Хабар

БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ

  • Posted on: 5 November 2018
  • By: admin

Имрӯз дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷиикстон бахшида ба 24-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур ҳайати кормандони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

БАРАКАТИ ТАНЗИМ ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ

  • Posted on: 1 November 2018
  • By: admin

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба хотири ҷилавгирӣ аз хароҷоти зиёдатӣ, кам кардани сатҳи камбизоатӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, инчунин, дасти ёрӣ дароз намудан ба ятимону барҷомондагон равона шудааст. 

ОҒОЗИ КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДОИР БА ФАРҲАНГИ ТАҲАММУЛПАЗИРӢ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

  • Posted on: 24 October 2018
  • By: admin

Имрӯз, 24-уми октябр дар шаҳри Хуҷанд бо ибтикори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба муносибати Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ зери унвони “Фарҳанги таҳаммулпазирӣ ва одоби ҳамзистӣ дар ҷомеа” ба кори худ оғоз намуд.

ОЗМУНИ ИШҒОЛИ ҶОЙҲОИ КОРИИ ХОЛӢ ДАР КУМИТА

  • Posted on: 24 October 2018
  • By: admin

Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби шуъбаи таъминоти ҳуқуқи ва кадрҳои Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати 21-рӯз баъди чопи аввалини эълон дар шакли хаттӣ қабул карда мешаванд.

ОБРАЩЕНИЕ Комитета развития собраний исмаилитской имамской общины жителям Горно-Бадахшанской автономной области

  • Posted on: 23 October 2018
  • By: admin

Также, каждый дорожащий честью исмаилит в своей созидательной деятельности должен всегда помнить наставления Шаха Карима аль-Хусайни Ага-Хана IV. В частности, историческое наставление Его Величества для своих мюридов (последователей духовного лидера) о том, что «там, где вы живёте, должны строго соблюдать и поддерживать законы и порядки», должно быть помещено в разум, сердце и повседневные поступки каждого сына духовного лица.    

МУРОҶИАТНОМАИ Кумитаи рушди ҷамоатхонаҳои шиаи имомии исмоилӣ ба сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

  • Posted on: 23 October 2018
  • By: admin

Ҳамчунон, ҳидоятҳои Шоҳ Карим Ал-Ҳусайни Оғохони IV-ро ҳар як исмоилии баору номус дар ҳар иқдоми созандааш бояд дар хотир дошта бошад. Аз ҷумла, ҳидояти таърихии Волоҳазрат барои муридонаш дар хусуси он, ки  «шумо дар ҳар ҳудуде, ки зиндагӣ доред, аз қонуну қоидаҳои он кишвар қотеона риоя ва пуштибонӣ намоед” бояд дар андеша, қалб ва амали ҳаррӯзаи ҳар як фарзанди руҳонӣ бошад.

ИЗҲОРОТИ КУМИТА ОИД БА ИШТИРОКИ ТЭТ ҲНИ ДАР НИШАСТҲОИ САҲА

  • Posted on: 17 September 2018
  • By: admin

Бо дастгирии баъзе кишварҳо имрӯз дар шаҳри Варшава аз сӯи ба ном гурӯҳҳои мухолиф, аммо дар асл ифротиву террористӣ эътилофи наве бо номи “Паймони миллии Тоҷикистон” таъсис дода шудааст. Аз номи эътилофи мазкур маълум аст, ки чун ташкилоти террористии ҲНИ ва хоҷагони хориҷии он дигар бо номи “ислом” мардумро гумроҳ сохта наметавонанд, ҳоло талош доранд, ки бо чунин номи нав ва иддаоҳои тозае чун “озодӣ” ва “демократия” дигарбора худро ба мардум наздик созанд.

Страницы