, ки ҳузури дин дар кишвар ба таҳким ёфтани ахлоқу атвори ҳамида, анъанаҳои инсондӯстиву раъиятпарварӣ мусоидат намояд.

Ҳар коре, ки Сарвари муаззами кишвар дар соҳаи диндорӣ анҷом додаанд, ҳамин аст, ки аз ҷисми нозуки дин ҳама гуна таассубу хурофот ва зиёдаравию амалҳои ба таври сунъӣ пайвандшударо пок кардаанд. Гумони ғолиб он аст, ки солҳои сол Пешвои миллат ин навъ таассубу хурофотҳоро дар зиндагӣ ва муомилаи иҷтимоӣ мушоҳида менамуданд, чунки миёни мардум мезистанд ва медонистанд, ки чӣ гуна барои мардуми заҳматкаш бардоштани бори хурофот миёншикан шудааст.

Барои анҷом додани як маросими хатна маблағи меҳнати даҳсолаҳо тақозо мешуд. Боз даҳҳо анъанаҳое буданд, ки асли баромадашон номаълуму номафҳум буд. Барои ҳамаи инҳоро поккорӣ кардан ҷуръату матонат лозим буд, инчунин ҳавсалаи муомилаи доимӣ бо мардум, бо табақаҳои гуногуни аҳолӣ, бо донишмандон, бо аҳли дину тақво, бо зиёиён ва мардуми одӣ.

Натиҷа чунин аст, ки ба ҷуз як табақа – онҳое, ки ҳама гуна пешрафти Тоҷикистонро аз рӯи ақидаи ботили бадбинонаашон чашми дидан надоранд, дигар ҳама мардум иқдомоти Сарвари давлатро пазируфтанд. Акнун дар кишвар низоме ба даст омадааст, ки ҳама чиз дар ҷойи хеш аст, дин дар ҷойи хеш, корҳои давлатдорӣ дар ҷойи хеш. Нотавонбинони миллат ҳамеша дар гуфтугӯ буданд, ки низоми маорифи динӣ аз байн бурда шудааст, яъне мардум имкони бароварда кардани эҳтиёҷоти диномӯзии хешро надоранд.

Иқдоми навбатии Сарвари давлат ин ақидаи хоми кӯрдилонро барбод дод. Чанде қабл Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Низомии Ганҷавии шаҳри Душанбе бо гузоштани санги асос ба бунёди иншооти нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит оғози расмӣ бахшиданд. Ин ташаббуси навбатӣ аксарияти мухолифони сохти имрӯзаи давлатдориро дар ҳайрат гузошт. Ин чӣ навъ “монеаэҷодкуниҳо дар роҳи дин” будааст, ки боз як донишкадаи исломӣ сохта мешавад, донишкадае, ки тарҳи зебои замонавӣ дорад ва дар яке аз минтақаҳои зебоманзари пойтахт қомат меафрозад.

Иншооти нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон барои 1500 донишҷӯ дар як баст пешбинӣ гардида, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат  бо харҷи 136 миллион сомонӣ дар майдони қариб 3 гектар бунёд мешавад. Бинои асосии ин муассисаи олии таълимӣ аз 5 қисми ҳафтошёна иборат буда, лоиҳаи он ба таври замонавӣ дар доираи меъёрҳои меъморию шаҳрсозӣ таҳия шудааст. Тибқи лоиҳа се қисми иншоотро асосан биноҳои таълимӣ ва маъмурӣ  ва ду қисми дигарро хобгоҳҳои замонавӣ, толори муосири варзишӣ, ошхона, маҷлисгоҳ ва китобхона ташкил медиҳад. Зимни муаррифии лоиҳа ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки хобгоҳ барои 1500 нафар, ошхона бо 490 ҷой, толори варзишӣ бо 260 ҷой ва маҷлисгоҳ бо 550 ҷойи нишаст сохта мешавад.

