ҶАМЪОМАДИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ

Имрӯз дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид

1352 ХОДИМИ ДИН БА КУРСИ БОЗОМӮЗӢ ҶАЛБ ГАРДИД

Дар 10 моҳи соли ҷорӣ 1352 нафар имомхатиб ба курси бозомӯзӣ ҷалб гардидааст. Ҳадафи асосии ба курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос фаро гирифтани ходимони дин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва динии имомхатибон мебошад.

ДАР ПАРТАВИ ТАШАББУСҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. КУМИТА БА ТАРБИЯТГИРАНДАГОНИ МАКТАБ-ИНТЕРНАТИ ҚУБОДИЁН КУМАКИ МОДДӢ РАСОНИД

Дар партаври ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи соли нави хониш ва бахшида 28-умин солагарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони мактаб-интернати деҳаи Ҷангали ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон ба маблағи беш аз 10 ҳазор сомонӣ сару либоси мактабӣ ва асбоби хониш тақдим намуд.

Pages