ИДИ ФИТР ВАСИЛАИ РАСИДАН БА АҲДОФИ ИНСОНПАРВАРӢ

  • Posted on: 13 June 2018
  • By: admin

Инак, моҳи шарифи Рамазон ба охир мерасад ва мардуми мусулмони дунё, аз ҷумла мусулмонони кишвари мо иди Саиди Фитрро таҷлил менамоянд.        

Иди саиди Фитр, яке аз маросимҳои мубораки дини мубини ислом ва суннати писандидаи мардуми мусулмон буда, таҷассумкунандаи арзишҳои фарҳанги инсондӯстиву инсонпарварӣ, аёдату табрики хешу ақрабо, беморону пиронсолон, поси хотири гузаштагон, бахусус силаву навозиши ятимону бепарасторон, хайру эҳсон ва дасти ёрӣ дароз намудан ба дармондагону ниёзмандон ва шахсони камбизоат мебошад.

Таърихи ин ид ба соли аввали ҳиҷрати Расули акрам аз Маккаи мукаррама ба Мадинаи мунаввара  иртибот дорад ва инак муддати 1439 сол аст, ки мусулмонон онро ҷашн мегиранду ба он арҷ мегузоранд.

Иди саиди Фитр такмилкунандаи ибодоти моҳи Рамазон мебошад.

Мустаҳаб аст, ки садақаи фитр қабл аз намози ид ба мустаҳиққон адо карда шавад. Садақи фитр сабаби пок шудани рӯзадор аз баъзе лағжишу камбудиҳое, ки дар давоми ин моҳи муборак аз ӯ сар задааст ва он аз нишонаҳои иҷтимоӣ ва инсондӯстии дини мубини ислом маҳсуб меёбад. Ба василаи адои садақаи фитр ба мустаҳиқон шодии ид дар хонадонҳои онҳо низ ворид мегардад.

Дар ин рӯз хайру эҳсон намудан аз фазилатҳои неки инсонӣ маҳсуб мешавад.

  Дини мубини ислом мақому манзилати эҳсонро бисёр бардошта ва онро бо ихлоси Худованд ҳамроҳ сохта фармудааст, ки ихлосу эҳсон беҳтарин зеваре аст, ки бандаи муъмин худро бо он ороста менамояд.

Қуръони карим хусусияти некукоронро шарҳ медиҳад ва гурӯҳҳоеро, ки ба эҳсон кардан таваҷҷуҳи бештар доранд, мушаххас менамояд ва онҳоро намунаи комили инсонӣ дар ҷомеа медонад. Қуръони карим эълон медорад, ки эҳсон ва некукорӣ бояд ба сурати як воҷиби фитрӣ ва табиии инсон дарояд. Чи тавре, ки Худованд неъмати худро ба инсон арзонӣ мебахшад, ба инсон низ лозим аст аз ин неъмати худододӣ ба дигарон некӣ ва эҳсон намояд.

Пӯшида нест, ки бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии ятимон ва барҷомондагон, ки яке аз табақаҳои ниёзманди ҷомеа ба ҳисоб мераванд, тамоми шароит дар ятимхонаҳо ва ҷойҳои махсус муҳайё карда шудааст. Дар баробари ин, агар дар арафаи Иди саиди Фитр ва умуман дар дигар айём нафарони саховатманд низ ба онҳо кумаку хайру эҳсон намоянд, боиси рӯҳбаландии бештари онҳо хоҳад гардид ва ба ин васила дилгармии онҳо ба зиндагӣ зиёдтар хоҳад шуд. Ва ҳар вақте, ки сарватмандон ба фуқаро меҳру муҳаббат ва бахшиш дошта бошанд, дар байни табақоти ҷомеа як сафову самимият ба вуҷуд меояд.

Бешубҳа дини мубини ислом чун мактаби бузурги тарбиявию ахлоқӣ барои рушди инсони комил созгор аст.

  Роҳбари кишвар соли 2010 дар суханронии хеш ба муносибати пойтахти фарҳанги исломӣ эълон гардидани шаҳри Душанбе гуфта буданд: “Мо ба дини бобову падаронамон чун ба як сарчашмаи покизаи рӯҳонӣ, маънавӣ ва ахлоқӣ эҳтиром мегузорем».

  «Ба ибораи дигар, ислом рукни муҳими ҷаҳонбинӣ, маънавиёт ва ахлоқи ҷомеаи мо мебошад».

Даст назадан ба хароҷоти бемавқеъ, ки боиси мушкилӣ дар рӯзгорамон мегардад, аз ҷумлаи мамнӯотест, ки дини мубини ислом ба он сароҳатан таъқид намудааст.

Худованди Маннон доир ба исрофкорӣ нанамудан дар Қуръони карим таъкидҳо намудааст. Аз ҷумла, дар сураи Аъроф, ояти 31 мефармояд: “Бихӯреду бинӯшед ва исроф накунед, зеро Худованд исрофкоронро дуст намедорад”. 

Исроф бояд ҳамчун исроф шинохта шавад. Онро набояд бо номҳои садақоту хайрот ороиши динӣ дод.

Бахусус, ҳангоми оростани дастурхони идона ба исроф ва риёкорӣ роҳ надода, он бо истифода аз ҳунармандии кадбонуҳои муҳтарам хеле содда ва самимӣ ороста шавад.

Беҳтар мешуд, ки ба ҷойи ин ҳама сарфу хароҷоти бемавқеъ ва риёкорӣ ба хайру эҳсон, дастгирии эҳтиёҷмандон ва ободии диёри хеш машғул бошем.

Агар хайру садақот ба ҳақдорони худ бирисанд, дар савоб бурдан аз онҳо шакку шубҳа нахоҳад буд ва дуои неки ниёзмандон бо инояти Парвардигор сабаби мағфирату шафоати рафтагон хоҳад буд. Чуноне, ки  Паёмбари Акрам дар ин бора гуфтаанд: «Ман ва он касе, ки ятимеро ба кафолат мегирад, фардо рӯзи қиёмат ҳамроҳии ман якҷоя мебошад, дар ҳоле ки бо ду ангушташон ишора менамуданд».

Дар баробари ин мувофиқи мақсад аст, ки волидон маблағҳои бо сад ранҷу заҳмат бадастовардаи худро барои таълиму тарбияи фарзандон сарф намоянд. Зеро таълими илму дониш ба фарзанд ва тарбияти неки онҳо аз ҷумлаи масъулиятҳои бузурги падару модар ҳам дар назди Худованд ва ҳам дар ҷомеа маҳсуб мегардад.

Бо шукргузорӣ аз истиқлолияти давлатӣ ба мардуми шарифи тоҷик муяссар шуд, ки ибодоти динии хеш, аз ҷумла идҳои Фитр ва Қурбонро дар фазои озод анҷом диҳад. Барои ин ҳар яки моро зарур аст, ки ба қадри ин неъмат расида, онро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем.

 

Назаров М.Н.

Сармутахассиси Кумита