САНАИ ИДИ САИДИ ФИТР МУАЙЯН ГАРДИД

  • Posted on: 7 June 2018
  • By: admin

Имрӯз дар Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои уламо баргузор гардид.

Нахуст дар назди уламои кишвар, раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода суханронӣ намуда, аҳли нишастро ба муносибати фарорасии иди саиди Рамазон таҳният гуфт. Сипас Раиси Маркази исломӣ ҳозиринро бо рӯзномаи маҷлис ошно намуда, қайд намуд, ки мувофиқи ҳисобҳои илмӣ-астрономӣ ҳодисаи астрономии “Моҳи нав” соати 0043 шаби 13 ба 14-уми июн сурат мегирад ва рӯзи 14-ум эҳтимоли мушоҳидаи моҳи нав дар уфуқ зиёд аст. Пас аз муҳокима ва баррасии масъалаҳои рӯзномаи маҷлис аъзои Шӯрои уламо чунин қарор карданд:  

Иди саиди Рамазон дар кишварамон рӯзи 15-уми июни соли 2018 муайян карда шавад.

Намози ид дар тамоми масоҷиди ҷумҳурӣ соати 06.00 баргузор карда шавад.  

Дар анҷоми маҷлис раиси Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода аз имомхатибон талаб кард, ки дар мавъизаҳояшон роҷеъ ба неъмати бебаҳои сулҳу оромӣ, пешгирии исрофкориҳо дар рӯзҳои ид ва маданияти идгардак суханронӣ намуда, дар дастгирии ятимону пиронсолон ва табақаи ниёзманди ҷомеа, рушду шукуфоии кишвари азиз саҳми худро гузоранд.