Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /home/din/www/includes/menu.inc).

ДАР ПАРТАВИ ТАШАББУСҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. КУМИТА БА ТАРБИЯТГИРАНДАГОНИ МАКТАБ-ИНТЕРНАТИ ҚУБОДИЁН КУМАКИ МОДДӢ РАСОНИД

Дар партаври ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи соли нави хониш ва бахшида 28-умин солагарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони мактаб-интернати деҳаи Ҷангали ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон ба маблағи беш аз 10 ҳазор сомонӣ сару либоси мактабӣ ва асбоби хониш тақдим намуд.

Дар мактаб-интернати зикршуда дар маљмуъ 23 хонанда (19 писар ва 4 духтар) таҳсил менамоянд.

Мавриди зикр аст, ки санги асоси сохтмони бинои нави мактаб-парваришгоњи деҳаи Ҷангал аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои 264 ҷойи нишаст ва хобгоҳ барои 100 кати хоб гузошта шуда буд ва дар назар аст, он то охири соли ҷорӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад.

Зимнан, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарпарастии мактаб-интернати мазкурро ба уҳда дорад ва дар арафаи идҳои милливу мазҳабӣ ба тарбиятгирандагони он кумак менамояд.