Бунёди китобхонаи анъанавӣ ва электронӣ низ ба нақша гирифта шудааст. Ҳамчунин дар ин ҷо як бинои дуошёна, майдончаи варзишӣ, ҷойи истироҳат бо фаввора ва айвонҳо, таваққуфгоҳ барои нақлиёт ва дигар иншооти ёрирасон бунёд мегардад.

Фикр мекунам, ки бо сохта шудани ин донишкада якҷо бо масҷиди бузург мардум дар ҳар ибодат дасти дуои шукру сипос баланд хоҳанд кард, зеро бо сохта шудани ин донишкада ва чунин масҷиди зебо шаҳри Душанбе мақоми пойтахти фарҳанги исломӣ буданашро бори дигар исбот хоҳад кард. Ба ёд биёрем, ки соли 2010 бо қарори ИСЕСКО Душанбе пойтахти фарҳанги исломӣ эълом шуда буд ва бо гузашти 8 соли дигар ободкориҳо ва ибтикороти зиёде дар пойтахти давлати тоҷикон ба вуҷуд омад.

Аз ҳисоби буҷаи кишвар ва Хазинаи эҳтиётии Президент ба маблағи даҳҳо миллион сомонӣ садҳо асарҳои гаронбаҳои диниву таърихӣ ва ахлоқӣ дар пояи дини мубини Ислом – «Саҳеҳ»-и Имом Бухорӣ, «Муснад»-и Имоми Аъзам, «Эҳё улум-ид-дин» ва «Кимиёи саодат»-и Имом Ғазолӣ, 200 ҳазор адад Қуръони маҷид бо забони тоҷикӣ интишор гардид. Илова бар ин, дар ин муддат беш аз чор ҳазор иттиҳодияҳои динӣ дар кишвар ба қайд гирифта шуд.

Аз муҳимтарин иқдомоти Сарвари давлат ҳаминро боист гуфтан, ки зиёда ҳудуди ҳазор ҷавоне, ки дар таълимгоҳҳои шубҳаноки хориҷӣ таҳсил мекарданд, ба Ватан бозоварда шуданд. Бояд баисрор таъкид кард, ки яке аз сарчашмаҳои асосии омода кардани тундгароён маҳз ҳамин таълимгоҳҳое буданд, ки дар мазраи андешаи ҷавонони ноогоҳ тухми адовату нифоқ мекоштанд. Тарвиҷи равияи такфирия, авҷ гирифтани ҷунбишҳои фикрӣ бар асоси барномаҳои «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ҷамоати Ансоруллоҳ» ва даҳҳо гурӯҳҳои дигар замина дар таҳсили хориҷа доштанд. Яке аз ҷиҳатҳои муҳимми иқдомоти Сарвари давлат ҳамин буд, ки ин бадиро аз решааш бартараф карданд.

Одатан, дар урфи мо андешае ҳаст, ки доимо батакрор иброз мешавад: ҳар амалро таърих худаш баҳо медиҳад. Магар 26 соли замони истиқлол худаш таърих нест? Таърихро на аз тӯлонӣ будани вақт, балки аз мазмуни корҳояш баҳо медиҳанд. Аз ин нуқтаи назар 26 соли истиқлолияти Тоҷикистон таърихи бунёдкориҳоест, ки бо исми муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бевосита алоқаманд мебошад.

Таърих гувоҳ аст, ки ҳар давлатмарде рисолати тозаи таърихиро дар ягон ҷодаи сиёсат, иқтисод, фарҳанг, илм ба ҷо овардааст. Фаразан, Фаридуну Анӯшервону Бузургмеҳр, Низомулмулк, Исмоили Сомонию Абулфазли Балъамӣ дар таърихи миллат чеҳраҳо ва шахсиятҳои абарқудрати дунёи сиёсианд, ки ҳар кадом рисолати сирф таърихиро ба ҷо оварда, бо корномаҳои мондагори хеш сафҳаи таърихи миллатро ҷаззобу рангин сохтаанд ва онҳо ба ин васила бақои миллатро тақвият бахшидаанд. Аз тарафи дигар, ному корномаи шахсиятҳою симоҳои абарқудрат тавассути ҳофизаи таърихии миллат мондагор мешаванд.

