ПЕШНИҲОДИ КУМАКҲО БА ДУ ХОНАВОДА АЗ ҲИСОБИ САДАҚАИ ФИТРИ КОРМАНДОНИ КУМИТА ВА ДОНИШКАДАИ ИСЛОМӢ

  • Posted on: 13 June 2018
  • By: admin

Дар арафаи иди саиди Фитр кормандони Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи исломии Тоҷикистон аз ҳисоби садақаи фитри худ ба ду оилаи ниёзманд кумакҳои моддӣ, аз қабили яхдон ва дигар лавозимоти рӯзгор расониданд. Чунин иқдом дар пайи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба расонидани кумакҳои ба ашхоси ниёзманди ҷомеа амалӣ карда шуд.