Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /home/din/www/includes/menu.inc).

“ИСЛОМ” ВА “ДЕМОКРАТИЯ”-И ТЭТ ҲНИ

Мардуми хирадманду фозил ва сабури тоҷик имрӯз бори дигар шоҳиди он мегарданд, ки гурӯҳҳои ифротгаро, ки зери як «Паймон» аҳд бастаанд ва аз режими пешгирифтаи хеш, ки аз ваҳшоният ва поймол намудани ҳуқуқҳои фитрии инсон иборат аст, ҳоло ҳам даст кашиданӣ нестанд. Айни замон дар кишвари Олмон ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзати ислом, ки дар дафтари аъмоли он 146 адад ҷиноятҳои характери экстремистӣ-террористӣ сабт гардидааст, барои пиёда сохтани ақида ва афкори ғализи хеш мустақар гардидааст. Муҳоҷирон, сокинон ва бошандагони муваққатии тоҷикони Олмон пеш аз ҳама бояд дарк намоянд, ки таҷрибаи таърихи кӯтоҳи ватанамон нишон дод, ки зери ниқоби “ислом” ва ҳамакнун “демократия” қувваҳое амал мекарданду мекунанд, ки бо нияти тағйир додани сохти конститутсионии кишвар амалиёти тарғиботию ташвиқотӣ ва ҳарбию сиёсиро пеш гирифта, ҳатто ба табаддулоти давлатӣ даст заданд. Бо истифода аз номи поки дини ислом ин гурӯҳи хиёнаткор бар он мекӯшад, ки миллату давлати моро дар арсаи ҷаҳон бадном созад, ки ин рафтори онҳо хиёнати рӯйрост ба Ватану миллат аст.

Додоҷон Атовулло, яке аз рӯзноманигорони маъруф ва айни замон муҳоҷири мустақар дар Олмон, ки дар деги ҳамин кӯрнамакон ҷӯшидаву пухта расидааст, дар саҳифаи фейсбукаш иброз доштааст: «Бовар накунед. Ба хиёнаткор як бор бовар кардан шояд камоли бузургворист. Аммо ду бор бовар кардан камоли аблаҳист. Бовар накунед агар сад бор савганд ёд кунанд.. Ҳама ҳарфашон дурӯғ аст.. Намози онҳо дурӯғ аст. Мусалмонии онҳо дурӯғ аст. Одамияти онҳо дурӯғ аст..».

Умедворем, бархе аз ҷавонони раҳгумзада аз пешрафтҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангиву динии кишвар пуштибонӣ карда, ба миллату Ватани худ хиёнатро раво намебинанд.

Муллоалӣ Алиев,

сармутахассиси Кумита