Миллати тоҷик пас аз Исмоили Сомонӣ тӯли ҳазор сол дар ҷодаи сиёсат то ҷое оҷиз буд ва ҳатто ҳокимияти абарқудрати шӯравӣ низ тайи 70 сол ин ниёзи миллиро натавонист қонеъ гардонад. Ин буд, ки баробари пошхӯрии давлати Шӯравӣ душманони миллат маҳз бо дарки ин заъфи миллӣ парокандагии сиёсӣ ва худкушии миллиро таҳмил намуданд, ки таърих дар чунин шакл мислашро ёд надошт. Дар чунин лаҳзаи махуфтарини таърихи миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бар дӯш гирифтани ин масъулият розигӣ дода буд.

         Яке аз  рисолатҳои меҳварии баҷоовардаи роҳбари давлат низоми илму маорифи кишвар аст, яъне илму маорифро ҳамчун соҳаи афзалиятноки сиёсати дохилии кишвар пазируфта, тавъам бо он рушди устувори иқтисодиро низ таҳким бахшид, ки самтҳои мазкур омилҳои болоравии сатҳи некӯаҳволии халқ ва бақои давлат аст. Муҳимтарин хусусияти сарварии ин шахсияти сиёсати ҷаҳонӣ он аст, ки ӯ хушбахтии хешро дар саодати миллат мебинад, яъне манфиати миллиро дар сиёсати давлатдорӣ дар ҷойи аввал мегузорад.

Маҳз аз ҳамин сабаб миёни миллату халқи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳбубияти хос доранд. Дар робита ба авзои сиёсии ҷаҳони муосир ва хатарҳои сершумори ҳаррӯза халқи моро зарур аст, ки зиракии сиёсии бештаре дошта бошанд ва чунин ҳам ҳаст, зеро сиёсати дурбинонаи устувори муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи эътимоду боварии халқ ташаккул ёфтааст. Аз ин рӯ, миллат феълан ба хиради ин фарзанди хайрхоҳи хеш ҳамчун сарвари сиёсии сатҳи байналхалқӣ ниёзи беш аз пеш дорад ва ин яке аз сифатҳои пешвоии миллист.

Болоравии сатҳи зиндагии мардум, амнияту суботи сиёсӣ, рушди иқтисодиёту маорифи кишвар, тағйир ёфтани симои сартосарии мамлакат, миллат ва халқҳои Тоҷикистонро водор сохтааст, ки эътимоду боварии онҳо дар шахсияти роҳбари сиёсии худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои миллат ва давлати миллиро дарёбанд. Ғояи мазкур ҳамчун ғояи миллӣ имрӯзҳо тамоми қишрҳои ҷомеаи кишварро фаро гирифтааст.

Ногуфта намонад, ки ҳар миллате бо давлату ҳукумати худ муттаҳид аст, ҳеҷ душмане чи аз дохил ва чи аз хориҷ наметавонад халале дар амну суботи он ворид созад. Расули акрам (с) низ дар ҳадиси муборак ба ин маънӣ таъкид намуда фармудаанд: «Бо ҷамоат ёр бошед ва аз парокандагӣ бипарҳезед». Аз ҳамин лиҳоз, ман ҳамчун Раиси Шӯрои уламо ба тамоми ходимони дини кишвар ва намозгузорон муроҷиат карда, изҳор медорам, ки дар ободии кишвар ва ҳифзи амну суботи ҷомеа устуворона саъю талош намуда, атрофи Пешвои миллат сарҷамъу муттаҳид бошем.

Саидмукаррам Абдуқодирзода,

Раиси Шӯрои уламои Маркази

исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон