Танзим

“ЗИНДАГӢ ДАР ЗЕРИ БОРИ РАСМУ ОИН МУРДАН АСТ?”

Дар баргузории ҷашну маърака ва маросимҳо аз замони қадим  мардум ба мушкилиҳои зиёде рӯ ба рӯ мегардиданд. Барои ба низоми муайян даровардани онҳо боварии кас намеомад, ки мо метавонем онро ба танзим дарорем, зеро он қадар ба умқи ин анъанаҳои бегона ва хурофотӣ дода шуда будем, ки барои шикасти он ҷуръат ва боварӣ надоштем.

МУЛОҚОТИ КОРМАНДОНИ КУМИТА БО ПАДАРУ МОДАРОН ВА ХОНАНДАГОН

10-уми феврал кормандони раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Кумита Муслиҳиддин Хоҷамиров ва Заргинор Раҳимова бо падару модарон ва хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 43-юми ноҳияи Синои шаҳри душанбе мулоқот анҷом доданд.

ҚАЗОҚҲО ТАНЗИМРО АЗ ЛИБОС ОҒОЗ МЕКУНАНД

Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳоли баррасии лоиҳаи қонунест, ки пӯшиши либос ва андозаи ришро ба танзим медарорад. Тавре вазири ин кишвар оид ба корҳои дин ва ҷомеаи шаҳрвандӣ Нурлан Ермекбоев ба хабаргузории русии “Rеgnum” гуфтааст, бар асоси ин лоиҳаи қонун, пӯшидани либоси сиёҳ ва сатр низ барои бонувони қазоқистонӣ манъ хоҳад шуд

ДУ ҚОНУНШИКАНӢ ДАР ЯК МАЪРАКА. НАТИҶАҲОИ РЕЙДИ САНҶИШИИ КОРМАНДОНИ КУМИТА

Дар баробари ин, дар ҳамин маърака нисбат ба сароянда Нормурод Ашӯров, сокини ш. Турсунзода, ки талаботи қисми 1 моддаи 14-и Қонунро ба инобат нагирифта, бо соҳибмаърака шартнома набастааст, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд. Бо қарори суд, бо дастрасӣ ба моддаи 481-уми Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба Абдулҳақ Бердиев ҷазо дар намуди ҷарима - 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 5 ҳазор сомонӣ ва нисбат ба Нормурод Ашӯров 50 нишондиҳанда, баробар бо 2500 сомонӣ татбиқ карда шуд

ТАНЗИМ ЭҲСОСИ НАВИ МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДИРО БА ВУҶУД ОВАРДААСТ

Таҷрибаи зиндагӣ гувоҳӣ медиҳад, ки ҳама гуна иқдомоти нав дар тӯли таърих асосан бо душворӣ ба тору пуди муносибатҳои иҷтимоӣ роҳ ёфта, пайваставу оҳиста амалӣ мегарданд. Масъалаи танзим низ аз ҳамин иқдомоти иҷтимоист. Бо татбиқи қонуни танзим ҷомеаи Тоҷикистон аз мушкили фано шудан дар гирдоби сарфу харҷи беманфиат ва бидуни мақсад раҳо ёфт.

7 ДАСТОВАРДИ АСОСИИ ҚОНУНИ ТАНЗИМ

Дар давоми даҳуним соли амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ҳисоби камхарҷ баргузор намудани маъракаҳо ба фоидаи шаҳрвандон 20 миллиарду 361 миллиону 430 сомонӣ пасандоз гардидааст.

ИСРОФ МАРДУМРО БА ХОНАХАРОБӢ МЕОВАРД

Мардум бо тақлиду худнамоӣ дороии оилаи худро сарф мекарданд ва қарздор шуда, бори гарони қарз ба дӯшашон бор мешуд. Исрофкорӣ ва зиёдаравиҳои бемаънӣ дар маросимҳои оши сари тахта, оши чил, садрӯзагӣ, сари сол ва ғайраҳо, ки ба шариати ислом ягон алоқамандие надоштанд, мардумро ба хонахаробӣ оварда мерасонданд.

Страницы