ТЭТ ҲНИ - ҲАМПАЙМОНУ ПУШТИБОНИ «ДИИШ»!

Ташаббусҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба аҳамияти об, саъю кӯшишҳои доимӣ баҳри некӯаҳволии мардуми шарафманду рушду нумӯи ҳамаҷонибаи диёри азизамон, таъмини сулҳу субот дар минтақа аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Созмони Милали Муттаҳид қадршиносӣ гаштаю дастгирӣ ёфта истодаанд.

«МУРҒЕ, КИ КАБИРӢ ЗЕРИ ДОМОН ДОРАД, КУРК АСТ…». МУЛОҲИЗАҲОИ КОРШИНОС РОҶЕЪ БА НИШАСТИ ДОРТМУНД, ҲАДАФҲОИ МУҒРИЗОНА ВА ҶОҲТАЛАБОНАИ РОҲБАРИ НОМУВАФФАҚИ НАҲЗАТИЁН

Ин маънии онро дорад, ки «муқтазои табиат»-и Кабирӣ чунин аст: ҳадафи асосии ӯ қудрат ва ҷоҳу ҷалол аст ва дар роҳи расидан ба ин ҳарду тайёр аст  супориши дилхоҳ хоҷагони аҷнабияшро ба ҷо биёрад ва на танҳо аз халқу Ватани худ, балки аз дину мазҳаб низ рӯ гардонад. Имрӯз ҳатто собиқ ҳаммаслаконаш ба ин чиз иқрор меварзанд. Тавре яке аз мухолифон Додоҷон Атовуллоев дар саҳифаи худ дар шабакаи Фейсбук навиштааст, барои Кабирӣ   «Ислом ҳоло дар тренд нест». Атовуллоев он эътилоферо, ки Кабирӣ мехоҳад  созмон диҳаду роҳбари он гардад ва дар он тамғаи «ислом» набошад,  ба мурғ ташбеҳ додааст. Кабирӣ гумон мекунад, ки  ин мурғ тиллоист ва ӯро хушбахт мегардонад, барои ин мехоҳад бо ҳар роҳ онро ба дом андозад. Вале он мурғ мурғи курк аст, яъне мокиёне, ки тухм намедиҳад.

ИҚДОМҲОИ БЕНАЗИРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОҲАИ ДИН

Аз замони ба даст овардани истиқлоқлолият то ба имрӯз бисту ҳафт сол сипарӣ шуда истодааст. Дар ин муддат миллати сарбаланди тоҷик зери сарварии Пешвои худ дар оромию осоиш ва амну субот зиндагӣ дорад.

«ИТТИҲОД»-И ҚИЁМИДДИНИ ҒОЗӢ БА МИЛЛАТ ЧӢ ДОД?

Дар филми мустанад дида мешавад, ки Қиёмиддини Ғозӣ дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта бо як шуру эҳсосот дар минбари майдони «ШАҲИДОН» наъра кашида, мардуми ба дом афтодаро ба ким кадом «ИТТИҲОД» даъват мекунад. Қиёмиддини Ғозӣ баландгӯякро дар як дасташ дошта, дасти дигарашро мебардораду «ИТТИҲОД», «ИТТИҲОД» мегӯяду ҷор меандозад…

Сайт

Ха
0% (0 votes)
Не
0% (0 votes)
Total votes: 0

Pages