Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /home/din/www/includes/menu.inc).

ИШТИРОКИ РАИСИ КУМИТА ДАР СЕМИНАРИ “ВАҲДАТ-ОМИЛИ ЯГОНАГӢ ВА СУБОТИ ҶОМЕА” ДАР ВМКБ

16-уми июл Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода бо сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон сафар намуд. Дар доираи ин сафар Раиси Кумита имрӯз дар семинар-ҳамоиши “Ваҳдат-омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа”, ки дар мавзеи Гармчашмаи ноҳияи Ишкошим баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд. Дар семинари мазкур директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Баротзода, Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода ва ходимони дини дигар шаҳру навоҳии мамлакат низ иштирок намуданд. Раиси Кумита Сулаймон Давлатзода баргузории чунин ҳамоишро дар роҳи таҳкими ваҳдати миллӣ муҳим арзёбӣ намуд.

Дар доираи ин сафар, ки то охири ҳафтаи ҷорӣ идома меёбад, боздиди меҳмонон аз дигар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ дар назар дошта шудааст.