Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /home/din/www/includes/menu.inc).

ТЭТ ҲНИ ВА “МУСУЛМОНИ ҲУҶҶАТДОР”-У “БЕҲУҶҶАТ”

Ҳамарӯза дар ҷомеаи муосир хоинону гумроҳон ва иддаи нохалафон барои паст задани шаъну шарафи инсонҳои соҳибмартаба, бадном кардани ин ё он шахсиятҳои маъруф ба паҳн намудани андешаҳои пастфитратона, содир намудани ҳар гуна фатвоҳои беасос ва халалдорсозии авзои ҷомеа, бадномсозии дини мубини ислом, тафриқаандозиву фитнагарӣ машғуланд. Эшон худро ҳамчун “ҳомии дин” нишон дода, амалҳои разилонаи хешро дар доираи арзишҳои олии динӣ амалӣ намуда истодаанд. Ба мисоли чунин бадфитратон аъзо ва пайравони ташкилоти ТЭТ  ҲНИ мебошанд. Аслан агар ба марҳилаҳои таърихии фаъолияти ин ташкилоти экстремистию террористӣ назар афканем, ҳанӯз аз рӯзҳои оғози фаъолияташ ин ташкилоти ҷиноӣ ба шеваи фатводиҳиву гумроҳсозии мардум, ба хосту диди кӯтаҳи хеш тарҷума ва паҳн кардани сураву оятҳои дини мубини ислом, тафриқаандозӣ байни мусумонон, ба фирқаҳо ҷудо намудани мусулмонон, яъне ба “мусулмони ҳуҷҷатдор” ва “беҳуҷҷат” ҷудо кардани мардуми Тоҷикистон, содир намудани ҳукмҳои манънамудаи Худованд, яъне мусулмон ё кофир будани мардум корбурд намуда, рӯирост аз дини мубини ислом сӯйистифода намуд. Оид ба чигунагии ба фирқаҳо ҷудо намудани мусулмонон, яъне ба “мусулмони ҳуҷҷатдор” ва “беҳуҷҷат” ҷудо кардани мардуми Тоҷикистон тавре огаҳӣ дорем, баъзе аз аъзову пайравони ин ташкилоти экстремистию террористӣ дар вақти фаъолияти ин ташкилот пасипардагӣ амал намуда, ба хотири гумроҳкунӣ, яъне аъзо шудан ба ТЭТ ҲНИ ба мардум муроҷиат менамуданд, ки “Агар шумо ба ҲНИТ аъзо нашавед, шумо мусулмон нестед, вақте ки шумо аъзои ҳизби мо шудед, мо ба шумо ҳуҷҷат медиҳем, ки аъзои ҳизби исломиед”.

Соли 2015 ҳангоми муроҷиатҳои пайдарпайи мардуми одӣ ба мақомоти давлатӣ, расонаву васоити ахбори омма оиди бо хоҳиши худ аз сафҳои ин ташкилоти террористӣ баромадан маълум гардид, ки иддае аз аъзоён оид ба аъзогии хеш ба ин ҳизб маълумот надоранд. 
Дигар ин, ки вобаста ба андешаи рӯирост аз дини мубини ислом сӯйистифода намудани аъзову пайравони ТЭТ «ҲНИТ» баръало маълум буд, ки солҳои қабл дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, ҷонибдорони ин ташкилоти террористӣ дар даромадгоҳҳои ҳавзаву участкаҳои интихоботӣ, ҷойҳои ҷамъиятӣ, назди хонаҳои раъйдиҳӣ ва ҳатто қуттиҳои варақапартоӣ гирд омада, ба мардум тарғиб менамуданд, ки “агар аз рӯихати варақаҳои овоздиҳӣ ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро хат занед, шумо кофир мешавед, зеро шумо дини Худованд - исломро хат задаед”. Ба чунин монанд аз амалҳои фитнагариву сӯйистифодакунии дини мубини ислом аз ҷониби аъзо ва пайравони ТЭТ ҲНИ мардуми шарафманди Тоҷикистон ба хубӣ огаҳ гардида, хушбахтона бо хоҳиши худ аз сафҳои ин ҳизби ихтилофангез баромаданд, ки дар натиҷа ташкилотҳои ибтидоии он дар минтақаҳои кишвар барҳам хӯрданд. Ин ва чанд омили дигар боиси аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баста шудани фаъолияти ҲНИТ гардид. Бо баробари баста шудани ин ҳизби ихтилофангез, ҳоло ҳам аъзову пайравони он пинҳониву ошкоро байни мардум фитнаангезиву тафриқаандозӣ намуда, ҷавононро бо андешаҳои разилонаи хеш мехоҳанд гумроҳ созанд. Дар ҷаҳони пешрафти техникаву технологияи муосири имрӯза наҳзатиёни хоин ба ҳар роҳу восита кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ андешаву фикри ҷавононро халалдор созанд. Бо вуҷуди он, ки аз сабаби сӯйистифодакунии номи дини мубини ислом ТЭТ «ҲНИТ»-ро Худо зад, ҳоло ҳам ин бешарафон аз фитнагарӣ даст накашидаанд. Аз ин рӯ, ҳар ҷавони соҳибақлу бомаърифатро зарур аст, ки ба фитнаҳои онҳо гӯш надиҳад, зеро Худо мефармояд:  “фитна бадтар аз қатл аст”.

Аҳлиддин Сайвалиев,

мутахассиси Кумита