Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /home/din/www/includes/menu.inc).

УЗВИ ТЭТ ҲНИ БУДАН-ИН ХОИНИ ВАТАН БУДАН АСТ!

Халқи азиятдидаи тоҷик барои таҳкими Истиқлолият, нигаҳдошти якпорчагии марзу бум, расидан ба сулҳу ваҳдат ва ягонагӣ, интихоби роҳи рушду тараққиёт Конститутсияи мамлакатро қабул кард.

Нооромиҳои сиёсии ибтидои солҳои навадуми асри гузашта тамоми фишангҳои давлату давлатдорӣ ва истеҳсолиро фалаҷ карда буданд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳҳои расидан ба истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллиро ҷустуҷӯ мекард ва Сарвари давлат пайваста талош меварзиданд, то осудагию оромӣ дар саросари мамлакат ҳукмфармо гарданд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки суиистифодаи дин аз ҷониби гурӯҳҳои манфиатҷӯ метавонад ба нобудии давлату миллатҳо оварда расонад. Намунаи чунин сӯистифода шудани дин бо мақсадҳои сиёсиро мо аллакай дар таърихи Тоҷикистони муосир дар мисоли фаъолиятҳои тахрибкоронаи ТЭТ ҲНИ шоҳид гардидем.

Имрӯз ТЭТ ҲНИ дар Тоҷикистон ва дар миёни халқи тоҷик, ки пайрави мазҳаби ҳанафӣ мебошанд, дигар ягон хел эътибор ва эҳтиром надорад. Зеро халқи тоҷик ҳаргиз мазҳабфурӯшонро намебахшад. Ҳар тоҷике, ки имоми мазҳаби худаш – Имоми Аъзам Абӯҳанифа ва мазҳаби ҳанафии худашро дӯст медорад, наҳзатиҳои мазҳабфурӯшро маҳкум мекунад.

Имрӯз пурра собит шудааст, ки ташкилоти экстремистию террористии Ҳизби наҳзати ислом бо “ҳидоят”-и хоҷагони хориҷиаш аз оғоз нақшаи барҳам задани давлати тоҷиконро доштааст. Аммо дар ҳамон солҳо иддае аз мардуми гумроҳ ба даъватҳои дурӯғини наҳзатиён бовар карда буданд, гумон мекарданд, ки ҳизби наҳзат ҳомии дини ислом аст.

Қайд кардан бамаврид аст, ки ин гурӯҳи ифротии ба ном “исломӣ” аз таълимоти асосии инсондӯстии дини ислом ҳеҷ баҳрае нагирифтааст. Нафароне, ки ба ин гурӯҳ мепайванданд, бешак хиёнат ба ватану миллати худ кардаанд. Зеро бо пайравӣ ба ТЭТ ҲНИ онҳо дар татбиқи барномаҳои шуми ин ташкилоти террористӣ, ки ҳадафи он барҳам задани давлати мустақили тоҷикон мебошад, шарик мебошанд.

 Муйдинҷон Тухтахоҷаев,

мутахассиси пешбари Кумита