Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /home/din/www/includes/menu.inc).

“ҲИДОЯТ”-И НАҲЗАТ ВА ФОҶЕАИ МИЛЛАТ

Ҳамоно ба назар мерасад, ки бадхоҳони давлату миллат ва дину мазҳаб бо мақсади расидан ба ҳадафҳои нопоки худ динро суиистифода намуда, ба хотири манфиати худ номи кишвари азизамон ва номи поки исломро сиёҳ карданӣ мешаванд. Дар чанд ҳадафи охири нопоки худ ҳамеша роҳбарони наҳзатӣ гумон мекарданд, ки тасмимоти онҳо аз сӯи ҷомеаи Тоҷикистон пуштибонӣ меёбад ва онҳо ба гӯл задани мардум даст меёбанд.

Аммо ҳам ҳодисаи 4-уми сентябри соли 2015 ва ҳам чандин “ҳамоиш”-у “тазоҳурот”-и наҳзатиён нишон дод, ки онҳо як қувваи заифанд ва ин иқдомоташон танҳо ба хотири “ҳалол” кардани пули хоҷагонашон аст.

Новобаста аз он ки имрӯз ҷонибдорони ин ташкилоти экстремистию террористӣ ангуштшумор мебошанд, аммо ҳамоно мубориза бо ин раванд то решакан шудани он ногузир боқӣ мемонад. Зеро ин ҳизби террористӣ буд, ки бо шиорҳои авомфиреби худ босиси рехтани хуни 150 ҳазор ҳамватанони мо гардид. Ин ташкилоти террористӣ буд, ки бо “ҳидоят”-и бевоситаи он беш аз 500 нафар аз ҷавонони моро бо баҳонаи “ҷиҳод” ба сафи гурӯҳи иртиҷоии ба ном “Давлати исломӣ” ҷалб намуд. Наҳзатиёни хоин буданд, ки бо қатли бераҳмонаи сайёҳони хориҷӣ хостанд нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ коҳиш диҳанд... Фаъолиятҳои тахрибии ТЭТ ҲНИ аз ҷавонони мо бархӯрду муносибати хеле ҷиддиро тақозо мекунад, махсусан дар қарне, ки ҷараёнҳои алоҳидае аз қабили ТЭТ ҲНИ ба хотири расидан ба манофеи гурӯҳии худ омодаанд, аз баҳри ҳама чизи муқаддас гузаранд ва ҳама чизи муқаддасро абзори ҳадафҳои гурӯҳии худ қарор диҳанд. Ба қавли Иқболи Лоҳурӣ:

Ҷавоноиро бадомӯз аст ин аср,

Шаби Иблисро рӯз аст ин аср

Ба домонаш мисоли шӯъла печем,

Ки бенур асту бесӯз аст ин аср.

Зарнигор Раҳимова,

сармутахассиси  Кумита