Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /home/din/www/includes/menu.inc).

САФАРИ НАХУСТИН ГУРӮҲИ ЗОИРОНИ ТОҶИК БАРОИ АДОИ МАНОСИКИ ҲАҶ

Имрӯз нахустин гурӯҳи 160- нафараи шаҳрвандони Тоҷикистон бо мақсади адои маносики ҳаҷ озими Шоҳигарии Арабистони Саудӣ гардид. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе зоиронро роҳбарияти Кумита, намояндагони сохторҳои дахлдор ва наздикону пайвандонашон гусел намуданд. Дар расми гусел Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода ва Сафири шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулазиз Муҳаммад ал-Бодӣ бо зоирон суҳбат намуда, онҳоро барояшон дар адои муваффақонаи маносики ҳаҷ муваффақият таманно намуданд.

Аз ҷумла, Раиси  Кумита Сулаймон Давлатзода бо таъкиди он, ки “Ҳар яки шумо ба манзалати сафир ва муаррификунандаи кишвари худ хоҳед буд” аз зоирон даъват намуд, то бо одобу рафтор ва тамкиини хос аз худ ва кишвари худ хабар диҳанд. С. Давлатзода дар идома иброз дошт, ки бо талошҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар ҳамасола барои таъмини шароити хубу арзанда барои зоирони тоҷик тадбирҳои судманд андешида мешавад ва чунин шароити арзанда имсол низ барои ҳаҷравандагон муҳайё гардидааст.

Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Абдулазиз Муҳаммад ал-Бодӣ бо ёдоварӣ аз сатҳи хуби муносибатҳои Тоҷикистону Арабистони Саудӣ таъкид намуд, ки кишвари мизбон барои дар сатҳи баланд ташкил ва баргузори намудани мавсими имсолаи ҳаҷ омодагии ҷиддӣ дидааст ва хизмат ба зоиронро шараф медонад.

Сафари зоирони тоҷик ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар назар аст, то даҳ рӯи дигар аз тариқи ширкатҳои ватании “Тоҷик-Эйр” ва “Сомон-Эйр” идома кунад.