Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /home/din/www/includes/menu.inc).

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАР-МАШВАРАТИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР КУМИТА

Имрӯз, 18-уми июн дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар-машварати ҷумҳуриявӣ бо ҷалби намояндагони ташкилотҳои динии ғайриисломии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор гардид. Дар кори семинар-машварат директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Баротзода Ф., муовини Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимзода Ф.К., муовини сардори Сарраёсати қонунгузории Вазорати адлия Холиқзода С., сардори раёсати иттиҳодияҳои динии Кумита Шокиров Ҳ.З., мудирони бахшҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ва намояндагони ташкилотҳои ғайриисломии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон, Исфара, Б.Ғафуров ва Мастчоҳи вилояти Суғд иштирок намуданд.
Рӯзномаи семинар-машваратро мавзӯҳое аз қабили шарҳу тавзеҳи моҳияти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар ҶТ”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом” ташкил дод.
Масъалаи тағийроту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”, татбиқи Стратегияи миллии муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020, Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин, таҳкими ваҳдати миллӣ ва таҳаммулпазирӣ байни динҳо, пешгирӣ аз фаъолияти тахрибкоронаи ҷараёнҳои ифротию террористӣ, суиистифода гардидани арзишҳои динӣ аз сӯи бархе аз ташкилотҳои ифротӣ низ дар ин ҷамъомад мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Сухани ифтитоҳиро муовини Раиси Кумита Олимзода Ф.К., оғоз намуда, вобаста ба Қонуни ҶТ “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар ҶТ”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, дастовардҳои даврони истиқлолият, муҳимияти таҳкими ваҳдати миллӣ, мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва гурӯҳҳои ифротӣ суханронӣ намуд. Инчунин қайд карда шуд, ки дар 28 соли соҳибистиқлолии кишвар дар ҷумҳурӣ теъдоди иттиҳодияҳои динӣ нисбат ба замони шӯравӣ ба маротиб афзуда, фаъолияти онҳо дар асоси қонунгузории амалкунанда ба низом дароварда шуд.
Вобаста ба масъалаи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом намояндаи Вазорати адлия Холиқзода С., баромад намуд..
Директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Баротзода Ф. дар навбати худ оид ба масъалаҳои гиромидошти Ваҳдати миллӣ, мубориза бо экстремизму терроризм ва хатарҳои он дар замони муосир, дар бораи фаъолияти иртиҷоии гурӯҳи ба ном ДИИШ, инчунин таҳаммулпазирӣ байни дини мубини ислом ва дини масеҳӣ суханронӣ намуд.
Сардори раёсти иттиҳодияҳои динии Кумита Шокиров Ҳ.З., дар навбати худ мақсад ва муҳтавои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”-ро шарҳ дода, доир ба масъалаи таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нисбат ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, баробарии ҳама дар назди қонун новобаста аз муносибат ба дин ва эътиқод, муносибатҳои байни давлат ва иттиҳодияҳои динӣ, инчунин вазъи ҳуқуқии иттиҳодияҳои динӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар намуд.
Дар идомаи семинар инчунин ходимони дини шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон ва калисои Русии-Православии шаҳри Хуҷанд дар мавзӯҳои “Тоҷикистон ҷонибдори аз ҷангу низоъҳо озод будани ҷаҳон аст”, “Ислом зидди терроризм”, “Дар бораи муқовимат ба экстремизму терроризм”, “Ҳуқуқи ғайримусулмонон дар ислом”, “Моҳияти дини мубини ислом – сулҳу ваҳдат”, “Таҳаммулпазирӣ байни динҳо”, “Нақши сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ”, “Аҳамияти амният ва суботи ҷомеа аз дидгоҳи Қуръон ва суннати набавӣ”, “Амният мақсаду мароми ҳамагон аст”, “Ваҳдати миллӣ – омили рушди фарҳанги миллӣ”, “Паёми Президент-раҳнамои миллат” суханронӣ намуданд.
Баъд аз баромадҳо саволу ҷавоб бо ходимони ташкилотҳои динии ғайриисломӣ ва иштироккунандагон сурат гирифт.
Баромадкунандагон ва иштирокдорон ба ҳамаи саволҳои додашуда дар асоси талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналмилалӣ посух доданд.
Дар охири кори семинар-машварат ба мудирони бахшҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои кишвар дастур дода шуд, то ҳамкориро бо ходимони дини исломӣ ва ташкилотҳои динии ғайриисломӣ ривоҷ дода, бо ҷалби онҳо дар минтақаҳои кишвар ҷамъомадҳо ташкил намоянд.