Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /home/din/www/includes/menu.inc).

БАЪЗЕ АНДЕШАҲО ДОИР БА САФАРИ ШАҲРВАНДОН БА ҲАҶИ УМРА

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттилои шаҳрвандон мерасонад, ки вақтҳои охир бо истифода аз боварии мардум ашхоси манфиатхоҳ талош доранд, ки бо роҳҳои ғайрирасмӣ ҳамватанони моро барои адои маносики умра сафарбар намоянд.

Пешгирии ин ҳолатро бархе аз расонаҳои иттилоотӣ воқеъбинона инъикос накарда, ба таври иғвоаегезу моҷароҷӯёна паҳн намудаанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҳаҷи умра дар асоси муқаррароти қонунгузории Ҳукумати кишвар “Дар бораи тартиби сафари шаҳрвандон барои адои ҳаҷи умра” таҳти №802 аз 30 декабри соли 2015 амал мекунад, ки тибқи он Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдор муваззаф гардидааст, ки онро дар амал татбиқ созад.

Бо дарназардошти ин, аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хоҳиши анҷом додани маносики умраро доранд, даъват карда мешавад, ки аз имкониятҳои ширкатҳои ватанӣ истифода намоянд.

Ин ширкатҳо расман дар асоси иҷозатномаи мақоми ваколатдор фаъолият карда, уҳдадоранд, ки барои зоирон дар рафти анҷом додани сафари ҳаҷи умра тамоми шароитҳоро муҳайё сохта, имкониятҳои мусоиди будубоши онҳоро таъмин намоянд.

Абдуғаффор Юсуфов,

Сардори шуъбаи равобити байналмилалӣ ва ташкили ҳаҷи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

(рақами телефонҳои масъулин: 227-46-84, 988-20-6666)