Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /home/din/www/includes/menu.inc).

ОЗМУНИ ИНТИХОБИ РОҲБАЛАДОН БАРОИ МАВСИМИ “ҲАҶ-2020”

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати интихоби роҳбаладони мавсими «Ҳаҷ-2020» озмун эълон менамояд. Шартҳои озмун:

1. Огоҳии комил доштан аз аҳкоми маносики ҳаҷ;

2. Доштани малакаи хуби ташкилотчигиву муошират бо ҳоҷиён;

3. Ҷисман обутобёфта будан;

4. Дар шароити душвор кор карда тавонистан;

5. Донистани забони арабӣ ё англисӣ дар сатҳи муошират;

Дар озмуни роҳбаладони мавсими "Ҳаҷ-2020" нафарони синнашон аз 30 то 60-сола иштирок карда метавонанд. Ҳуҷҷатҳои лозима:

• Ариза ба номи раиси Кумита;

•Нусхаи шиноснома;

• Маълумотнома аз ҷойи истиқомат;

• Маълумотномаи тиббӣ (шакли 086);

• 2 адад акси 3х4 • Варақаи шахсӣ

• Тарҷумаи ҳол

Танҳо нафарони ба меъёрҳои зикршуда мувофиқбуда ба суҳбат даъват карда мешаванд. Хоҳишмандон метавонанд ҳуҷҷатҳои худро аз 05 март то 20 марти соли 2020 ба Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд. Нишонӣ: шаҳри Душанбе, кӯчаи Лоҳутӣ-14, Телефон: 223-12-58