ОРОМИВУ СУБОТИ МИЛЛӢ – МЕҲВАРИ ДАСТУРОТИ ДИНИ МУБИНИ ИСЛОМ

Дар низоми арзишҳои миллӣ ва маънавии дилхоҳ миллату давлати ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон волотару гаронарзиштар аз амнияту субот нест ва буда ҳам наметавонад. Агар барои сохтмони ягон бино унсури заруртарин таҳкурсии мустаҳками он бошад, барои вуҷуди як ҷомеа ва кишваре, ки ба ояндаи нек умед дорад ва кӯшишҳое дар ин ҷода мекунад, омили асосии пешрафт ва рифоҳи зиндагии мардуми он, бешубҳа, сулҳу субот ва амнияту оромӣ ба шумор меравад.

ПАЁМЕ, КИ ФАРАҲ ОРАД БА ДИЛҲО...

Паёми ҳарсолаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми олии қонунбарори кишвар, яъне Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  натанҳо барои масъулон ва кормандони ниҳодҳои давлатӣ, балки барои тамоми мардуми сарбаланди сарзамини офтобиямон муждаи неку фараҳбахш мебошад.

ПАЁМИ ПЕШВОРО ГӮШ ДОДАМ...

Қатори тоҷикони рӯи олам,

Паёми Пешворо гӯш додам.

Будам онгуна муштоқи паёмаш,

Ки гӯи гӯш буд кулли вуҷудам.

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ-ХАТАРЕ БА ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ

Дар ибтидои қарни XXI инсоният бо хатари ҷиддие, ки ба бақои одаму олам таҳдид менамояд, рӯбарӯ гаштааст, ки номи он терроризми байналмилалӣ мебошад. Албатта, сухани онҳое, ки мегӯянд, терроризм падидае аст, ки инсониятро дар тамомим тӯли таърихи мавҷудияташ ҳамроҳӣ намуда омадааст, беасос нест.

Pages